Дар шаҳри Истаравшан нисбати марди 26-сола ба гумони даст доштан дар ҷинояти то ба худкушӣ оварда расонидани ҳамсари худ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Тавре ки Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса шаби аз 27 ба 28 ноябр рух додааст.

“Мард чандин бор ҳамсари 21-солаашро таҳқиру латукӯб намуда, пас аз аз муноқишаи навбатӣ зан бо мақсади худкушӣ маҳлули сиркоро истеъмол намудааст”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи ташхиси суддӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида дар намуди заҳролудшавӣ  бо маҳлули сирко, сӯзиши кимиёвии сурхруда, даҳон ва меъда, бинобар хавфнок буданаш ба ҳаёт ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста мешавад.

Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 109 (То ба худкушӣ оварда расонидан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 5 то 8 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он дар Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 222 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат бештар нисбат ба ҳаимн давраи соли 2023 аст. Аз ин миқдор 175 ҳолат ба ҳодисаҳои худкушӣ (17 ҳолат камтар нисбат ба соли гузашта) ва 47 ҳодисаи суиқасд ба худкушӣ (6 ҳолат бештар) марбутанд.

Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд. Соли равон шумори ҳолатҳои худкушии марбат ба бемориҳои рӯҳӣ 33 ҳолат нисбат ба соли гузашта афзудааст. Инчунин шумори ҳодисаҳои худкушии марбут ба шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ низ зиёд шудааст.

Дар ҳодисаҳои худкушӣ бештари ҳолатҳо ба ҳолатҳои худро ба дор овехтан (179 ҳолат), заҳролушавӣ, ғарқшавӣ ва дигар тарзҳо ба қайд гирифта шудааст.

Маълумоти оморӣ оид ба хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи соли 2024 1 ҳазору 569 шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 ҳолат зиёд аст.

Аз шумораи умумии шикоятҳо оид ба зӯроварӣ 1 ҳазору 291 муроҷиат аз ҷониби мардон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат зиёд аст. Аз ҷониби занҳо бошад, 278 шикоят ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳолат бештар аст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зикр кард, ки омори расмӣ метавонад иштибоҳ дошта бошад ва воқеъиятро пурра инъикос накунад, зеро бисёр занон аз тарси маҳкумият ва паёмадҳои эҳтимолӣ аз ошкоро муҳокима кардани мушкилоти оилавӣ худдорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, занон аксар вақт намедонанд, ки барои кумак ба куҷо муроҷиат кунанд ва аз амнияти худ ва кӯдаконашон нигаронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.