ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 МАРТ

Соли 1931 –  Ноҳияҳои Ғарм (ҳоло Рашт) ва Ҷиргатол (ҳоло Лахш) таъсис ёфтанд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни маориф қабул гардид, ки тибқи он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ расман манъ карда шуд.

Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе 56 узви созмони мазҳабии тундгароии “Ҷамоати таблиғ” ба ҳабс маҳкум гардиданд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ манъ аст.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳо бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Бухорои шариф” пешниҳод намуд, ки ҷазо барои тӯҳмат сабуктар карда шавад.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи вокуниш ба пандемияи COVID-19 баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1971 – Мавлуди Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва шоири тоҷик.

Абдулло Раҳнамо

Абдуллоҳи Раҳнамо Техникуми полититехникии Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1999-2005 дар Дастгоҳи иҷроияи президент кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2012 сардори раёсати номбурда таъйин гардида, минбаъд дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ ва чанд соли ахири мушовири раиси ин марказ буд. Аз оғози соли 2021 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Абдуллоҳи Раҳнамо соли 2010 Муассисаи таълимии “Литсейи Раҳнамо”-ро таъсис додааст, ки айни замон аз беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Абдулло Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ”, “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ”, “Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?” “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ” ва “Дидгоҳи давлатмеҳвар” аст.

Соли 1934 – Зодрӯзи Шодон Ҳаниф, нависанда, драманавис ва тарҷумони тоҷик.

Шодон Ҳаниф

Шодон Ҳаниф шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), “Ирфон”, “Садои Шарқ” фаъолият бурдааст.

Инчунин солҳо тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон буд. Солҳои 1980-1985 директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Шодон Ҳаниф 5 майи соли 2007 дар 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Майна”, “Алмос”, маҷмӯаи очеркҳои “Дидор”, “Кӯҳ ба кӯҳ мерасад”, повесту романҳои “Оҳугузар”, “Бедорӣ”, “Ҷон ба гарав”, “Хунбаҳо”, “Уқоби захмин”, “Дар паноҳи Ҳиндукуш”, асарҳои драмавии “Домоди шаҳрӣ”, моҷарои “Обфурӯш” аст.

Соли 1937 – Зодрӯзи Улфатмо Мамадамбарова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Мавлуди Рафоат Абдусаломова, рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик.

Рафоат Абдусаломова

Рафоат Абдусаломова соли 1963 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст.

Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион - ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ - чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст.

Ин наттоқи тоҷик субҳи 24-уми октябри соли 2023 дар синни 84 олами фониро тарк гуфт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Сироҷиддин Бандаев, кимиёшиноси тоҷик.

Соли 1946 – Мавлуди Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамо.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев д Институти театру кинои Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор карда, як силсила нақшҳо офаридааст.

Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев басо ҷолибанд.

Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳсин Аминзода, шоири тоҷик, фарзанди Муҳиддин Аминзода.

Соли 1983 – Зодрӯзи Бахтовар Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

Соли 2014 – Амир Қароқулов, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10 март Рӯзи байналмилалии занони додрас (International Day of Women Judges) таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади эътироф ва қадрдонии саҳми занон дар низоми адлия ва таъмини адолати додгоҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян шудааст.


Таъсиси Рӯзи байналмилалии занони додрас ба соли 1993 бармегардад, вақте ки дар Конгресси байналмилалии занони ҳуқуқдон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қарор қабул шуд, ки ҳар сол 10 март ҳамчун рӯзи махсус барои ҷашнгирии дастовардҳои занон дар соҳаи ҳуқуқ ва таъмини адолат таҷлил шавад.

10 марти соли 1889 Алмон Браун Строуджер, соҳибкори амрикоӣ стансияи телефонии автоматиро патент кард ва бо ин унвони “Падари ҳамаи АТС”-ро ба даст овард. Строуджер дар Канзас-Сити фурӯшандаи асбобҳои гӯручӯбкунанда буд, аммо тиҷораташ ба сабаби ришваситонии як телефонистка хароб шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ ихтироъкори низоми рақамзанӣ бе миёнарав гардид.


Рӯзи 10 марти соли 1910 бо фармони императори ноболиғ Пу И дар Чин ғуломдорӣ расман манъ карда шуд. Пу И охирин императори таърихи Чин буд. Ин яке аз охирин амалҳои ҳокимияти чандинасраи императорӣ буд, ки дар натиҷаи инқилоби солҳои 1911-1913 сарнагун гардид.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) Ҳарорати ҳаво шабона 5+7º гарм, рӯзона 15+17º гарм мешавад..

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони суст меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.