Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар як баёнияи худ гуфтааст, ки соли гузашта дар Афғонистони таҳти ҳукумати “Толибон” дастикам 12 расона комилан баста шуда, 25 рӯзноманигор аз сӯи маъмурони ин ҳукумат боздошт шудаанд.
Ин созмони байналмилалӣ бори дигар аз вазъи озодии баён дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфтаст, ки дар ҳоло дар ин кишвар расонаҳо иҷозаи нашри мусиқӣ, қиссаҳо, тасвири мавҷудоти зинда ва шарҳи хабарҳо дар бораи ҳукумати “Толибон”-ро надоранд, зеро Толибон инро як амали “ғайриқонунӣ” медонанд.
Бар асоси ин гузориш, дар соли равон дар пайи хабару гузоришҳо 11 телевизион ва 1 радио маҷбур шудаанд, фаъолияташонро комилан қатъ кунанд.
Ҳамчунин, 3 шабакаи радиоӣ муваққатан баста шуда, “Толибон” ба онҳо ваъда додаанд, ки агар онҳо аз навохтани мусиқӣ даст кашанд, пас аз чанд муддат метавонанд фаъолияти родиоии худро аз сар бигиранд.
Ин расонаҳо дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул, Қандаҳор, Нангарҳор, Ҳилманд, Тахор, Бодғис, Лағмон ва Хуст фаъолият мекардаанд.
Дар асоси гузориши Гузоришгарони бидуни марз, телевизионии “Орзу” яке аз охирин расонаҳо будааст, ки рӯзи 4-уми декабр “мавриди ҳамла Толибон қарор гирифтааст”.
“Теъдоде аз маъмурони Сарраёсати истихборот (Хадамоти истихборотии Толибон), ки бо ҳамроҳии як намояндаи Вазорати хориҷаи Толибон буданд, ба идораи телевизионии “Орзу” дар Кобул бо ҳадафи “амри маъруф ва наҳй аз мункар” ҳамла кардаанд”, - омадааст дар гузориши Гузоришгарони бидуни марз.
Яке аз шоҳидони ин ҳамлаи Толибон ба шарти ифшо нашудани номаш бо Гузоришгарони бидуни марз сӯҳбат карда, изҳор доштааст, ки Толибон вориди идораи телевизиони “Орзу” шуда, коргаронро дашном дода, бо онҳо муносибати бераҳмона карда, чанд телефон, 6 диск ва 3 компютери онҳоро гирифта бурданд”.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Гузоришгарони бидуни марз, 7 корманди ин шабака, бо шумули Амонуллоҳ Азимӣ, раиси дафтари телевизиони “Орзу” ва Холид Баракзай, ровии ин телевизион, боздошт ва ба зиндони Пуличархи Кобул бурда шуданд.
Толибон гуфтаанд, ки ин шабакаи телевизионӣ силсилафилмҳои “бар хилофи арзишҳои исломӣ” пахш мекардааст.
Ба гуфтаи Гузоришгарони бидуни марз, аз замони ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дастикам 141 хабарнигор аз сӯи Толибон боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат, ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста