Субҳон Шодиев Директори генералии нави Лигаи футболи Тоҷикистон таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини директори генералии лига ифои вазифа мекард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

Субҳон Шодиев дар мувофиқа бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуд.

Роҳбари пешинаи Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Донёрзода, ки дар Конгресси охири ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти Федератсия интихоб шуд, акнун ба кори Лигаи футболи Тоҷикистон масъул хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 декабр дар конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бори чорум - то соли 2028 раиси Федератсия интихоб шуд.

Хуршед Мирзо ноиби аввал, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов - ноибони дигари президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ғайр аз ин, дар конгресс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроия ба ҷуз президент ва чор муовини ӯ, ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Ахтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷаҳон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомиланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.