Дар соли 2024 18 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз шаҳри Маскав ихроҷ карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 6 ҳазор кас бештар будааст. Онҳо ҳақ надоранд, ки то 5 сол дубора ба Русия баргарданд.
Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” хабар дода, навиштааст, ки муҳоҷирон “барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва иқомат дар Федератсияи Русия аз Москва хориҷ шуданд”.
“Дар соли 2023 ин шумора тақрибан 12 ҳазор нафарро ташкил дода буд”,-навиштаатс ин хабаргузорӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ихроҷ шудаанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Латвия, Фаронса ва Эстония низ ҳастанд.
“Ҳамаи хориҷшудагон аз ҷониби суд гунаҳкор дониста шуданд. Онҳо моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё реҷаи иқомат дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд)-ро вайрон кардаанд”, - омадааст дар хабар.
Ҳамаи ихроҷшудагон наметавонанд дар муддати 5 сол дубора ба Русия баргарданд.
Қаблан, ин расона хабар дода буд, ки соли гузашта дар вилояти назди Маскав 5,1 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ карда буданд.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асост дастгир гардиданд, фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.
Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.
Ба иттилои расмӣ танҳо дар 6 моҳи соли гузашта 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста