Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои мақомоти андоз) фармон ба имзо расонид.

 

Мораторий воқеан кумак мекунад?

Дар ин санад ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд. Пас аз ин мораторий маврди амал қарор мегирад.

Дар тавзеҳот ба фармон, ки дар сомонаи президент нашру шуд, гуфта мешавад, иқдоми мазкур “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, тақвияти имконоти саноатӣ ва содиротӣ, рафъи санҷишҳои беасос ва такрорӣ, инчуин фароҳам овардани муҳити мусоид барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” рӯйи кор меояд.

Ёдрас мешавад, ки давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

“Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳволӣ мусоидат намуд”, - омадааст дар тавзеҳот.

Гуфта мешавад, муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим гардида, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро   муайян   намуда,   тартиби   татбиқи   мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Дар Қонун таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки мақомоти машваратӣ дар назди ҳукумат буда, ҳамкории мутақобила ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо таъмин мекунад, пешбинӣ шудааст.

Ба мониторинг (пайгирӣ)-и истифодаи моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибокорӣ мақомоти ваколатдор, яъне Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ машғул мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

 

Киҳо истисноянд?

Дар қонун зикр мегардад, ки мораторий ба санҷишҳо ба ҷуз ҳолатҳои зерин амал мекунад:

- агар оид ба таъмин нагардидани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандаи маҳсулот) ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ва ё дархост ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

- бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулёбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ;

- бар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;

- дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.

Чунин санҷишҳо пас аз огоҳии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъин ва баргузор шуда, дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ ба баргузории санҷиш дар ҳолати ворид накардани сабтҳо дар Китоби сабти санҷишҳо роҳ дода намешавад. Дар сурати мавҷуд набудани сабтҳо натиҷаи санҷишҳо ғайриҳаққонӣ шуморида мешаванд.

Карикатура аз торнамои vlysenko.livejournal.сom

 

Мақомоти санҷишӣ

Дар паёми ахири президент гуфта мешавад, ки шумори мақомоти санҷишӣ дар кишвар аз 31 то 23-то ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ аз 300 ҳазор дар соли 2016 то 42 ҳазор дар соли 2024 кам шудааст.

Мувофиқи қонунгузории кишвар, барои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ 23 мақомоти давлатии ваколатдори зерин ҳуқуқ доранд:

- оид ба ҳифзи муҳити зист;

- дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- оид ба нозироти давлатии бехатрии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

- оид ба телевизион ва радио;

- дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ;

- дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;

- дар соҳаи молия;

- оид ба нозироти энергетикӣ;

- оид ба назорат дар соҳаи бехатарӣ ва иншооти гидротехникӣ;

-дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- дар соҳаи амнияти озуқаворӣ;

- дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;

- дар соҳаи стандартикунонӣ, метрология, сертфикатсиякунонӣ ва нозироти савдо;

- дар соҳаи назорати санитарӣ-эпидемиологӣ;

- дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

- дар соҳаи нақлиёт;

- дар соҳаи алоқа;

- дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

- дар соҳаи маориф ва илм;

- дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;

- оид ба танзими муносибатҳои вобаста ба замин ва геодезия;

- дар соҳаи омор;

- дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

Масъалае, ки аз ҷониби як мақомоти санҷишӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, мувофиқи қонунгузорӣ наметавонад аз ҷониби дигар мақомоти санҷишӣ такрор ёбад.

Сурат: uza.uz

 

Фиреби назар

Дар суҳбат бо "Азия-Плюс" чанд соҳибкор гуфтанд, ки нисбат ба мораторияи қарибулвуқӯъ эҳсоси хосе надоранд.  Чунки ба гуфтаи онҳо мораторийҳо чандон кӯмак намекунанд. Яъне санҷишгарон мисли пешин кадом вақте ки хоҳанд, меоянд ва  маъмулан ҳар чизеро мехоҳанд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Соҳибкорон аз шикоят ба мақомоти дахлдор дар бораи санҷишҳои ғайриқонунӣ ҳарос доранд, зеро ба гуфтаи онҳо, дар ҳар сурат худи онҳо гунаҳкор хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ҳамаи мушкилотро маъмулан дар ҷои худ ҳал мекунанд.

Баъзе соҳибкорон, пеш аз ҳама намояндагони соҳибкории хурд, ҳуқуқ ва вазифаҳои худро начандон хуб медонанд. Аз ин рӯ, онҳо бе ҳеҷ гуна баҳс талаботи санҷишгаронро иҷро мекунанд.

Аммо истисноҳо низ ҳаст. Яъне вақте ки соҳибкорон ба меҳмонони "нохонда" муқобилият нишон медиҳанд. Дар бораи яке аз чунин мавридҳо қаблан ба "Азия-Плюс" роҳбари ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя» Наврӯз Одинаев изҳори назар карда буд. Ба ӯ барои ёрӣ соҳибкороне муроҷиат карданд, ки бо сармоягузории хориҷӣ кор мекарданд.

“Мо ба онҳо дар бақайдгирӣ кумак кардем ва онҳо ба фаъолият оғоз карданд. Баъди ду ҳафта онҳо занг зада гуфтанд: “Наврӯз, назди мо аз мақомоти андоз барои санҷиш омадаанд". Ман тахмин кардам, ки ин санҷиш ғайриқонунӣ аст ва гуфтам, ки ягон кор накунанд ва худам ба идораи онҳо рафтам. Ман худро ба санҷишгарон шинос карда, аз онҳо низ хоҳиш кардам, ки худро муаррифӣ кунанд. Онҳо аввал рад карданд, баъдан танҳо номҳои худро бе насаб гуфтанд, сипас пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро талаб карданд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки онҳо ҳуқуқи талаб кардани ҳуҷҷатҳоро надоранд. Дар ниҳояти кор онҳо фаҳмиданд, ки ман ҳуқуқшиносам ва аз ҳуқуқҳои мизоҷам огаҳам. Дар натиҷа онҳо гуфтанд, ки мераванд, аммо бо ҳуҷҷати расмӣ бармегарданд ва он гоҳ бо мо сахттар суҳбат мекунанд. Онҳо дигар барнагаштанд”, – нақл кард ҳуқуқшинос.
Карикатура аз сомонаи Fishki.net

Дар баробари соҳибкорони маҳаллӣ, сармоягузорони хориҷӣ низ аз санҷишҳои ғайриқонунӣ ва тез-тез дар давоми мораторийи қаблӣ шикоят мекарданд. Масалан, намояндагони «Халиқ Бонки Тоҷикистон» қаблан дар як суҳбат бо хабарнигори "Азия-Плюс" аз санҷишҳои бемавқеъ ва даъвоҳои беасос шикоят карда буданд, ки ба фурӯши бонк ва тарки ҷумҳурӣ кардани онҳо сабаб гардид.

Онҳо изҳор намуданд, ки дар шароити мавҷуда дигар наметавонанд дар ҷумҳурӣ кор кунанд.

“Бонки мо («Халиқ Бонки Қазоқистон») дар беш аз бист кишвари ҷаҳон фаъолият карда, фоида ба даст меорад. Мо ба Тоҷикистон бо ташаббуси сарони кишварҳоямон омадем. Дар ин ҷо даромади махсус надорем, он чӣ ба даст меорем, барои нигоҳдории бонк ва пардохти музд ва хидматрасонии кормандон – шаҳрвандони Тоҷикистон сарф мешавад. Дар ҳамин ҳол, қариб ҳар ҳафта касе меояд, санҷиш мегузаронад ва даъвоҳои беасос пешниҳод мекунад. Ба мо ин лозим нест”, – гуфта буд яке аз роҳбарони «Халиқ Бонки Тоҷикистон», ки моҳи ноябри соли 2022 дороиҳои худро ба бонки маҳаллӣ (ҶСК «Казкоммерсбонк Тоҷикистон») фурӯхта, ҷумҳуриро тарк кард.

Дар бораи санҷишҳои зиёди беасоси фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомот, президент низ дар паёми ахири худ ба парлумон низ изҳори нигаронӣ кард.

“Набояд ин гуна бошад”, – гуфт ӯ пеш аз пешниҳоди эълони мораторий ба санҷишҳо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.