Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 5-уми июн, дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. “Азия-Плюс” имрӯз аз аҳли зиёи кишвар дар бораи эҷоду рӯзгори пуштисаркардаи нависандаи маъруф пурсон шуд.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки Саттор Турсон пас аз бузургони насри тоҷик Пӯлод Толис, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, ки шоҳкориҳо меофариданд, ба саҳнаи адабиёт омад ва тавонист, ки мавқеъи худро пайдо кунад ва мактаби эҷодияшро ба мерос монад.
“Саттор Турсун бо қалами хосаш ба майдони наср омад. Насри равоншиносӣ, ки пештар дар мо пайдо шуда буд, маҳз марҳум амиқтар омӯхт ва ба ин самт машғул шуд. Аз қисса сар карда то асарҳои бузургҳаҷмаш ҳама насри омехтаи реализму рамантизм буд ва дар ин ҷойгоҳ Саттор Турсун мақоми баландро соҳиб шуд. Ҳикояҳои “Аз субҳ то шом”, “Падар”, “Обдорӣ” ва “Думбура”-и ин нависанда баробари повест арзиш доранд ва дар таърихи адабиёти навини тоҷик мондагор аст”, - мегӯяд Низом Қосим.
Ӯ меафзояд, ки “Саттор Турсун бозёфти устод Мирзо Турсунзод ва Убайд Раҷаб буд ва аз мактаби ин ду адиби забардаст гузашта, дар адабиёти навини тоҷик шинохта шуд. Дар наср нигоҳи тоза дошт ва ҳар чизе, ки навишт, пайванд бо ҳаёти иҷтимоӣ буд. Бо ин вуҷуд, тасвирҳои бадеии зебо дошт ва ҳама навиштаҳояш ба равони хонанда таъсиргузор боқӣ хоҳад монд”.

Низом Қосим таъкид мекунад, ки Саттор Турсун дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам мавқеи баланд дошт ва барои таҳриру такмили асарҳои нав дар маҷаллаи “Садои Шарқ” саҳми бориз гузошт.
Рустам Ваҳҳобзода, адиб ва сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ин назар аст, ки Саттор Турсун замони сардабириаш дар маҷалла ба баҳсҳои адабӣ замина гузошта, озоди ақида ва афкорро таъмин карда буд.
“Саттор Турсун барои истеъдодҳои ҷавон майдони адабӣ фароҳам овард. Замоне ки дар наср ҷараёнҳои тоза пайдо шуд ва нависандагони ҷавоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзод ва Муҳаммадраҳими Сайдар дар навиштаҳояшон аз насри воқеъбинона ва баргирифта аз ҳаёти иҷтимоии ҷомеа истифода мекарданд, Саттор Турсун ба онҳо минбар дод”, - гуфт Рустам Ваҳҳобзода.
Ба қавли Рустам Ваҳҳобзода, сабк ва забони равони навиштаҳои худи Саттор Турсун ва осори таҳрирнамудаи ӯ комилан мутобиқ ба меъёрҳои забони тоҷик буд.
Ваҳҳобзода таъкид мекунад, ки нисбат ба наср ва шеваҳои нигориш Саттор Турсун назари васеъ дошт ва то охир ба мактаби воқеъбинона содиқ монд.
Ҳам Низом Қосим ва ҳам Рустам Ваҳҳобзода зикр мекунанд, ки Саттор Турсун нависандаи ошкорбаён, воқеъбин ва ҳамеша дар андешаи адабиёт буд. Ҳар чӣ мегуфт, агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт.
Ёдовар мешавем, ки Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дирӯз, 5-уми июн, аз олам чашм пӯшид. Ӯро имрӯз дар Оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.
Дар бораи рӯзгору эҷодиёти Саттор Турсун аз матлаби зерини мо маълумоти бештар пайдо кунед.




"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста