Амина Шарофиддинова, яке аз тоҷикони муқими Самарқанд ва аз талабгорони ҳувияти миллӣ дар Ӯзбекистон, бо сафаре дар Душанбе меҳмон аст. Ӯ барои худшиносии миллӣ дар Самарқанду Бухоро солҳо инҷониб мубориза мебарад ва даъво дорад, дарди миллии тоҷик ҳоло надоштани боғчаву мактаби тоҷикӣ, китобҳои бадеӣ, илмию услубии тоҷикӣ, воситаи ахбори тоҷикӣ, гуфтугӯйи тоҷикӣ ва вазъи забони тоҷикӣ аст.
“Азия-Плюс” ин бонуи равшанзамирро ба сӯҳбат овард ва аз вазъи кунунии тоҷикони муқими Ӯзбекистон, дарду ормонҳои миллии онҳо ва мушкилоташон пурсон шуд. Амина Шарофиддинова аз сафари Душанбе ва таассуроташ суханро оғоз кард:
- Ба муносибати ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданам ва нашри китобам ба Тоҷикистон даъват шудам. Ҳоло муддате дар Душанбе мемонам ва мехоҳам дар пойтахти кишвари тоҷикон чанд рӯзамро ба оромӣ гузаронам. Ин ҷо ҳамарӯза бо дӯстону ҳамандешонам рафтуо ва сӯҳбатҳо дорам ва худро мисли моҳие дар об ҳис мекунам.
Душанбе нимҷазираи демократия буд
- Душанберо чӣ гуна дарёфтед?
- Дар солҳои 80-ум Душанбе нимҷазирае буд, бо фазои худшиносии миллӣ, ҳувиятталабӣ, озодандешӣ ва комилгашта бо шахсиятҳои барӯманду аҳли фазл ва аз ҳамон даврон бо баҳонаи тағои зиндаёдам, олими намоён Ҳамроқул Шодиқулов омаду рафте доштам. Он замон барои сохтани шахсияти худ ва рушди худшиносии миллӣ дар шаҳр фазои мусоидро медидам ва Душанбеи даврони ҷавониямро ба нимҷазираи демократия шабоҳат медодам. Дар зери кӯҳ истода, бузургии онро ҳис кардан душвор, лекин дуртар, ки равед, пасон мебинед, ки он кӯҳе бузург асту бошаҳомат. Аз ин рӯ, озодандешиву ҳувиятталабии Душанбеи солҳои 80-90-уми асри мозиро мо аз канор истода беҳтар медидему хубтар эҳсос мекардем.
- Бо гузашти солҳо он худшиносии заминашударо ҳис мекунед?
- Душанбеи имрӯза тамоман дигар аст. Ҳарчанд хеле корҳои мондагор ба сомон расидаанд, биною иморатҳои зебо, боғу гулгаштҳои мусаффо зоҳиран зебост, вале фазо дигар, шаҳру одоби шаҳрнишинӣ дигар, чеҳраҳо дигар, гӯё мақсаду ормонҳо дигар. Он маромҳое, ки мо доштем, ба тадриҷ, аз даст додаем...
Пойдевори худшиносӣ
- Барои нигаҳдории худшиносии миллӣ чиҳо ва ё киҳо замина мегузоранд ва чӣ тарз ин пойдевори миллат рехта мешавад?
- Миллат дараҷаи ниҳоии як ҷомеаи ба ҳам тавъам аст ва хурдтарин таснифбандии он оила мебошад. Худшиносӣ дар оила сохта мешавад. Ҳама худшиносии фардӣ, арҷгузории тамаддун, ҳубби ватан, забон, бузургони миллат, таърих, адабиёт, фарҳанг, суннатҳои миллӣ агар аз хурдсолии кӯдак дар оила омӯзонида нашавад ва дар рагу пайванди тифл ҷой нагирад, фикр мекунам, дигар соатҳо паси мизи боғчаву мактаб нишастан суде надорад.
Агар кӯдак дар оила соҳиби андеша шавад, паси мизи боғчаву мактаб орому сусту карахт наменишинад. Ин тифл бедор аст ва омӯзгор бештар ба ӯ диққат медиҳад. Акнун шумо биандешед, ки аз 10 оила 5 кӯдаки худшинос берун ояд, миллат чӣ тарз бедор мешавад ва мамлакат чӣ андоза пеш меравад.
- Ҳоло Шумо ин равандро ҳис мекунед?
- Не, мутаассифона. Оила ҳоло ба таври бояду шояд рисолаташро иҷро намекунад ва кӯдакон бидуни андеша ба воя мерасанд.
Барои дар рӯҳияи худшиносиву ҳувиятҷӯйӣ тарбият намудани фарзандонамон, бар замми оила, бояд мактабу маорифи тоҷикона ва китобҳои дарсии худогоҳона дошта бошем. Имрӯз хонишҳо сатҳӣ шудааст ва бачаҳо гузаштаи худро хуб намедонанд. Намедонанд, ки инҳо чӣ миллатанд ва дар гузашта, чӣ вазъе доштанду имрӯз чӣ ҳол доранд. Ҳоло бояд таҳкурсии ҳувиятҷӯйиро пас аз оила дар мактаб бирезем ва тағйироти ҷиддиро дар китобҳои дарсиамон ҷойгир кунем. Ба таври равшан гуфта бошам, вожаҳои обу нонро – на, балки таъриху миллат, худогоҳиву худшиносӣ, пешрафту тараққиётро оҳиста-оҳиста гузинагирӣ намуда, ба афкори хонанда таъсир гузорем, то дониста бошад, ки гузаштааш бо имрӯзааш чӣ фарқиятҳо дорад.
“Демократия кӯлворашро басту рафт”
- Вазъи мактабу маориф дар Ӯзбекистон чӣ гуна аст ва тоҷикони ин диёр оё ба нигаҳдории аслу миллати худ талошҳое доранд?
- Имрӯзҳо тоҷикони Ӯзбекистон бино ба қонунҳои мавҷудаи кишвар аз тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдоранд, аммо дар асоси қонунҳои нонавишта, на он қадар ҳоли хубе доранд. Ба наздикӣ як нафар гуфт, ки “демократия замоне омаду пасон мурд, биёед, бар сари гӯри ин ҷавонмарг дастаҷамъона дуо хонему омин гӯем”. Ӯ рост мегуфт. Тоҷикони Ӯзбекистон замоне дар зери чатри демократия зиндагонӣ мекарданд ва худшиносу решапайванд буданд. Пас аз ин, демократия кӯлворашро басту рафт ва тоҷикони ин диёр ба ҳоли низоре омаданд.
Ҳар миллат аз се ҷиҳат ё инкишоф меёбад ва ё таназзул мекунад: бо чашм, гӯш ва забон. Мо дар соли 1997 танҳо дар вилояти Самарқанд 85 мактаби тоҷикӣ доштем, ки 45-тояш комилан тоҷикӣ буду боқимонда бо забони ӯзбекию русӣ омехта фаъолият мекарданд. Дар худи шаҳри Самарқанд бошад, дар он солҳо 22 мактаби тоҷикӣ фаъолият менамуд. Ҳоло бо гузашти 25 сол дар вилояти Самарқанд беш аз 50 мактаби тоҷикӣ аз фаъолият бозмонд. Ҳар соле ду мактаб. Аз мактабҳои боқимонда бошад, бо афсӯси амиқ мегӯям, ки имрӯз танҳо 2 ё 3-тояш комилан ба забони тоҷикӣ дарс медиҳаду бас. Аз ин ҳам дардноктар он аст, ки дар аксари ин мактабҳо танҳо чанд синфи болоӣ боқӣ мондааст ва дигар қабули синфи якум вуҷуд надорад. Яъне, пас аз чанд соли дигар ва хатми синфҳои болоӣ дигар хонандае намемонаду мактабҳои тоҷикӣ ё баста мешаванд ва ё ба забони дигар мегузаранд ва ин сабаб барои баста гаштани гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳҳо мегардад.
То нимаи дуюми солҳои 80-ум ба ҷуз аз рӯзномаи “Овози тоҷик” мо дигар ҳафтаномаву маҷалла ё телевизиону радиое ба забони тоҷикӣ надоштем. Баъд аз ин, дар Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё, Фарғона, Намангон ва дигар вилоятҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон нашрияҳои вилоятии комилан тоҷикӣ ва шаҳриву ноҳиявии омехтаи тоҷикӣ арзи ҳастӣ карданд. Танҳо дар вилояти Самарқанд 2 телевизион ва рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”, рӯзномаи шаҳрии “Самарқанд” ва рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” (пештар “Шарқ тонги”), "Булбулча-доно", "Парвоз", "Оина", маҷаллаи "Маҳорат" зуҳур карданд. Ҳама ҳафтаномаҳо фаъолияти назаррас доштанд ва ба афкори ҷомеа таъсир мегузоштанд.
Дар ТВ “Самарқанд” танҳо дар як рӯз 9 маротиба ахбори ҷаҳон ба забони тоҷикӣ шунавонида мешуд. Барномаи “Шоми Самарқанд” аз ҷониби тоҷикон он замон бисёр хуб пазируфта шуда буд ва ба мардум чеҳракушоӣ менамуду аз таъриху фарҳанги тоҷикӣ бозгӯйӣ мекард. Барномаҳои “Ханда” ва “Зодрӯз муборак!” бо мақсади ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ ташкил шуда буданд, ки барои рушди забони тоҷикӣ ва паҳн гардидани он дар манотиқ таъсири бисёр хуб гузоштанд. Ин барномаҳо боис мегардид, ки ба худ боварӣ ҳосил кунем, меҳрамон ба забону миллат афзун гардад ва дар замирамон тоҷикият нақш бандад. Ҳоло ба ғайр аз “Овози Самарқанд”, “Гулобод тонги”, маҷаллаи тозанашри "Дурдонаи Шарқ" ва барномаи хурдҳаҷми тоҷикии "Ахбор"-у "Чашми дил" ТВ-и давлатии “Самарқанд” на радиову телевизиони тоҷикӣ монду на барномаи диданиеву на рӯзномаи муассире. Дигар ин ҳама дар хотираҳо мондаанду бас...
Дар рӯзномаи шаҳрии “Самарқанд” баҳона пеш меоранд, ки “масъули тоҷикзабон надорем ва аз ин лиҳоз, саҳифаи тоҷикӣ аз нашр бозмондаааст”. Ин як баҳонае беш нест, вагарна нафароне буданду ҳастанд, ки метавонанд бидуни маош ва дастмузд саҳифаро гардон кунанд, аммо ҷавоби радро мешунаванд.
Ин ҳолатҳо то ҷое маъмулӣ гаштаанду тоҷикон одат кардаанд. Афсӯс...
- Магар талошҳое барои барқарор намудани тоҷикият дар Ӯзбекистон анҷом нашуд?
- Чаро? Бисёр талош кардем ва мекунем.
Тоҷиконе, ки миллаташонро тағйир доданд
- Пас чаро тоҷикон имрӯз сукут кардаанд?
- Замоне мо шиносномаҳои тоҷикони қаламрави Ӯзбекистонро ҷамъ карда, дар шӯъбаҳои корҳои дохилии ин кишвар бо ифтихор миллаташонро “тоҷик” менавиштем ва дар ҷамъомадҳо бо тантана ба дастонашон месупоридем. Ман дар ин ташаббус даст доштам ва ифтихор менамудам.
Ба ин парвози худшиносии миллии тоҷикон, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон садд гузошт ва бар решааш теша зад. Пас аз сар задани ҷанг ва баста гаштани сарҳад равобити тоҷикони Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ба якборагӣ канда гашт ва тоҷикон дар Ӯзбекистон “ятим монданд”. Ин бисёр таъсири манфӣ гузошт, ҳатто бархеҳо аз тоҷик будани худашон шарм медоштагӣ шуданд. Таърих воруна гашт ва тоҷикони Ӯзбекистон шиносномаҳояшонро бурда, миллаташонро тағйир доданд. Аз он сабаб, ки мехостанд зиндагӣ кунанд, фарзандашон ба мактабу донишгоҳҳо дохил шавад, худашон ҷойи кори беҳтаре пайдо намоянд, умр ба сар баранд... Ин бисёр сахт буд...
Аз тақдири Рӯдакӣ то Фирдавсиву Ҷомиву Навоӣ
- Аз муҷассамаи дасту пой шикастаи устод Рӯдакӣ гуфта будед. Ин ҳам аз силсилаи мағзшӯиҳо дар Ӯзбекистон хабар медод?
- Шояд аз саҳни Регистон кандани пайкараи устод Рӯдакӣ ва ба таҳхона кашидани он ҳам аз зумраи дурсозии миллати тоҷик аз аслу нажодаш бошад. Ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки муҷассамаи Ҷомиву Навоиро аз чорроҳаи бозору хиёбони донишгоҳ дар Самарқанд барканда буданд. Яъне, намехостанд, ки Ҷомиро ҳамчун устоди Алишер Навоӣ дида бошанд. Дар осорхонаи устод Айнӣ соли охир, ки тоҷикон бе ҳеҷ гуна эълони расмиву баҳонаҳои ҷашнӣ ҷамъ меомаданд ва қадамгоҳашро зиёрат менамуданд, монеа эҷод карданд ва ҳатто фармон бароварданд, ки “беш аз се нафар ворид нашаванд”. Ҳама огоҳ аст, ки борҳо дарашро бастанду қасди гардонидани осорхонаро карданд.
Ҳамин тавр, қабри Пайрав Сулаймонӣ дар қабристони “Хоҷаи Хизр”-и Самарқанд ба ҳоли низор омад ва ба дараҷае расид, ки санги мармари болояш нарм-нарм шуд, аммо касеро парвое набуд. Ё турбати Хоҷа Абдулазиз дар паҳлӯи Пайрав Сулаймонӣ шикофтаву мармари қабраш ба хок фурӯ рафт, вале дар ин ҳол, даъвои устоди “Шашмақом”- и Ӯзбекистон будани ӯро карданду боре ҳам аз ҳоли марқадаш хабар нагирифтанд. Фестивали “Таронаҳои Шарқ”-ро дар 2 сол як маротиба дар Самарқанд мегузарониданд, аммо меҳмоне мегуфт, “гӯри Хоҷа Абдулазиз дар Самарқанд аст, ба зиёраташ меравем”, онҳо чӣ ҷавоб медододанду ба сари кадомин қабр мебурданд, ман намедонам...
- Пайкараҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ дар Самарқанд чӣ гуна эҳё гардид?
- Бо вуҷуди он ки мо муҷассамаи гӯёи бузургиву шаҳомати Рӯдакиро дар ҳавзаи адабии ҷаҳони форсӣ дар маркази боғи фароғатие мехостем, аммо талаби моро набароварданд, лекин бо эътирозоти пайиҳам, дар Самарқанд пайкараи Рӯдакиро пардабардорӣ карданд.
Муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ ҳам боз аз нав дар майдони боғ гузошта шуданд. Пас аз ин, пайкараи Фирдавсӣ, ки солҳо пеш сафорати Эрон дар Ӯзбекистон маблағгузорӣ ва сохта буду муддати мадид дар байни масҷиде дар Самарқанд нигаҳдорӣ мешуд, ҳамин рӯзҳои наздик “аз ҳабси хонагӣ озод гашт” ва миёни мардум қомат афрохт.
“Садо баланд карда наметавонанд”
- Чунин менамояд, ки дар Ӯзбекистон тоҷикон ба тақдири худ тан додаву дигар ташаббусе нишон намедиҳанд. Ин роҳ ба куҷо мебарад?
- Ин дарднок аст. Дар Самарқанду Бухоро то ҳол тоҷикони худшиносу худогоҳ зиёданд, аммо онҳо садо баланд карда наметавонанд. Агар сатҳӣ нигоҳ кунед, ҳамаи шароит барои миллати тоҷик созгор ва осоишта аст, вале дар асл чунин нест. Бори нанг ҳам ин аст, ки худи тоҷикон миллати тоҷикро ба ин ҷойгоҳ расониданд.
- Чаро?
- Шумо медонед, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон фаъолият мекунанд. Гӯё ин марказҳо минбаре ҳастанд, ки ҳама ҳуқуқҳои миллии тоҷиконро ҳимоят менамоянду ба дарду доғҳои тоҷикон мерасанд. Аммо ин тавр нест.
- Яъне, чӣ тавр аст?
- Ин марказҳо бисёр фаъол ба назар мерасанд ва дар ҳама чорабиниҳо ҳузур пайдо карда, акс бардошта, худашонро намоиш медиҳанд. Яъне, гӯё кор мекунанд. Кори ҷиддии манфиатовари онҳо барои миллат эҳсос намешавад. Аз рӯи низомнома онҳо созмонҳои ғайриҳукуматӣ мебошанд, аммо зери сояи ҳукумат қарор доранд. Раис, муовин ва кормандони марказҳо аз ҳукумат маош, мошини хидматӣ ва хонаи истиқоматӣ мегиранд ва бо ин вазъ, онҳо дастнигар шуда мондаанд. Дар маҷлисҳои ҳукуматӣ танҳо ҳамин афрод даъват мешаванд ва инҳо бошанд, метарсанд, ки аз ҳуқуқҳои миллии тоҷикон ҳарф зананд ва мушкилоти ҷойдоштаро ба масъулин расонанд. Агар чизе гӯянд, яъне “ба хоҷа хиёнат кардаанд” ва таҳдиди аз даст рафтани мақому зиндагии осоиштаашон дар миён аст. Бо ҳамин гардиши хеле содда миллати тоҷик аз марказбозиҳо дил шустааст ва дигар ҳеч гуна аҳамияте намедиҳад.
- Ҳоло шумо як созмони ҷамъиятӣ ва ё ҳукуматиеро, ки маҳз аз ҷониби Тоҷикистон ташкил шуда бошад, зарур меҳисобед?
- Пеш аз ҳама ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ки боварии худашро дар ботини тоҷикони Ӯзбекистон дубора барқарор намояд ва дастгириҳои беш аз пеши худро равона созад. Дигар набояд, ки тоҷикони Самарқанду Бухоро эҳсоси ноумедиву сарафкандагӣ дошта бошанд. Баъдан, бисёр мехоҳем, ки чунин созмони ҷамъиятие, ки комилан озод бошад, барои рафъи мушкилоти тоҷикони қаламрави Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Бигзор ғайриҳукуматӣ бошад, хайрхоҳоне аз дохилу хориҷ барои ба пой истоданаш кӯмак кунанд, вале манфиатҷӯй набошаду ба суди ҷонибе кор накунад.
Аз дардҳои миллӣ то пешниҳодоти зарурӣ
- Дарди миллии тоҷикони Ӯзбекистон кунун чӣ аст?
- Дарди амиқи миллии тоҷик ҳоло надоштани боғчаву мактаби тоҷикӣ, китобҳои тоҷикӣ, воситаи ахбори тоҷикӣ, театри тоҷикӣ, гуфтугӯйи тоҷикӣ ва вазъи забони тоҷикӣ аст.
Ман ҳамчун як тоҷики муқими Ӯзбекистон мехоҳам, ки аз минбар бо забони модариям ҳарф занам ва бо забони модариям ҳарф шунида бошам. Борҳо аз масъулини соҳаи маориф Ӯзбекистон талаб намудаем, ки ҳоло даъвои демократия мекунед, чаро дар барномаи таълимӣ соатҳои забони тоҷикиро назар ба дигар забонҳо кам кардед? Чаро шиору даъвату овезаҳо бо тоҷикӣ ба назарҳо наметобанд? Агар бародарам ҳастед - баробарам бошед!
Проблемаи бисёр мавриди гуфтумони мо ин мактабу маориф аст. Ҳукумати Тоҷикистон чанд филиали донишгоҳҳои бонуфузи кишварашро бояд дар шаҳрҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон боз намояд ва равобити ду ҷонибро бештар созад. Масъалаи баробарарзишии дипломҳо бояд бароварда шавад ва дигар ин набояд садгузори роҳи хонишу фаъолияти минбаъдааш гардад.
- Чунин ба назар мерасад, ки дар Самарқанду Бухоро тоҷикон аз суҳбат бо тоҷикӣ худдорӣ мекунанд...
- Дар Бухоро тоҷикон бисёр бо эҳтиёт амал мекунанд. Мутаассифона, имрӯзҳо дар кӯчаву бозорҳои Бухоро ҳам тоҷикон ибтидо бо забони ӯзбекӣ гап мезананд, пас аз ин ки донистанд, ҷониби дигар тоҷик аст ва ё нигоҳи тундгароёна ба забони тоҷикӣ надорад, ба тоҷикӣ сӯҳбатро идома медиҳанд. Сабаб нуфузи ӯзбекон аст. Ҳеҷ ӯзбеке агар забони тоҷикиро донад ҳам, сӯҳбат намекунад, боғчаву мактабҳо муҳити ӯзбекона гирифтааст, забони корӣ ӯзбекист, дар кӯчаву маҳал ба забони ӯзбекӣ афзалият медиҳанд ва сӯҳбатҳои ду-се нафар ҳам ба ӯзбекӣ мегузарад, ки дар ниҳоят, ин ҳама таъсир гузоштаву фазои хонавода ӯзбекона гардидааст.
Самарқандиён забони тоҷикиро хеле ҳифз кардаанд ва ҷуръати озодона ба ин забон гуфтугӯ намуданро доранд. Барои баргардонидани забони тоҷикӣ дар Бухоро моро зарур аст, ки дигарбора бовариашонро ба даст оварему ҷуръаташон диҳем. Инро кӣ бояд анҷом диҳад? Албатта, вазифаи ҷонии марказҳову созмонҳо! Агар ҳар сари муддате бо тоҷикони ин диёр сӯҳбатҳо анҷом надиҳанду дарду мушкилоташонро напурсанду роҳи ҳал наҷӯянд, бим дорам, ки фардо забонашон аз миён меравад.
- Фишор барои тоҷик будан ва тамғазаниҳо дар Ӯзбекистон ба назар мерасанд?
- Рӯйрост нест, аммо ҳис мешавад. Бархеҳо ба воситаи ҷойи кор мехоҳанд, ки таъсир гузоранду озодандешонро аз роҳашон боздоранд. Ба оилаву фарзандон фишор меоранд. Атрофи хонаву коргоҳатро ба тадриҷ зери назар мегиранд, пайгириат менамоянд. Ҳамин тавр, худи маро бо баҳонаҳое аз мактаби миёна, бо баҳонаҳои аттестатсияи ғайринавбатӣ аз Институти такмили ихтисоси омӯзгор дар Самарқанд ронданд. Ошкоро пеш карданд, ки бисёр пуртаъсир буду ҳеҷ кадом давутозҳову шикоятҳо ба мақомоти зирабт натиҷа надод. Баъдан, хостам, ки ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд биравам, бо ҳамаи шартҳояшон розӣ будам, бидуни музд ҳам то як муддате гуфтам дарс медиҳам, аммо қабул накарданд. Дар Бухоро ҳам ҷавоби рад доданд. Аз ҳайати Шӯрои илмию услубии маркази таълим, раёсати Маркази фарҳанги тоҷикони ҷумҳурӣ низ хориҷ гаштани банда бесабаб набуд. Ин ҳама сабаб доранд...
- Сабаб чӣ буд?
- Ҳамин миллатпарварӣ, ошкорбаёнӣ, гуфтани мушкилот. Рости гап, манфиатҳои миллиро аз худам, фарзандонам, оилаам боло гузоштам. Аммо агар тоҷикон ҳам ҳуқуқҳои худро донанду аз худ дифоъ намуда тавонанд, бидонанд, ки коре аз дасти сонсуркунандагон барнамеояд.
- Фардои тоҷиконро дар Ӯзбекистон чӣ гуна мебинед?
- Бо вуҷуди ҳама хушбинам. Чун мегӯянд, халосии ғарқшаванда дар дасти худи ғарқшаванда аст. Бо он ҳама мушкилот, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих мувоҷеҳ шуд, худро ҳифз кард. Умед дорам, ки мо боз ба худ меоем.
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Путин поблагодарил Токаева за развитие русского языка в Казахстане. О чем договорились лидеры?
Эмомали Рахмон улетел на саммит ОДКБ в Астану
В Узбекистане опыт старейшин используют в борьбе с бедностью
Трамп выдвинул Келлога на должность спецпосланника по Украине и России. Кто он?
Минтранс: Дано "добро" грузоперевозчикам на пересечение границы с Китаем
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста