ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ЯНВАР
Соли 1965 – Ноҳияҳои Вахш ва Комсомолобод (феълан Нуробод) ташкил шуданд.
Соли 2006 – Аз колонияи ислоҳӣ ва меҳнатии №19-и шаҳри Хуҷанд ду маҳбус фирор карданд.
Соли 2010 – Дар Тоҷикистон маъракаи оммавии фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО-и Роғун” оғоз гардид.
Соли 2014 – ҶСК “Спитамен Бонк” таъсис ёфт.
Соли 2019 – Ҳукумат Вазорати молияро вазифадор кард, ки дар сомонаи расмии худ ҳар семоҳа маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатиро нашр кунад.
Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) намунаи санади суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии моликони воситаҳои нақлиётро тасдиқ кард.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” фармон имзо кард.
Соли 2022 – Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфт, Тоҷикистон дар амалиёти СПАД дар Қазоқистон иштирок мекунад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1883 – Зодрӯзи Ҷуброн Халил Ҷуброн, яке аз нависандагони овозадори араб.
Ӯ соли 1883 дар Лубнон ба дунё омад. Соли 1931 бар асари бемории сил дар авҷи камолоти эҷодӣ аз олам даргузашт. Ӯ чун сарояндаи назму наср ба забонҳои арабиву англисӣ шинохта шуда, асарҳои ӯ, аз ҷумла “Арӯсҳои марғзор”, “Ошӯбгарон”, “Болҳои шикаста”, “Ҳайрат ва муҷиза”, “Исо - зодаи одам” дар ҷаҳон маъруф гардидаанд.
Соли 1929 – Мавлуди Неъматулло Усмонов, олим, доктори илмҳои тиб, академик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
Ӯ солҳо дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №1 шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) фаъолият карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири кафедраи ҷарроҳӣ ва профессори ин донишгоҳ буд.
Неъматулло Усмонов муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ аст. Ӯ 7 декабри соли 2012 дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1937 – Зодрӯзи Мукаррама Камолова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Мукаррама Камолова духтари дирижёр Аъзам Камолов буда, бо иҷрои нақши Зайнаб дар филми “Ҳасани аробакаш” маъруф гардидааст. Ӯ инчунин дар филми “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.
Соли 1945 – Зодрӯзи Раҳматҷон Охунов, кимиёдон, доктори илмҳои химия.
Соли 1960 – Нимо Юшиҷ, шоири эронӣ, мунаққиди адабӣ, ҳунаршинос дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.
Ӯ аввалин гӯяндаи шеъри сафед дар Эрон буд. Номи аслиаш Алии Исфандиёрӣ буда, соли 1898 дар рустои Юш, ки тобеи Мозандарон буд, ба дунё омад. Ӯ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.
Дар шеърсароӣ Нимо Юшиҷро ба худ тахаллуси адабӣ қарор дод. “Қиссаи рангпарида”, “Фарёди дигар”, “Анкабути зард”, “Дунё хонаи ман аст”, “Об дар хобгаҳи мӯрчагон” аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1838 ихтироъкори амрикоӣ Самуэл Морзе бори аввал дастгоҳи телеграфии худро ба маърази тамошои умум гузошт.
Ин рӯйдод дар шаҳри Морристауни иёлати Ню Ҷерсии ИМА сурат гирифт. Ихтирои Морзе қадами бузург дар пешрафти иртиботот буд, ки тавонист паёмҳоро дар масофаҳои дароз бо истифода аз сигналҳои барқӣ интиқол диҳад.
Имрӯз ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдакони дар ҷанг ятимшуда таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ибтикори созмони башардӯстонаи фаронсавии SOS Enfants en Detresse муқаррар гардидааст.
Тибқи гузориши "Ҷанг бар зидди кӯдакон" ("Война против детей") аз тарафи созмони Save the Children (Кӯдаконро ҳифз кунед) ҳар шашум кӯдак дар ҷаҳон дар минтақаи низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунад. Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масоил аст. Даҳҳо ҳазор духтарон ва писарон дар кишварҳои ҷангзада қурбон шуда, аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳ барои истифода ҳамчун сарбоз рабуда мешаванд. Савдои кӯдакон барои интиқол ба ғуломии ҷинсӣ, гирифтани узвҳои дохилӣ барои трансплантатсия аз воқеиятҳои сахти ҳар як ҷанг мебошанд.
6 январ Рӯзи дарахти себ таҷлил мегардад. Ин сана бо ҷашнҳои Соли нав ва Мавлуди Исо рост меояд.
Дарахти мевадиҳандаи себ 8500 сол инҷониб аз тарафи инсонҳо парвариш меёбад. Яке аз афсонаҳои маъруфи Юнони қадим, супоридани себи тиллоӣ ба худои Афродита бо навиштаҷоти “Зеботарин” мебошад. Ин рӯйдод сабаби оғози ҷанги Троя шуда буд. Ибораи “себи ихтилоф”, ки таърихнигори римӣ - Юстин истифода бурдааст, ишора ба чизи ночиз ё рӯйдодест, ки метавонад оқибатҳои бузург ва харобиовар дошта бошад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф ва рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º сард (дар н. Лахш 9-11º сард), рӯзона -1+4º (дар н. Лахш 2-4º сард).
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 18-23º то 26-31º сард, рӯзона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 0-2º сард.
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд
Идомаи тағйироти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру ноҳия ва ду кумита дигар шуданд
Вазорати тандурустӣ гуфт, “Мета Пневмовирус” дар Тоҷикистон сабт нашудааст
Сафар ба Амрико, пули зиёд, бахти сафед ба духтарон… Сокинон аз соли 2025 чӣ интизоранд?
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳои боркаш пурзӯр шуд
Беш аз 39 млн рубли муҳоҷиронро баргардониданд. Намояндагии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, шартномаи меҳнатӣ банданд
Аз 1 январ иҷораи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон гарон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Овози тӯлаи сагҳо дар шиками модар”
Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон бо гумони қочоқи 23 гов ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста