Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress хабар додааст.
Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорони дар бораи таъин ва аломатгузории марз байни ду кишвар гуфтааст, ки айни ҳол наметавонад ҷузъиёти созишномаҳои бадастомадаро бо ҷониби Тоҷикистон ошкор кунад.
"Ҳоло таҳияи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо идома дорад. Умедворам, ки онҳоро дар моҳи январ ба парлумон пешниҳод мекунем ва дар он ҷо санадро ошкоро ва озодона муҳокима хоҳем кард. Ҳамон вақт маълум мешавад, ки кадом қитъаҳои марзӣ бо кадом шакл тақсим шудаанд", – гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Ташиев, ҳоло муҳимтарин масъала ин аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ба созиш расиданд, бо ҳам забон ёфтанд ва мушкилоти сарҳадиро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуданд.
"Мушкилоти ҳалнашудаи сарҳадӣ вуҷуд доштанд, ки сабаби низоъҳо ва мушкилоти зиёд мешуданд. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама дигар пушти сар мондааст," – изҳор доштааст ӯ.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи тавофуқи басдастомада ва шарту шароити ҳосилшуда дар бораи марз бо Қирғизистон иттилое надодааст.
Ҳарчанд ҳафтаи гузашта Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.
Тоҷикистон ба Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ наддоданд.
Дар як наворе, ки баъди ба тавофуқ расидани ҷонибҳо нашр шуд, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд.
Ҳамчунин, онҳо гуфтанд, ки ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.
Рӯзи 13-уми декабр Содир Ҷабборов дар мусоҳибаи худ бо расонаи “Кабар” гуфт, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд ва ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст, бояд усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад.
Вай афзуд, пас аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам боз хоҳанд шуд. Ин гузаргоҳҳо аз соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона, бастаанд.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд.
Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кӯдак бар сари новдон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста