ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ЯНВАР
Соли 1963 – Шаҳри Қайроқум (ҳоло Гулистони вилояти Суғд) таъсис дода шуд.
Соли 1964 – Дар корхонаи яхдонбарории Душанбе аввалин намунаи яхдони “Помир” истеҳсол гардид. Дертар бо вуҷуди хусусигардонӣ фаъолияти корхона ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва истеҳсоли яхдонҳо қатъ гардид.
Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Чин муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.
Соли 2009 – Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаи сохтмони НБО-и “Роғун” баррасӣ гардид.
Соли 2011 – Дар натиҷаи амалиёти махсус дар Рашт, дар деҳаи Руноб, Аловуддин Давлатов, машҳур бо лақаби Али Бедакӣ ва 7 нафар ҳамсафонаш кушта шуданд.
Соли 2018 – Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” аз рӯйи имконияти саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
Соли 2020 – Ӯзбекистон аз анҷоми минатозакунии сарҳади худ бо Тоҷикистон иттилоъ дод. Ин корҳо танҳо бо истифода аз нерӯ ва имкониятҳои Ӯзбекистон анҷом дода шуданд.
Соли 2021 – Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2021 ва аз рӯи баҳогузории Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун шаҳри сайёҳӣ эълон гардид.
Соли 2022 – Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ дар Тошканд меморандум дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба имзо карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1925 – Мавлуди Фозил Одилов, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ;
Фозил Одилов зодаи деҳаи Ярхаби ноҳияи Ғарм аст. Хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Душанбе буда, солиёни дароз дар мактабу маориф фаъолият доштааст. Сараввал ҳамчун сарояндаи ҳаваскор ба овозхонӣ машғул мешуд. Бештар аз осори классикон ва таронаҳои халқӣ мусуруд. “Дил меравад зи дастам”, “Мекунад бозӣ”, “Ошиқи ёрам”, “Ошиқи бечора”, “Чашмаки ту”, “Дилдори кӣ бошад”, “Кокули парешон”, “Духтари ҳамсоя” аз шумори беҳтарин сурудҳояш ҳастанд.
Соли1932 – Мавлуди Зуҳур Ҳабибуллоев, рассоми тоҷик, роҳбари гурӯҳи рассомоне, ки тарҳи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҳия намуданд.
Зуҳур Ҳабибуллоев бо тасвири мусаввараҳои нотакрораш дар санъати тоҷик нақши худро гузоштааст. Ӯ муаллифи мусаввараҳои “Сохтмони ГЭС-и Норак”, “Меҳмонхона дар Норак”, “Чӯпонони Қубониён”, “Натюрморти помирӣ” аст, ки баёнгари истеъдоди рассомии ӯянд. Ин мусаввир ҳамчунин дар ороиши бисёр биноҳои маъмурию фарҳангии пойтахт фаъолона иштирок кардааст.
Соли 1939 – Зодрӯзи Раҳмат Акбаров, доктори илмҳои физика ва математика;
Соли 1946 – Мавлуди Саидамир Аминов, олими соҳаи педагогика;
Соли 1947 – Мавлуди Яҳё Азимов, ходими давлатӣ, собиқ сарвазири Тоҷикистон;
Соли 1953 – Амонулло Ғоибов, доктори илми тиб;
Соли 1958 – Зодрӯзи Маҳмадулло Раҷабзода, забоншинос, номзади илмҳои педагогика;
Соли 1968 – Зодрӯзи Идигул Қосимзода, ходими давлатӣ, раиси собиқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон. Ӯ 22-юми июли 2021 бар асари бемории каронавирус дар синни 53-солагӣ даргузашт.
Соли 2019 – Файзинисо Ваҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар ҳамин рӯзи соли 1643, нобиғаи маъруфи ҷаҳонӣ Исаак Нютон таваллуд шуд. Ӯ физик, астроном, математик ва механики англис буда, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ – сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва Моҳ дар атрофи Заминро шарҳ додааст.
Ҳамасола, дар рӯзи таваллуди ин олими бузург ҷомеаи илмӣ Рӯзи Нютонро ҷашн мегирад. Олим қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд, сабаби мадду ҷазрро фаҳмонд. Вай ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралиро кор карда баромад, аберратсия ва парокандашавии шуоъро кашф намуд, интерференсия ва дифраксияро таҳқиқ кард, назарияи корпускулярии рӯшноиро такмил дод, телескопи оинагӣ низ ихтирои вай аст.
4 январи соли 2019 бори аввал ихтирои алифбои тифлопедагоги фаронсавӣ Луи Брайл, ки барои нобиноён ва сустбинон пешбинӣ шуда буд, ҷашн гирифта шуд.
Рӯзи ҷаҳонии алифбои Брайль, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи ноябри соли 2018 таъсис ёфта буд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти алифбои Брайл ҳамчун яке аз воситаҳои муошират барои татбиқи пурраи ҳуқуқҳои инсон барои шахсони нобино ва сустбин ҷашн гирифта мешавад.
4 январ Рӯзи ҷаҳонии гипноз ҷашн гирифта мешавад. Ин иди махсус соли 2006 таъсис ёфта, ба рӯзи вафоти доктор Ҷек Гибсон бахшида шудааст. Гипнотерапевти маъруфи ирландӣ қариб тамоми фаъолияти касбии худро ба табобати бемориҳои психосоматикӣ тавассути таъсири гипноз бахшида буд. Ӯ 4 январи соли 2005 аз олам даргузашт.
Дар ИМА имрӯз Рӯзи миллии спагетти таҷлил мешавад. Спагетти яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи макаронӣ дар Амрико низ мебошад. Соли 2000 дар мағозаҳои озуқавории амрикоӣ 1,3 миллион фунт спагетти фурӯхта шуд. Агар ҳамаи спагеттиҳои фурӯхташударо дар як хат қарор диҳем, онҳо метавонанд нӯҳ маротиба Заминро иҳота кунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо бориши барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º (дар н. Лахш 8-10º сард), рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 18-23º то 28-33º сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш аъзои Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тӯтӣ ва устоди суханомӯз”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2025
15 овозхони шинохта дар як саҳна, сурудҳои писандида ва дунёе аз эҳсосот. “Tarona Music Award-2024” чӣ гуна гузашт?
Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста