Дар пайи 13 офати табиӣ дар соли гузашта дар вилояти Суғд 5 кас ба ҳалокат расида, ба буҷети вилоят 17 млн сомонӣ хисороти молӣ расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, дар ин давра 12 маротиба сел омада, 1 ҳодисаи раъду барқ рух дод.
Ба гуфтаи Диловар Ҳамдамов ҳарчанд офатҳои табиӣ ва шумораи фавтидаҳо дар соли гузашта назар ба соли 2023-юм кам шудааст, вале хисороти расида қариб 10 млн сомонӣ зиёд аст.
Ӯ гуфт, ки дар шимоли кишвар соли 2023-юм 7 офати табиӣ ҷони 6 нафарро рабуда, наздикӣ 7,5 миллион сомонӣ хисороти молӣ дар пай гузошта буд.
Ба таъкиди ин масъули КҲФ Суғд, дар пайи офатҳои табиии соли гузашта хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, иншоотҳои ёрирасон, роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, хатҳои обёрӣ, каналҳои оби полезӣ ва кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра зарар дидаанд.
Офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Айнӣ, Кӯҳистони Кӯҳистон, Мастчоҳ ва Ашт ба қайд гирифта шудаст.
Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 11 моҳи соли гузашта дар тамоми Тоҷикистон 636 ҳодисаи хатарноки табиӣ рух дода, бар асари ин ҳодисаҳо 17 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста