ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ЯНВАР

25 сол пеш – соли 2000 дар ҳамин рӯз шумораи нахустини рӯзномаи “Азия-Плюс” ба нашр расид. Дар муддати кутоҳ рӯзнома яке аз серхонандатарин ва пешқадамтарин нашрияҳои Тоҷикистон шуд.

Имрӯз, “Азия-Плюс” ҳамоно мавқеи пешсафии худро дар бозори матбуоти Тоҷикистон нигоҳ медорад. Сипос ба таваҷҷуҳи шумо, хонандагони “Азия-Плюс”, ки тӯли ин солҳо бо мо будед ва эътимод кардед! Рӯзномаи “Азия-Плюс” минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки маводҳи ҷолиб таҳия карда, мавқеи пешсафии худро нигоҳ дорад.

Соли 2004 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мутобиқи он мӯҳлати хидмати ҳарбӣ барои хатмкардагони донишгоҳҳо аз 18 моҳ (1,5 сол) ба 12 моҳ (1 сол) кам карда шуд.

Соли 2011 – Хадамоти муҳоҷират дар назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло он дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аст.

Соли 2021 – Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии “Фароб” оид ба анҷоми марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” шартнома бастанд.

Соли 2022 – Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эътироф кард, ки коронавирус дар кишвар вуҷуд дорад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1922 – Мавлуди Савсан Бандишоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Савсан Бандишоева

Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.

Нақшҳои  Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хоса дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.

Соли 1937 – Мавлуди Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Мирзо Мастонгулов, ҳавонаварди тоҷик ва муассиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.

Мирзо Мастонгулов

Мирзо Мастонқулов дар рушди авиатсияи Тоҷикистон нақши бузург дорад. Ӯ ширкати "Сомон Эйр"-ро таъсис дод ва бо корнамоиҳояш дар солҳои вазнинтарин – аз ҷанги шаҳрвандӣ то ташкили ширкатҳои хусусӣ – таърихи соҳаи авиатсияи кишварро тағйир дод.

Ӯ 6 апрели соли 2008 дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1950 – Комилҷон Ғаниев, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Комилҷон Ғаниев

Комилҷон Ғаниев дар овозхонӣ бештар аз эҷодиёти халқ истифода бурда, ба осори шуарои классикии форс-тоҷик таваҷҷӯҳ зиёд дошт. Ӯ солҳо дар шаҳри Ҳисор роҳбари клуби сайёр ва баъдан директори Филармонияи шаҳри Ҳисор буд.

Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 1978 – Зодрӯзи Рустам Боқиев, куштигири тоҷик, ҷудокор, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

Соли 1992 – Мавлуди Ҳамид Ҳусайнзода (Ҳамид Ҳирод),  хонандаи мусиқии попи аҳли Эрон, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.

Соли 1924 – Владимир Ленин, ходими сиёсӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар 53-солагӣ аз олам даргузашт.


Соли 2021 – Бобоҷон Азиз, сароянда ва ҳунарпешаи театри тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2022 – Саъдулло Ситамов, олими илми физика дар 74-солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар саросари дунё имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайриоддӣ – Рӯзи байналмилалии ба оғӯш гирифтан таҷлил мегардад. Ин рӯз бори нахуст соли 1986 дар ИМА ҷашн гирифта шуд. Мувофиқи анъанаи ҷашн дар ин рӯз ҳатто шахси ношиносро ба оғӯш гирифтан мумкин аст.


21 январи соли 1954 корхонаи киштисозии Гротон дар иёлати Коннектикути ИМА нахустин киштии зериобии атомии ҷаҳонро ба баҳр баровард. Романи “20 ҳазор фарсанг дар зери баҳр” ба мафкураи мардум чунон таъсир расонида буд, ки ин киштиро ба номи “Наутилус”-и Жюл Верн номгузорӣ карданд ва баъд аз ҳашт моҳ он дар низоми баҳрии ИМА қабул гардид.

Дарозии он киштӣ 97 метр ва бараш 8,2 метр буда, 4092 тонна вазн дошт. Он дар зери об бидуни баромадан ба болои об тӯлонӣ қарор гирифт, ки дар он замон рекорд гузошт.


“Наутилус” инчунин аввалин киштии зериобие шуд, ки дар соли 1958 таҳти яхҳои Арктика қутби шимолиро убур кард. Имрӯз “Наутилус” («Nautilus») дар Гротон, дар бандари ёдгориҳои он қарор дорад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, рӯзона 0-5º сард.    

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-33º сард, дар баъзе минтақаҳо  то 41-43º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.