ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ФЕВРАЛ
Соли 2005 – Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1” таъсис ёфт.
Соли 2010 – Байни Тоҷикистон ва Эрон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расид.
Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” ба фаъолият оғоз намуд, ки бори аввал дар Тоҷикистон ба бандубасти автобусҳои тамғаи “AKIA” пардохт. Корхонаи муштарак бо ширкати туркии “AKIA” бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.
Соли 2019 – Бақайдгирии дубораи симкортҳо ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 оғоз гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1887 – Зодрӯзи Сайидризо Ализода, рӯзноманигор, мутарҷим, забоншинос ва омӯзгори тоҷик.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D1%81%D0%B0%D0%B9%D0%B8%D0%B4%D1%80%D0%B8%D0%B7%D0%BE%20%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D0%B0.jpg)
Саидризо Ализода шахсияти таърихӣ ва адиби тоҷик буд, ки дар таърих бо фаъолияти илмиву адабӣ ва сиёсии худ номаш сабт гардидааст. Ӯ бо ибтикори шахсӣ маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”-ро таъсис дод, ки дар он мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда дошта мавриди муҳокима қарор мегирифтанд.
Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. “Дабистони тоҷик”, “Китоби нахустин”, “Сарфу наҳви тоҷикӣ”, “Маданияти ислом”, “Саодатнома” аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар солҳои 1919-21 Саидризо Ализода котиби Кумитаи ҳизбии Самарқанд буд. Аммо бо ҷурми “ҷосуси империализми ҷаҳонӣ” дар зиндони Шӯравӣ ба ҳалокат расид.
Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Чаро? Дар ин пайванд мутолиа кунед.
Соли 1930 – Мавлуди Зоҳир Аҳрорӣ, адабиётшинос, шарқшиноси тоҷик.
Зоҳир Аҳрорӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, дар соҳаи адабиёт ва шарқшиносӣ фаъолияти илмӣ анҷом додааст. Ӯ ба унвони ходими илмӣ ва муҳаққиқ дар муассисаҳои гуногуни илмию таълимии Тоҷикистон, аз ҷумла Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ фаъолият кардааст. Ӯ дар бораи адабиёти тоҷик ва шарқ таълифот ва тадқиқоти зиёд анҷом додааст.
Ӯ матни интиқодии “Шоҳнома”-и Фирдавсиро таълифу тадвин кардааст. Таҳияи “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома” ва “Андарзнома”-и Фирдавсӣ” низ аз ҷумлаи хизматҳои арзандаи Аҳрорӣ маҳсуб меёбанд.
Соли 1937 – Зодрӯзи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, рӯзноманигори тоҷик.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D0%BC%D0%B0%D0%B7%D2%B3%D0%B0%D0%B1%D1%88%D0%BE%D2%B3.jpg)
Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев хатмкардаи шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва факултаи журналистикаи Академияи илмҳои ҷомеашиносии шаҳри Маскав аст.
Солҳо дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 1986 то соли 1995 сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” буд.
Солҳои 1996-1998 бошад, ёвари Президенти Тоҷикистон буд. Солҳои 2002-2004 коршиноси сиёсӣ дар намояндагии созмони Интернюс-NETWORK дар Тоҷикистон ва ноиби продюссери барномаи телевизионҳои мустақили кишварҳои Осиёи Марказӣ – “Осиёи Кушода” буд.
Ӯ яке аз созмондиҳандагони Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ буда, 14 октябри соли 1999 дар Анҷумани муассисони ин Бунёд узви Раёсат ва аз соли 2002 Раиси Бунёди забони тоҷикии форсӣ интихоб шуд.
Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев 28 ноябри соли 2004 дар синни 67 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, ва дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Соли 1946 – Мавлуди Саттор Турсун, нависанда ва тарҷумони тоҷик.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D1%81%D0%B0%D1%82%D1%82%D0%BE%D1%80%20%D1%82%D1%83%D1%80%D1%81%D1%83%D0%BD.jpg)
Ӯ соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуд ва муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.
Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.
Ӯ миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Барф ҳам мегузарад”, “Се рӯзи як баҳор” маъруф аст.
Саттор Турсун 5-уми июни соли 2023 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро аҳли зиё талафоти бузург унвон доданд.
Соли 1947 – Мавлуди Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D0%98%D1%81%D1%84%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D0%B8%D1%91%D1%80%20%D2%92%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%BC%D0%BE%D0%B2.jpg)
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди ошнои синамову театри тоҷик, дирӯз, 15-уми феврал ба синни 76 қадам гузошт. Ӯ соли 1947 таваллуд шуда, риштаи ҳунарҳои зеборо дар Донишкадаи санъати театриии Русия (ГИТИС) хатм кардааст.
Мавсуф бештар дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридааст ва аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки дар берун аз Тоҷикистон маъруфият дорад.
Ӯ дар беш аз 50 филми хориҷӣ нақш офаридааст, ки миёни онҳо нақшҳои марказӣ ҳам кам набудаанд.
Исфандиёр Ғуломов дар мусоҳибае бо Азия-Плюс аз рӯзгори имрӯза, чуну чарои театру синамо, мавҷудияти сензура ва қадрдонии ҳунармандон ҳарф задааст, ки дар маводи Исфандиёр Ғуломов: “Солҳост, ки вазири фарҳангро дар театр надидаам” мутолиа кунед.
Соли 1945 – Зодрӯзи Рамазон Мирзоев, ходими давлатӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия ва Эрон.
Рамазон Мирзоев хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буда, аз соли 1975 то соли 1978 дар проектҳои сохтмонии Афғонистон фаъолият доштааст. Соли 1979 муовини вазири сохтмони кишоварзӣ таъйин гардид. Аз соли 1989 то 1992 депутати мардумии Парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ӯ 18 январи соли 1995 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъин шуд. Моҳи октябри соли 2001 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин гардид.
Соли 1948 – Зодрӯзи Анвар Бобоҷонов, таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1953 – Мавлуди Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 1998 – Зодрӯзи Мадина Ақназарова, овозхони тоҷик.
Мадина Акназарова, ки волидонаш зодаи Бадахшон мебошанд, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуда, баъди хатм таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дод. Мадина Акназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик бори аввал баромад кард ва бо иҷрову сабки ғайриодӣ ва овози вижа зуд дар дили мухлисон ҷо гирифт.
“Арӯсу шаҳ зебанда”, “Бирақсем”, “Сайри Бадахшон”, “Ту будӣ”, “Ёд мекунӣ”, “Дидам нигори худро”, “Кабкаки маст аз таронаҳои маъруфи Мадина маҳсуб меёбанд.
Соли 1999 – Абдулхайр Қосимов, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2004 – Шокир Мухторов, забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори саратон ё Рӯзи мубориза бо саратони кӯдакон таҷлил мешавад. Ин сана соли 2001 бо ташаббуси Конфедератсияи ҷаҳонии волидони кӯдакони гирифтори саратон ба тақвим ворид гардидааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D1%81%D0%B0%D1%80%D0%B0%D1%82%D0%BE%D0%BD%D0%B8%20%D0%BA%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%BA.jpg)
Соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамшираҳои ҷарроҳӣ иди касбии худро эълон кард, ки тибқи он ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии ҳамшираи ҷарроҳӣ таҷлил мешавад. Бовар меравад, ки ин касб соли 1891 пайдо шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D2%B3%D0%B0%D0%BC%D1%88%D0%B8%D1%80%D0%B0%D0%B8%20%D2%B7%D0%B0%D1%80%D1%80%D0%BE%D2%B3%D3%A3.jpg)
Рӯзи 15-уми феврали соли 1989 хуруҷи пурраи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ба поён расид. Моҳи октябри соли 1979 муассиси Ҳизби халқии демократии Афғонистон Нурмуҳаммад Таракӣ аз қудрат дур ва кушта шуд.
Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ расман қарор кард, ки нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шаванд ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон кумаки низомӣ расонад. 25 декабри 1979 нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D1%85%D1%83%D1%80%D1%83%D2%B7%20%D0%B0%D0%B7%20%D0%B0%D1%84%D2%93%D0%BE%D0%BD%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD.jpg)
4 апрели соли 1988 Созишномаи муштараки шӯравию амрикоӣ “Дар бораи ҳамоҳангсозии ҳалли вазъияти марбут ба Афғонистон” ба имзо расид, ки тибқи он, нерӯҳои Шӯравӣ бояд то 15 феврали соли 1989 қаламрави Афғонистонро пурра тарк мекарданд. Ин қарор аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.
Соли 1947 дар Иттиҳоди шуравӣ никоҳи шаҳрвандони шӯравӣ бо хориҷиён расман манъ карда шуд. Ҳукумати Шӯравӣ на танҳо бастани никоҳ бо хориҷиёнро манъ кард, балки издивоҷҳои қаблан анҷомшударо низ беэътибор эълон намуд.
Ҷазо барои вайрон кардани ин фармон тибқи моддаи 58-и Кодекси ҷиноӣ ҳукми зиндон муайян гардид. Соли 1969 Кодекси оилавӣ бознигарӣ шуд ва шаҳрвандони шӯравӣ расман иҷозаи издивоҷ бо хориҷиёнро пайдо карданд, вале дар амал ин гуна никоҳҳо истиқбол намешуданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345816/%D0%BD%D0%B8%D0%BA%D0%BE%D2%B3%20%D0%B1%D0%BE%20%D1%85%D0%BE%D1%80%D0%B8%D2%B7%D0%B8%D1%91%D0%BD.jpg)
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона аз 6+11º то 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона аз 8+13º гарм то 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-35º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Аз 8 то 20 соли зиндон. Беш аз 30 нафар бо иттиҳоми қасди акти террористӣ дар Ваҳдат зиндонӣ шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста