Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии IQ (қобилияти зеҳнӣ ё ченаки ақл) аз миёни 127 кишвар бо натиҷаи 93,75 хол дар ҷои 96-ум қарор гирифт. Ҷои аввалро Чин бо нишондиҳандаи 107,43 ишғол кард.
Маълумот дар бораи IQ-и миёна дар кишварҳои гуногуни ҷаҳонро маркази феҳристи байналмилалии IQ нашр кард.
Ба иттилои манбаъ, тадқиқот дар асоси маълумоти 1 млн 393 ҳазору 66 нафар аз тамоми ҷаҳон таҳия шуда, ҳама як санҷиши IQ-ро дар соли 2024 гузаштаанд. Бинобар нарасидани маълумот баъзе кишварҳо ба ин рӯйхат шомил нашудаанд.
Натиҷаҳои умумӣ ва мавқеи Тоҷикистон
Рейтинги IQ ҳар сол 1 январ, дар асоси маълумоти соли гузашта, нав мешавад.
"IQ-и миёна дар кишварҳо одатан дар Осиёи Шарқӣ баландтар аст. Дар Аврупо, Осиёи Ғарбӣ, Ққисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, Амрикои Шимолӣ ва Африқои Шимолӣ ба миёна наздик аст. Дар Африқои Марказӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Амрикои Лотинӣ аз миёна пасттар аст", – зикр мекунанд таҳқиқгарон.
Аз Тоҷикистон 422 нафар дар санҷиш иштирок кардаанд. Дар соли гузашта нишондиҳанда 92,1 буд, яъне дар соли гузашта 1,65 балл афзудааст.
IQ (қобилияти зеҳнӣ ё ченаки ақл) – ин арзёбии миқдории сатҳи идрок ё зеҳни инсон мебошад.
Дар сегонаи пешсафон Чин (107,43), Эрон (106,63) ва Кореяи Ҷанубӣ (106,57) ҷой гирифтанд. Ҷои охиринро Габон бо нишондиҳандаи 85,56 хол ишғол кард.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷои 66-ум (97,27), Ӯзбекистон дар ҷои 69-ум (96,98), Қирғизистон дар ҷои 84-ум (95) қарор гирифтанд. Дар бораи Туркманистон маълумот мавҷуд нест.
IQ-и миёнаи ҷаҳон – 100.
Чаро IQ-и миёна дар аксар кишварҳо аз 100 поёнтар аст?
Ба гуфтаи таҳягарони рейтинг яке аз сабабҳои асосӣ дар Чин аст, ки тақрибан 18% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Чин бо нишондиҳандаи баланд ва аҳолии зиёд кишварҳои дорои IQ-и миёнаи пасттарро мувозинат мекунад.
Ба гуфтаи таҳиягарон, яке аз омилҳои таъсиррасон ба сатҳи IQ дар кишварҳо ин бемориҳои сироятӣ аст. Яъне кишварҳои дорои сатҳи баланди бемориҳои сироятӣ, мисли Африқо, одатан аҳолии дорои IQ-и пасттар доранд. Ин бемориҳо метавонанд ба рушди маърифатии инсон таъсири манфӣ расонанд. Африка яке аз қитъаҳоест, ки бештар аз бемориҳои сироятӣ зарар дидааст.
Инчунин, ғизои солим низ дар баланд гардидани IQ таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, кишварҳое, ки одатҳои ғизоии хуб (ва сатҳи пасти камбизоатӣ) доранд, одатан IQ-и миёнаи баландтар доранд.
Бозии шоҳмот ва омӯзиши ду ё зиёда забонҳо низ метавонанд ба баландшавии IQ мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, машғулиятҳои мунтазами таҳрикдиҳандаи зеҳнӣ дар фарҳанги кишвар ба баланд шудани сатҳи миёнаи IQ мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин, IQ дар 50–80% вобаста ба генетика аст.
То чӣ андоза ин рейтинг боэътимод аст?
Ҳамаи довталабон тестҳои байналмилалии IQ-ро дар ҳамин сомона супоридаанд. Он бар асоси техникаи матритсаҳои Равен таҳия шудааст, ки бе табъизи фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Матритсаҳои пешрафтаи Равен – ин тестест, ки барои чен кардани сатҳи умумии зеҳни инсон ва тафаккури абстрактӣ истифода мешавад. Ин яке аз тестҳои маъмултарини зеҳнӣ мебошад, ки барои гурӯҳҳо ва инчунин шахсони алоҳида аз синни 5-солагӣ пешниҳод карда мешавад. Он аз 60 саволи гуногун иборат аст, ки бо афзоиши дараҷаи душворӣ ҷойгир шудаанд.
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд
Идомаи тағйироти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру ноҳия ва ду кумита дигар шуданд
Вазорати тандурустӣ гуфт, “Мета Пневмовирус” дар Тоҷикистон сабт нашудааст
Сафар ба Амрико, пули зиёд, бахти сафед ба духтарон… Сокинон аз соли 2025 чӣ интизоранд?
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳои боркаш пурзӯр шуд
Беш аз 39 млн рубли муҳоҷиронро баргардониданд. Намояндагии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, шартномаи меҳнатӣ банданд
Аз 1 январ иҷораи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон гарон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Овози тӯлаи сагҳо дар шиками модар”
Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон бо гумони қочоқи 23 гов ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста