Худо раҳмат кунад, Сайидризо Ализодаи шаҳидро, эшон бо ибтикори шахсӣ ва бо ҳазинаи худ маҷаллаи "Шуълаи инқилоб"-ро таъсис дода буданд, ин нашрияи пурфурӯғ то 91 шумора, то он даме ки устод Ализода тавони молии нашрашро доштанд, ба табъ расид. "Шуълаи инқилоб" дар ҳамон давра баройи қавми мо -- тоҷикон, “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва ё “Тоҷикон”-и адемик Бобоҷон Ғафуровро мемонд. Ёдат ба хайр, эй қаҳрамони мо, ки чун Ҳабиби Юсуфӣ дар лаб номи Ватан ҷон нисор кардӣ...
Обид Шукурзода
Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд.
Таърихи матбуоти тоҷик аз рӯзҳои аввали дар майдони сухан арзи вуҷуд намуданаш пур аз муаммову кушторҳои фаҷеъ будааст. Тақдири асосгузорони он - Садриддин Айнӣ, Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёри дигар шоҳидон гӯёи воқеоти он солҳо мебошад. Қиссаи мо аз сарнавишти талхи яке аз онҳост.
Самарқанди аввали асри бист. Гузари Чорсу. Солиёни дароз ба яке аз ҳавлиҳои он ҳиндуву эронӣ, русу тотор ва ғайра даробаро мекарданд. Меҳмонҳои миллатҳои гуногунро донишу фазл, меҳмондорию тараққихоҳӣ ва забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода ҷалбу мафтун карда буд ва онҳо аз ҳар сафари худ барои ӯ китобу маҷаллаву рӯзнома дастовез меоварданд. "Ҳаблулматин", "Тарҷумон", "Чеҳранамо", "Вақт" ва "Шӯро" мавриди қироату баҳси аҳли нишаст буд.
Мирмаъсуми косиб забонҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндуро хуб медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, пасон ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад. Ба шаҳодати шодравон Раҳим Ҳошим, ки хеши наздики хонадони Ализода буд, Саидризои навҷавон дар гузари худ мактаби ҷадид мекушояд ва бо амри ҳукуматдорони рус амири Бухоро соли 1912 онро мебандад.
Дар манбаъҳои расмии ба мо маълум омада, ки Саидризо то Инқилоби Октябр дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул будааст. Агар ӯ ҳамаи ин муддат ба бофандагӣ, ки заҳмати тоқатшикан буд, машғул мешуд, пас забонҳои русӣ, фаронсавӣ, арманӣ, туркӣ, тоторӣ, арабӣ, ҳиндӣ, ҷамъ 12 забонро кай ва дар куҷо меомӯхт?
Раҳим Ҳошим нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум ӯву Саидризои хурдсолро ба Озарбойҷон, ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калонарини нафти Боку Зайналобиддини Тагӣ бурдааст. Саидризо бо ҳидояти Тагӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъдан ба эҳтироми ӯ номи нахустписарашро Тагӣ мегузорад.
Хонаи худи Саидризо Ализода низ баъдҳо ҳамчун маҳфилгаҳи илмиву адабии Самарқанд шӯҳрат дошт ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чулпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулқосими Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо равуо доштанд. Ҳамсари устод Лоҳутӣ - Ситсилиябону ёдовар шуда, ки забони тоҷикиро дар ҳавлии Саидризо Ализода омӯхтааст.
Саидризо Ализода солҳои 1919-21 ҳам котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Боғишамоли Самарқанд буд ва ҳам муҳарририи маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб"-ро ба ӯҳда дошт. "Шӯълаи инқилоб" бо мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда доштааш чашми оммаи меҳнаткашро ба авзои Осиёи Миёнаву Қафқоз, Русияву Туркия ва дар маҷмӯъ ба авзои ҷаҳон боз намуд. Ҳамин вақт буд, ки англисҳо барои сари ӯ 50000 фунт стерлинг нарх гузоштанд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд яке аз дӯстони Саидризо Ализода, олими эронӣ Зей Муҳаммад ваҳшиёна кушта шуд. Дар ҳамин маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" устод Садриддин Айнӣ ҳамчун публитсисти шӯълавар ба камол расид. Дар омади гап бояд гуфт, ки баъд аз ҳиҷрати устод Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд Саидризо Ализода ҳамеша ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ расонидааст.
Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. Э. Бертелс - "Мовароуннаҳр"-ро ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ ва урду тарҷума намуда, дар Лоҳури Покистон ба чоп мерасонад. Ба шаҳодати хешовандонаш, ӯ бо хоҳиши як дӯсти фаронсавиаш порае аз "Қуръон"-ро низ ба фаронсавӣ тарҷума карда буд. Тарҷумаи асари В. И. Ленин - "Инқилоб ба мардум чӣ дод?", ки дар шумораи аввали "Шӯълаи инқилоб" ба чоп расидааст, ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Амири Бухоро низ ҳукми қатли ӯро бароварда буд. Ҷаллодони амир ӯро дастгир карда натавонистанд ва ҳаммаслакаш муфтӣ Мидҳатхоҷаи Беҳбудиро дар Қаршӣ соли 1919 ба дор кашиданд. Саидризо Ализода аз марги фоҷиабори дӯсташ бохабар шуда, бо ҳамдастии устод Айнӣ марсияи пурсӯзу гудоз менависад.
Ализода аз нимаи дуввуми солҳои бистум то охири солҳои сиюм ба таълифи китобу тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ва тадрис дар мактабҳои олии Самарқанд машғул мешавад.
Бори охирин Саидризо Ализода соли 1936 бо ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ бошад) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД-и шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он дар соли 1945 (дар маъхазҳои даврони шӯравӣ соли 1938 нишон дода шудааст) баъд аз маҳрумияти 8-сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Тоболск, риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад. Дар давоми ҳашт сол Ализода ба номи сарварони Ҳукумати Шӯравӣ зиёда аз 400 нома менависад, ки ҳамааш беҷавоб мондааст.
Ҳамон сол фарзанди Саидризо Ализода - Тагӣ ва домодаш, нависандаву тарҷумон Ҳасан Ирфонро низ муддате ҳабс карда буданд.
Бади 32 соли марги ӯ яке аз наберагонаш - Фарҳод Ализода дар ҷустуҷӯйи қабри бобояш то ба маҳбаси шаҳри Владимир мерасад. Он ҷо сардори ҳамонвақтаи маҳбас Ривинскийро меёбад ва ин шахс ба Фарҳод нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд ва ин маънои маҳбуси хеле хатарнокро дошт. Бо вуҷуди ин, дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад ва Ализода ба Ривинский забони ибриро меомӯзонад. Одатан маҳбусонро баъд аз иҷрои ҳукми қатл якҷоя дар хандақҳо хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Саидризо Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад. Ӯ то вохӯрӣ бо Фарҳод нигоҳубини қабрро ба ӯҳда доштааст.
Соли 1986 Фарҳод Ализода устухонҳои бобояшро ба Самарқанд оварда, ҷаноза мекунад ва бо тантана ба хок месупорад. Ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саидризо Ализода мегузоранд. Қабри ӯ ҳоло зиёратгоҳи мардум ва ҳамеша гулпӯш аст.
Бознашр аз блогистони муаллиф
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста