Як сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо истифода аз корд падарандарашро куштааст. Мақомоти пулис ноболиғро боздошт ва нисбташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми ноябр, тақрибан соати 22-и шаб ноболиғи 17 сола А.Б. дар пайи муноқишаи падарандараш Андрей Абдуллоеви 64-сола ва модараш бо корд падарандарашро захмӣ кардааст. Дар натиҷа падарандари ноболиғ ҷароҳат бардошта, фавтидааст.
“Ҳаминҷо кордчаро гирифта тарафи ман омад, аз дасташ кордчаро гирифтам, тела кардам, ки афтод. Баъдан маро зад, ман бо сар ӯро задам, ки аз сараш хун омад. Ӯ сахттар заданро сар кард, кордчаро гирифтам ва ба пуштам задам, кашидаму як бори дигар задам”, - нақл мекунад ноболиғ.
Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур нисбати А.Б. бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодеки ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ин аввалин хабари мақомот оид ба ҷинояткорӣ миёни наврасону ноболиғон нест. Моҳи августи соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Пулис дар робита ба ин ҳодиса 6 нафарро ҳамчун гумонбар дастгир карда, нисбаташон бо моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (Абошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор чор ноболиғ кушта шудаанд.
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Тарзи баҳодиҳии донистани забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон бозбинӣ мешавад
Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон ба Эрон оғоз шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур, Гусфанд, Гов ва дастаи алаф”
“Баргардонидани номи неки ҳизб”. Раиси ҲДТ ҳадафи аслии ширкати ҳизбаш дар интихоботи парлумониро гуфт
«Азия-Плюс» ба муассисаи ислоҳии кӯдакон зиёда аз 300 китоб ҳадя кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2025
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста