Ин шабу рӯзҳо аз зодрӯзи донишманди саршиноси тоҷик, яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллӣ дар замони шӯравӣ ва даврони истиқлол, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ 95 сол мегзурад. Соли 2012 ин “Сояи шаҳри Бухоро”-и Душанбе (таъбири шоир Сиёвуш) дар синни 87-солагӣ аз миёни мо бурид.
Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамеша доғтарин масъалаҳои миллии тоҷиконро, хусусан дар поёни умри шӯравӣ ва даврони истиқлол матраҳ кардаанд. Дар навиштани осори марбут ба мушкилоту масоили миллӣ ҷасорати бепешинае ба намоиш гузоштаанд. Хусусан дар баҳсҳои фоҷеаҳои миллии тоҷикон дар оғози қарни гузашта яке аз чеҳраҳои хушноми илму андеша буданд. Шакурӣ аз равшанфикрони хушноми тоҷик буд, ки ҳамеша бо афкори рӯшангарона ва миллигароёнааш дар сархати расонаҳо қарор дошт.
Вале бештари хонандҳои мо огаҳ нестанд, ки ин фарзонаи рӯзгор, то он ки ба ин сатҳ бирасаду фаротар аз марзҳои Тоҷикистон шинохта шаваду унвонҳои ифтихории илмӣ ба даст биоварад, чӣ дардҳову ранҷҳоеро таҳаммул кардааст. Ӯ ба унвони фарзанди Қозикалони вақти Аморати Бухоро – душмани синфии ҳукумати Шӯравӣ дарди бекасиву танҳоиро чашида, вале ҳеч гоҳ даст аз сохтани худу шахсияти худ накашид. Ин буд, ки бидуни ҳеч мансаби расмиву илмие ба мақоми яке аз чеҳраҳи хушноми миллӣ расид.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъзе паҳлӯҳои норӯшани оғози ҳаёти академик Шакуриро аз як навиштаи худи эшон бо номи “Зиндагиномаи худнавишт” ба нашр бирасонад.
“Шакурӣ охири Садри Зиё буд” (Гулрухсор)
Камина Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки дар шиноснома номи расмиам Муҳаммад Шарифович Шукуров буда, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳои худ Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузоштам, аз рўи расмият 30 октябри соли 1926 чашм ба дунё кушодаам. Аммо дар ҳақиқат на соли 1926, балки моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудаам. Ин аз он ҷо маълум мешавад, ки дар соли муш ба дунё омадаам ва ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё дар таваллуди рубоъиеро бо моддаи таърих гуфтаанд.
Аз аввал зоднома надоштам. Он гоҳ ки дар зодгоҳи худ – дар Бухоро дар мактаби Куйбишев мехондам, дар санадҳо зодсоли ман 1925 навишта шуда буд. Азбаски ҳамаи мо мактаббачаҳо зоднома – ҳуҷҷати расмии таваллуд надоштем (зоднома додан ҳанўз расм нашуда буд), чун ба шаҳрвандон пошпурт доданд, тахминан соли 1934 ё 1935 буд, ки як комиссиюни пизишкӣ таъсис карданд, ки синни талабаҳоро муайян намояд: дандон, мўи бағал ва ғайраро дида, тахминан таъйин карданд, ки синни мо чанд аст. Ҳамин пизишкон зодсоли маро 1926 гуфтанд ва ман маҷбур будам, ки инро қабул кунам. Он рўз, ки комиссиюни пизишкон маро дид, 30 октабр будааст. Он рўзро зодрўзи ман навиштанд. То он рўз номи хонаводагии камина Шарифов буд, ки аз номи падарам Шарифҷон – махдум гирифта шудааст. Комиссиюни синну сол қарор кард, ки номи хонаводагии ман бояд аз номи бобоям домулло Абдушакури Оят гирифта шавад, яъне минбаъд ман Шукуров бошам («Шакур» дар гуфтугўи мардуми Фарорўд «Шукур» шуда аст, ки ғалати машҳур аст) ва номи падариам Шарифович бошад.
Ин аст, ки дар 5-10 дақиқа, ки комиссиюн маро дид, ман тамоман дигар шудам: номи хонаводагиам тағйир ёфт, соҳиби номи падарӣ бо «-вич» гардидам, зодсолам дигар шуд, зодрўзе ҳам пайдо кардам. Фақат исмам бидуни дигаргунӣ монд. Муҳаммад Шарифов будам, Муҳаммад Шарифович Шукуров шудам. Он гоҳ мақомоти марбута ба банда зодномаи расмӣ дода буданд, ки ҳанўз онро дар даст дорам.
Банда фарзанди Шарифҷон – махдуми Садри Зиё (1865-1932) ҳастам, ки нависандаи тоҷик буд. Ў худ шарҳи ҳоли худ ва падараш қозӣ Абдушакури Оятро (1816-1889) навиштааст, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Душанбе ва Тошканд бо дигар навиштаҳои ў нигаҳдорӣ мешавад.
Садри Зиё то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ будааст. Пас аз инқилоб чанде дар муассисаҳои Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро (1920-1924), масалан, дар идораи авқоф ва китобхонаи марказӣ кор кардааст ва баъди барҳам хўрдани ҷумҳурии Бухоро хонанишин шудааст. Чун давлати шўравӣ аз мардум тилло гирд овардан оғоз кард, падарам зиндонӣ шуд ва дар зиндон аз дунё гузашт.
Банда дар бораи ҳазрати қиблагоҳам китобе ба номи «Садри Бухоро» (Душанбе, Деваштич, 2005) ба чоп расонидам.
Марги модар, ятими бекасукӯйи ҳавлиҳои Бухоро ва омадан ба Душанбе
Модарам Мусаббиҳа Шукурова низ бо падарам зиндонӣ ва дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, баъди расидан ба озодӣ, пас аз як соли даргузашти падарам, яъне соли 1933 вафот кард. Он гоҳ ман дар синфи якум мехондам. Даргузашти модарам ҳангоми таътили зимистонии мактаби ман, яъне дар моҳи январ буд. Модарам ҳамагӣ 37 сол умр дошт.
Ман чанде дар хонаи тағоии худ Ҳабибуллоҳ - махдуми Авҳадии шоир (1900-1937) зиндагӣ доштам. Номи Авҳадӣ дар китоби Садриддини Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926, саҳ. 222-226 ва 597) зикр шудааст. Дар санадҳои расмии шўравӣ номаш Ҳабибуллоҳ Ибодуллоҳов буда, падари ў Ибодуллоҳ – махдум (яъне бобои модарии банда) фарзанди Абулфазли Сирати Балхӣ буда, дар Бухоро ба шоирӣ ва фазлу камол шўҳрат доштааст.
Авҳадӣ дар Бухоро, дар китобхонаи машҳури Ибни Сино кор мекард. Шеъраш гоҳ-гоҳ дар рўзномаи Бухоро чоп мешуд. Азбаски Авҳадӣ дар ҷавонӣ аз ҷадидони Бухоро буд ва бисёр ҷадидон оқибат инқилобкор шуданд, аз шўравиён чандон хавф надошт ва бо бародаронаш ба Афғонистон нагурехт. Бо вуҷуди ин, соли 1937 Авҳадӣ зиндонӣ ва ба Сибир бадарға шуд ва он ҷо ба ҳалокат расид.
Тағоиям васии банда буд ва пас аз зиндонӣ шудани ў аз васоят ҳам бенасиб мондам. Чанде пеш аз зиндонӣ шудани ў ман ба хонаи аммаам Иқболхон, ки танҳо монда буд, гузаштам. Лекин аммаам аз паси фарзандаш Асолатхон ба Сталинобод – имрўза шаҳри Душанбе рафт.
Ман дар Бухоро бекасу танҳо мондам. Дар як ҳавлии вайрона мезистам, ки моли бародарам Зариф буд ва Зариф дар як деҳи Ғиҷдувон муаллимӣ мекард. Соли 1939 аммабачаам Асолатхон ва ҳамсари Ҷалоли Икромӣ – Саодатхон, ки бо коре аз Душанбе омада буданд, маро бо худ ба Душанбе оварданд.
Асолатхон дар Душанбе муаллим буда, Саодатхон дар китобхонаи Фирдавсӣ кор мекард. Ҷалоли Икромӣ чанде пеш аз он аз зиндони шўравӣ баромада ва бемор буд ва ман намедонистам, ки дар куҷо кор мекунад. Ман ба хонаи Асолатхон фуромадам ва ў имкон фароҳам овард, ки бо ягона фарзандаш, ки низ Муҳаммадҷон ном дорад (Муҳаммадҷон Раҳмонов), таҳсилоти миёна ва олиро ба поён расонам.
Қиссаи донишҷӯйӣ, даъват барои дипломат шудан ва муҳаққишавӣ
Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омўзишгоҳи педагогӣ (омўзгорӣ) таҳсил кардам. Соли 1941 ба охирин синфи омўзишгоҳ гузашта будам, ки ҷанги фашисти Олмон оғоз ёфт ва омўзишгоҳро бастанд. Агарчи охирин синфи омўзишгоҳро ба поён нарасонида будам, маро ба Институти педагогӣ – ҳозира Донишгоҳи омўзгории Душанбе (факултети забону адабиёти тоҷикӣ) қабул карданд. Қабул карданашон ин тавр шуд, ки чун ҷанг оғоз ёфт ва ҷавонон ба сафи Артиши Сурх даъват гардиданд, дар донишгоҳи омўзгорӣ донишҷў кам монда буд ва аз ин рў ман ва амманабераам Муҳаммадҷон Раҳмонов, ки синнамон ҳанўз ба сини хидмати ҳарбӣ нарасида буд, бидуни дипломи мактаби миёна ва бидуни имтиҳони қабул ба мактаби олӣ даромадем. Таҳсили ман дар Донишгоҳи омўзгорӣ аз соли якуми ҷанг, яъне аз 1941 сар шуда то 1945 идома дошт, яъне бо поён ёфтани ҷанг ба охир расид.
Соли 1944 синни ман ба хизмати аскарӣ расид, лекин ман ва ҳамсолонамро, ки дар Донишкадаи омўзгорӣ таҳсил мекардем, ба хизмати аскарӣ даъват накарданд, чунки соли 1943 Сталин фармон баровард, ки муаллимон ва кормандони маориф аз хизмати ҳарбӣ озоданд ва ҳатто аз майдони ҷанг ба шаҳру деҳи худ баргардонида шаванд. Солҳои ҷанги зидди фашизм дар мактабҳо муаллимон кам монданд. Ҳама ба майдони ҷанг рафтанд ва дар мактаб танҳо мардони солхўрда ва занҳо монданд. Бинобар ин, кормандони маорифро аз ҷанг озод кардан лозим омад. Азбаски мо донишҷўёни Донишкадаи омўзгорӣ муаллимони оянда ҳисоб мешудем, моро низ аз хизмати ҳарбӣ озод карданд.
Дар овони донишҷўӣ соли 1943 то 1945 дар идораи рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрўз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор кардам: навбатдори шаб будам, шабҳо бо сармуҳаррир Самади Ғанӣ саҳифа мехондем. Дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шўъбаи Фарҳангистони улуми шўравӣ дар Тоҷикистон) лаборант будам.
Бо вуҷуди ин шабкориву рўзкориҳо таҳсилам дар донишкада бад набуд ва стипендияи сталинӣ мегирифтам, ки 500 сўм буд, яъне аз дигар донишҷўён ду-се бор зиёдтар даромад доштам. Барои ин ки солҳои ҷанг чӣ арзиш доштани 500 сўми стипендия маълум шавад, бояд гўям, ки дар бозор нархи як нони хилеб то 400 сўм расид. Ба донишҷўён аз рўи чеки хилебкарта 400 грам нон медоданд. Идораи рўзнома ҳам каминаро ба ошхонае вобаста карда буд, ки бо чек хўрок мегирифтам. Ба ин тариқ ба азобе рўз ба сар мебурдам. Вале ба аммаам Иқболхон ва аммабачаам Асолатхон наметавонистам ёрӣ бидиҳам. Барои ин ки онҳо аз бори ман халос шаванд, ба хобгоҳи донишкадаи омўзгорӣ гузаштам ва гўё солҳои донишҷўӣ мустақилона зиндагӣ мекардам. Аммаам соли 1943 чашм аз ҷаҳон пўшид.
Таҳсил дар донишкада ба душвориҳои зиёда муяссар мешуд. Аз ҳеч дарсе китоби дарсӣ ва ё кумакдарсӣ надоштем. Адабиёти бадеъии тоҷикӣ ва тарҷумаи адабиёти русиро, ки даҳаи сӣ ба хати лотинии тоҷикӣ чоп шуда буд, ба даст оварда наметавонистем, зеро бештари муаллифон ё тарҷумонҳо ва ё муҳаррирон ва ё ин ки нафарони дигар, ки номашон дар унвонсаҳифаи китоб зикр шудааст, дар террори соли 1937 ба зиндон афтода ва ба ин сабаб китобҳо аз фурўш ва аз китобхонаҳо барчида ва сўзонда шуда буданд.. Дар донишкада ба мо андак хати форсӣ ёд доданд, лекин китобҳои дастнависи кўҳна ва чопи сангии пеш аз инқилоботи соли 1917 ва 1920 ро низ наметавонистем пайдо бикунем, чунки чунин китобҳо китоби динӣ ба шумор меомаданд ва онҳоро низ ҳар ҷо бинанд, мусодира ва нобуд мекарданд. Дар китобхонаи донишкада китоби русӣ бисёр буд, вале азбаски ҳанўз чандон русӣ намедонистам, бисёр мехондаму кам мефаҳмидам. Хуллас ки китобхонӣ кам буд. Фақат аз дарси устодон дониш меҷустем. Бандаро саодате даст дод, ки ба дасти устодоне чун Лутфуллоҳи Бузургзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Аббос Алиев, Шарифҷони Ҳусайнзода, Носирҷони Маъсумӣ, Икром Хоҷаев, Муҳаммадӣ Исматуллоҳов таҳсил дидаам. Аз инҳо Лутфуллоҳи Бузургзода ба ҷанг рафт ва дигар барнагашт. Абдулғанӣ Мирзоев ва Алоуддин Баҳоуддинов аз роҳи хидмати ҳарбӣ ба Эрон фиристода шуданд ва мо аз дарси онҳо маҳрум мондем. Дигарон дар шароити душвори замони ҷанг, ки худ ба азобе мезистанд, фидокорона кор карда, моро ақлу ҳуш меомўхтанд.
Солҳои ҷанги Олмон аз Украина ва Русия, аз шаҳрҳои зери ишғоли фашистҳо бисёр устодони донишгоҳҳо ба Тоҷикистон кўчонида шуданд. Бештарини онҳо дар донишкадаи омўзгории мо муаллим шуданд. Онҳо ба русӣ дарс мегуфтанд. Мо ба дарси онҳо монанди сурати девор менишастем ва хеле кам мефаҳмидем ё тамоман намефаҳмидем. Тарҷумоне гуфтаҳои эшонро ёддошт мекард ва пас аз дарс тарҷумаи онро ба мо мегуфт.
Ба ҳамин минвол чаҳор соли таҳсил дар донишкадаи омўзгорӣ паси сар шуд.
Баҳорони соли 1945, ки ҷанг поён ёфт, мо донишҷўён саргарми омодагӣ ба имтиҳонҳои давлатӣ будем. Аз ҳар идора омада, моро ба кор даъват мекарданд. Бандаро ба рўзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор таклиф карданд, вазорати маориф даъват намуд, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ иштирок бикунам, вазорати корҳои хориҷӣ хост, ки барои таҳсил ба мактаби дипломатии Маскав бифиристад, то пас аз хатми он мактаб ба кори дипломатӣ машғул шавам, Институти таърих, забон ва адабиёт низ ба кор даъват кард. Аз устодонам домулло Н. Маъсумӣ маро дар донишкадаи омўзгории худамон ба кор гирифтанд. Лекин моҳи августи соли 1945 дар Кўлоб Донишкадаи муаллимии дусола таъсис шуд ва вазорати маориф бандаро ба он ҷо фиристод. Дар Кўлоб як сол дарс гуфтам. Баъд бемор шудаму бо тавсияи пизишкон, бо кумаки Абдулғанӣ Мирзоев ва фармоиши Бобоҷон Ғафуров, ки котиби Кумитаи Марказӣ буд, имкон ёфтам, ки боз ба Душанбе баргардам. Ба Донишкадаи омўзгории Душанбе ба кор даромадам. Ин ҷо солҳои 1945-1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши ифоданок (хониши матн), равиш (методика)-и омўзиши забону адабиёт дарс гуфтам.
Таҳқиқи осори "миллатгарои буржуазӣ" ва хатари ҳабси олими ҷавон
Солҳои 1948-1951 дар аспирантураи ин институт таҳсил доштам. Устоди ман дар аспирантура Холиқи Мирзозода буданд. Бо тавсияи эшон дар давраи аспирантура «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» мавзўъи таҳқиқоти ман шуд. Чанде дар бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбе, Самарқанд, Тошканд ва Маскав ҷусторҳо карда, рисолаи дифоъӣ (диссертатсия) навиштам. Рисоларо аз кафедра гузаронида, фишурдаи он – авторефератро ба русӣ тарҷума кунонида, ба ҳимоя омода шуда будам, ки домулло Абдулғанӣ Мирзоев иддао карданд, ки Аҷзиро на равшангару маорифпарвар, балки аз ҷадидон ва миллатгароёни буржуазӣ бояд донист. Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии банда бархост, лекин пас ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ шуд. Дар натиҷа Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри соли 1952 дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажўҳишгоҳи забону адабиёти Рўдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ кард. Баррасӣ аз соати 7-и бегоҳ то 3-и саҳар идома дошт. Мубоҳисаи тўлонӣ шуд, вале ба ҷуз банда, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқи Мирзозодаи адабиётшинос, ки раҳбари илмии банда буд, касе ҷуръат накард, ки хилофи фикри котиби Кумитаи Марказии ҳизб Алиқул Имомов, ки раиси он маҷлис буд, чизе бигўяд. Оқибат маҷлис тасмим гирифт, Аҷзиро шоири иртиҷоъӣ ба шумор бояд овард. Бо ин қарор рисолаи ман рад шуд ва заҳмати сесолаам сўхт. Хавфе пеш омад, ки Холиқи Мирзозода ва маро низ миллатгаро бигўянд, аммо ба овози баланд нагуфтанд ва ман ошкоро таъқиб надидам. Агар дар дигар ҷумҳурии шўравӣ мебудем, Х. Мирзозода ва маро ҳабс мекарданд. Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёъиёнро ба ҳабс бигиранд.
Он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигаре Холиқи Мирзозода ва севумӣ Шарифҷони Ҳусайнзода. Хости замон ин буд, ки онҳо чун ҳама нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология аз якдигар айби сиёсӣ биҷўянд ва айби якдигар бигўянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷўии сиёсӣ дар миён буду бас. Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чўб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст.
Ҳамин тавр банда нокому ночор мондам. Хушбахтона, зуд ба худ омадам ва соли 1953 мавзўи илмии дигаре гирифтам, ки «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» ном дошт. Маслиҳати устодон ин шуд, ки барои анҷом додани ин мавзўъ ба Маскав биравам ва он ҷо ба осудагӣ кор бикунам. Ҳамшаҳрии ман Иброҳимҷон Раҳматов, ки сармуҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон буд, тарҷумаи китоби Павел Лукнитский «Тоҷикистон»-ро ба ман супурд. Банда ин корро зуд анҷом дода, ҳаққи қаламро қисман ба аҳли хонаводаи худ – ҳамсарам ва ду писарам гузошта ва қисман бо худ гирифта, аввалҳои соли 1954 Маскав рафтам.
Дар Маскав, дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ як сол истодам. Ва бо раҳнамоии устодам профессор Иосиф Самуйлович Брагинский тахминан дар ҳафт моҳ таълифи рисолаи дифоъиро анҷом додам. То мошиннавис шудани рисола ва аз баррасии пажўҳишгоҳи ховаршиносӣ гузаштани он бо чанд кори дигар машғул шудам, чунончи фишурдаи рисолаи доктории И.С.Брагинскийро барои маҷаллаи «Шарқи сурх» тарҷума кардам, тарҷумаи романи И.С.Тургенев «Рудин»-ро ба охир расонидам ва ҳаққи қалам, ки аз ин тарҷума гирифтам, барои хонаводаи мо мадади маош шуд.
Мунтаҳо 28 феврали соли 1958 дар ҳамон пажўҳишгоҳи Маскав рисоларо ба дифоъ гузоштам ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт намудам.
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Афиша от «Азия-Плюс»: поиск следов динозавров, «Мир лучших саундтреков» и ярмарка «Время чудес»
В Таджикистане заметно снизились доходы частных операторов связи
Более полугода назад маленький таджикистанец Сулаймон получил укол «Золгенсмы». Как малыш сейчас?
Таджикская экоорганизация «Маленькая Земля» получила премию ООН Gender Just Climate Solutions
Загрязнение воды, выброс отходов и вырубка деревьев: в Таджикистане увеличили штрафы
Озоди: Более 100 чиновников были допрошены по делу журналиста Ахмада Ибрагима
В Таджикистане снизили стоимость электричества для производителя удобрений – «Азот»
Душанбе Сити Банк уже подарил 4 приза — успейте и вы!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста