Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2028 раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Дар ин бора дафтари матуботии ФФТ хабар дода, навиштааст, ки интихоботи навбатии раёсати ин ниҳод имрӯз, 14-уми декабр, дар меҳмонхонаи "Ҳаёт реҷенсӣ"-и Душанбе сурат гирифтааст.
Ҳамакнун, Рустами Эмомалӣ барои бори чорум раиси ФФТ интихоб шуда, чор соли дигар ин курсии худро нигоҳ медорад. Ӯ аз соли 2012 ба ин тараф раиси ФФТ аст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ ва Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода, Искандар Ҷалилов ноибони дигари ӯ баргузида шудаанд.

Дар Конгресси ФФТ ҳамчунин фаъолияти ин ниҳод дар чор соли гузашта низ муҳокима шудааст.
Дар ин давра дастоварди чашмраси футболи тоҷик то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ имсол дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар ширкат карда, то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста