Пагоҳ, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд ва масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ мекунанд.
Хабаргузории "Kaktus.media"-и Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирони ин кишвар хабар додааст, ки мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Мушаххас гуфта нашудааст, ки ин минтақа дар куҷо аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни раисҷумҳурҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон солҳост бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба аломатгузории сарҳад баҳси марзӣ дорад. Соли гузашта баҳси марзии ин ду кишвар ҳал шуд. Ҳоло Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арафаи ҳалли мушкилоти марзӣ қарор доранд.
Ин ду кишвар рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ надоданд.
Ҳарду кишвар ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд. Вале ҷузъиёти тавофуқи ҳосилшударо ошкор накарданд.
Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон дар як суҳбаташ гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста