Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз, 15-уми феврал 74-сола шуд. Вақте ба табрики Саттор Турсун рафтем, бо ҳамон салобату шаҳомати ба худаш хос ва омирона, аммо хеле самимӣ моро ба хона даъват намуд. Мехостем, ки бо ӯ суҳбати кӯтоҳе анҷом диҳем, аммо чӣ тавр сипарӣ шудани се соатро ҳатто пай набурдем.
Дар поён фишурдаи ин суҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Ҳадафи ба адабиёт омадани шумо чӣ буд ва оё ба он расидед?
- Медонед, ҳамааш аз як навиштае дар газетаи деворӣ оғоз ёфт. Дар факултаи шақшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Рӯзе чашмам ба навиштае дар газетаи деворӣ афтод. Онро хондам. Дар назди он як нафари дигар меистод. Он нафар фикри маро дар бораи навишта пурсид. Гуфтам, ки писандам наомад ва бемаънӣ аст. Он шахс муаллифи навишта будааст. Бо ранҷурӣ ба ман нигариста, гуфт, ки аввал худат чизе навис, баъд навиштаи дигаронро баҳо деҳ.
Пас аз ин суҳбат ҳикояи “Шабе дар роҳ”-ро навистам ва дар рӯзномае нашр кардам. Мехостам ба худ собит намоям, ки ман ҳам навишта метавонам. Баъдан боз чанд ҳикояи дигар навиштам. Рӯзе маро назди устод Мирзо Турсунзода даъват карданд. Устод пас аз мулоқот маро ба “Садои Шарқ” ба кор даъват карданд. Ҳамин тавр, ман ба адабиёт роҳ ёфтам.
Аммо дар оғоз ҳадафи мушаххасе набуд. Навиштан бароям писанд буд ва ҳамчунин, ҳаққи қалами хуб ҳам мегирифтам. Баъд ҳадаф муайян гардид. Агар дар умум гӯям, ҳамаи навиштаҳои ман барои ахлоқи ҷомеа аст.
Аммо як нуктаро бояд донист. Ҳеч як нависанда, ҳатто бузургтарин нависандаҳо ба ҳадафи ниҳоии худ нарасидаанд. Агар адибон ба ҳадафи ниҳоӣ худ мерасиданд, ҷаҳон дигар мешуд ва адабиёт аз байн мерафт.
- Бо мутолиаи асаре метавон ба хислату ҳолати нависанда баҳо дод?
- Албатта, зеро асари офаридашуда фарзанди қаламкаш аст. Тамоми хислату табиати нависанда дар навиштаҳояш акс меёбад. Дар образе, ки офарида мешавад, хоҳем нахоҳем хислати муаллиф низ таҷассум меёбад. Ин ба маънои он нест, ки офарандаи образи манфӣ худ шахси бад аст. Нависанда ҳар тавре, ки неку бадро фарқ кунад, дар асари худ онро ҳамон тавр инъикос мекунад. Яъне он хислате, ки дар назари нависанда бад менамояд, онро манфӣ тасвир мекунад, ҳар хислат ё образе, ки хуб менамояд, онро мусбат инъикос мекунад. Баъзан мешавад, ки дар назари як нафари дигар он хислату образе, ки нависандае манфӣ нишон додааст, хуб менамояд. Баъзан баръакс.
Вақте табиати нависанда мураккаб аст, ӯ бештар образҳои мураккаб меофарад. Аз ин сабаб нависанда бояд ҷаҳонро, одамонро, хислати онҳоро омӯзад ва дуруст дарк карда тавонад.
- Чӣ гуна метавон нависандаи хуб шуд?
- Пеш аз ҳама истеъдод бояд дошт. Ин муҳим аст. Аммо бо як истеъдоди худодод намешавад, ки нависандаи хуб шуд. Нависанда бояд зиёд мутолиа намояд, балки ҳамеша мутолиа намояд. Нависанда бояд ҳассос бошад. Нишоту ғами инсонҳо, ҷомеаро бояд дарку эҳсос карда тавонад. Ӯ худро дар ҷойи дигарон тасаввур карда тавонад. Ботини пок ва дунёи рангин дошта бошад. Дар чунин ҳолат ӯ асари хуб меофарад.
Вақте чизе навистан мехоҳад, бояд тамоми истеъдоду маҳорати худро сарф намояд. Дар чунин ҳолат ҳар нависанда аз худ қонеъ мегардад. Агар муваффақ ҳам нашавад, назди виҷдони худ пок аст, чун ӯ тамоми қувваи худро сарф кард.
Аммо дар қуллаи шуҳрат набояд мағрур шавад.
- Шумо дар ду муҳит – замони шӯравӣ ва давраи истиқлолият эҷод карддед. Кадоме барои эҷод мувофиқтар буд?
- Имрӯз шароит ва имконият бисёр шудааст, ҳама озод аст. Аммо ба адабиёт таваҷҷуҳ кам шудааст. Аксар ба тиҷорату сарватғундорӣ машғуланд ва парвои адабиётро надоранд. Муҳити адабӣ ҳам, мисле ки замони шӯравӣ буд, нест. Илҳом намеояд. Барои он ки хонанда кам шудааст. Барои кӣ менависем? Аксари мағозаҳои китоб тарабхонаву мағоза шудаанд.
Зиёиёни имрӯзи мо мисли зиёиёни замони шӯравӣ нестанд. Он замон зиёӣ нуфузу обрӯ дошт. Аммо имрӯз зиёиёни мо ба корҳои кӯчак овораанд. Зеро дар умум, ахлоқи ҷомеа вайрон шудааст. Ба хонаи аксар одамон вақте меравам, як ҷевони хурди китобро намебинам. Зеро арзишҳо дигар шудааст.
Шояд баъзеҳо гӯянд, ки дар замони шӯравӣ назорат шадид ва сензура буд. Дуруст, баъзе камбудиҳо буданд, аммо имрӯз ба хулосае омадам, ки сензура бояд бошад. Ҳама навиштаҳои бемаъние, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ҳаст, аз набудани назорат аст.
Сензура пеш аз ҳама дар ниҳоди нависанда бояд бошад. Ӯ он чизеро, ки гуфтанаш муҳим нест, беҳтараш нагӯяд.
Сензура як паҳлӯи хуб ҳам дошт. Нависанда роҳҳои нав ва мураккаби баёни андешаашро меҷӯяд. Ҳунари нависанда сайқал меёбад.
Замоне ки сензура буд, асарҳои бузург, оламшумул офарида шуданд. Имрӯз сензура нест, аммо куҷост асарҳои хуб?
- Гуфтед, ки илҳом намеояд. Чаро?
- Дар муҳтоҷӣ чизе офарида намешавад. Ман худро дар назар надорам, дар умум, муҳитро мегӯям. Агар одам муҳтоҷ бошад, чизе офарида наметавонад. Вақте эҷодкор ҳаққи қалами хуб намегирад, зиндагии хуб надорад, чӣ гуна ӯ асари хуб офарад?
- Дар чунин ҳолат ба нависандаҳои ҷавон умед бастан мумкин аст?
- Ман чанд ҷавонеро медонам, ки истеъдоду қалами хуб доштанд, аммо аз тангии зиндагӣ ҳамаро партофтанду рафтанд ба муҳоҷират. Вақте нависандаи ҷавон хона надошта бошанд, зиндагиаш пеш наравад, чӣ гуна эҷод мекунад?
Ин бисёр ташвишовар аст. Вақте насли ҷавон аз ҳама дилмонда мегардад. Давлат бояд онҳоро дастгирӣ намояд, барояшон шароити муносиб фароҳам орад.
Давлати мо хурд, аҳолиаш ҳам кам аст. Аз ин сабаб рушди адабиёт ва санъат барои мо муҳим аст. Давлатҳои бузург имконияти зиёд доранд, вале мо танҳо бо адабиёт ва санъат метавонем худро муаррифӣ намоем ва зинда монем.
Мардумро бояд китобхон кард. Ин корро давлат бояд кунад. Агар мардумро китобхон накунем, ояндаи мо норӯшан мемонад.
- Чаро ба ин аҳвол гирифтор шудем?
- Як мисол меорам. Солҳои шӯравӣ ҷашни бузургони адабиёт бо тантана ҷашн гирифта мешуд, тариқи телевизион намоиш дода мешуд. Ҷавонон медиданду орзу мекарданд, ки мисли онҳо шаванд. Аммо имрӯз чӣ?
Нависандагони ҷавони мо имрӯз аз 50-60-сола болоянд. Вақте зиндагиашон пеш намеравад, онҳо ҳам имрӯз пагоҳ мепартоянду мераванд.
- Метавон инро “буҳрони адабиёт” номид?
- Вазъият ҳоло он қадар буҳронӣ нест, чун чанд нафар ҳастанд. Ман аз оянда нигаронам. Агар мо имрӯз роҳи ҳалро наёбем, ояндаи тира ва буҳрони воқеӣ моро интизор аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста