Расо 17 сол пеш, 20 январи соли 2008 Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Сангтӯда-1” мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин рӯз қариб ду моҳ пеш аз муҳлати пешбинишуда агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 167 мегаватт (МВт) ба истифода дода шуд.
Аз ҳамон вақт то ин дам дар неругоҳи мазкур зиёда аз 35 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Маросими ботантанаи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ бо 4 агрегат рӯзи 31 июли соли 2009 бо иштироки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев баргузор шуд.
Ҳамаи 4 агрегати нерӯгоҳ бо иқтидори 167,5 МВт аз ҷониби корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти энергетикии Русия - ҶСК “Силовые машины” сохта шуданд.
ҶСК “НБО Сангтӯда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, ҳиссаи Русия дар он 75% тарҳи 1 саҳмия ва Тоҷикистон - 25% ҷамъи 1 саҳмияро ташкил медиҳад.
Обанбори НБО “Сангтӯда-1” то нишондиҳандаи лоиҳавӣ дар аввали моҳи ноябри ҳамон сол бо об пур шуд.
Айни замон неругоҳ аз рӯи иқтидори муқарраршуда (670 МВт) пас аз неругоҳи “Норак” қарор дорад. Неругоҳ зинаи панҷуми силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш мебошад. Яъне агар неругоҳи ҳоло сохтмонаш нотамоми “Роғун”-ро ба назар нагирем, дар роҳи маҷрои дарёи Вахш болотар аз неругоҳи “Сангтӯда-1” танҳо неругоҳҳои “Бойғозӣ” ва “Норак” қарор доранд.
НБО “Сангтӯда-1” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар 110 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир шудааст.
Неругоҳ 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳуриро таъмин мекунад.
Шикоят аз “Барқи тоҷик”
Ягона харидори барқ аз ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” буда, аз замони мавриди истифода қарор гирифани агрегати аввал, ба ширкат зиёда аз 35 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бинобар сабаби ба фурӯхтани барқ имкон надоштани ширкати “Барқи тоҷик”, неругоҳ наметавонад пурра фаъолият кунад. Иқтидори муқарраршудаи НБО “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад, лекин дар амал неругоҳ бо иқтидори 212 МВт кор мекунад.
Ширкати “Барқи тоҷик” ҳамасола аз ин неругоҳ то 2 млрд кВт/соат барқ мегирад, ҳарчанд мувофиқи шартномаи хариду фурӯш, ҳаҷми солонаи интиқоли барқ бояд 2,7 млн кВт соатро ташкил диҳад.
Роҳбарияти ширкат борҳо шикоят кардааст, ки «Барқи тоҷик» ба онҳо иҷозат намедиҳад, ки барқро мустақиман тибқи шартномаҳои мустақил фурӯшанд ё онро мустақилона содир кунанд.
Ин ҳуқуқҳо дар созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи шароит ва тартиби иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони НБО-и “Сангтӯда-1” ва ҳамкорӣ дар истифодаи ин нерӯгоҳ муқаррар шудаанд.
Илова бар ин, «Барқи тоҷик» пайваста бо мушкилоти саривақтӣ ва пурра пардохт кардани қимати нерӯи барқ ҳатто бо ин ҳаҷм дучор мешавад. Меъёри миёнаи пардохт аз ҷониби ҶСК «Барқи тоҷик» 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил медиҳад.
Қарзи «Барқи тоҷик» назди НБО-и Сангтӯда-1 дар давоми 10 моҳи соли 2024 қариб 550 млн сомонӣ зиёд шуда, то 31 октябр ба 3 млрд 560 миллион сомонӣ (беш аз 325 млн доллар) расид.
Шарҳу тавзеҳи “Барқи тоҷик”
Дар «Барқи тоҷик» ба ин даъвоҳо бо сабаби набудани бозорҳои берунӣ барои фурӯши барқ ва вазъи ногувори молиявии худ ҷавоб медиҳанд.
«Вазъи пешомада дар мавриди истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва пардохти ҳаҷми воқеии таъминоти барқ аз ҷониби НБО “Сангтӯда-1” дар фасли тобистон ба реҷаи маҷбурии кори ҷудои низоми энергетикии Тоҷикистон аз низоми энергетикии муттаҳиди Осиёи Марказӣ ва набудани имконият барои содироти барқ ба бозорҳои минтақавии берунӣ вобаста аст. Ин ҳолатҳо ва вазъи вазнини молиявии ШСХК «Барқи тоҷик» имкон надод, ки пардохти пурра ва саривақтии таъминоти ҷории барқ таъмин карда шавад», — зикр карда буд қаблан роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик».
Сабаби асосии ба вуҷуд омадани қарз назди нерӯгоҳро бо он шарҳ медиҳанд, ки арзиши барқи истеҳсолнамудаи нерӯгоҳ аз тарифи миёна барои истеъмолкунандагон баландтар аст.
Энергияи дар фасли тобистон аз ҷониби ин нерӯгоҳ истеҳсолшуда аз ҷониби ширкат ба Афғонистон бо арзиши беш аз 4,5 сент барои ҳар киловатт содир мешавад.
Аммо хатҳои мавҷудаи интиқоли барқ ҳаҷми содирот ба ин кишвари ҳамсояро маҳдуд мекунанд. Бозорҳои дигари чунин фоиданоки содироти барқ то ҳол вуҷуд надоранд.
Дар натиҷа, нерӯгоҳ дар фасли тобистон маҷбур аст миқдори зиёди обро бе истифода сар диҳад.
Дар мавсими зимистон бошад, ба гуфтаи намояндагони «Барқи тоҷик», ширкат барқро аз НБО “Сангтӯда-1” бо арзиши баландтар қабул карда, онро ба истеъмолкунандагон бо арзиши нисбатан пасттар мефурӯшад.
«Ин боиси ба вуҷуд омадани қарз гардида, дар натиҷа вазъи молиявии ширкат боз ҳам бадтар мешавад», — илома мекунанд дар ширкат.