Рӯзи 14 феврал ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” иқдоми хайрхоҳонае анҷом дода, бастаи китобҳо ва лавозимоти канселяриро ба муассисаи ислоҳии кӯдакона дар Душанбе супурд. Дар ин ташаббус на танҳо кормандони расона, балки корбарони мо низ ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ҷамъоварии китобҳо ба мо блогер Шоира Пӯлодова кумак кард.

Китобҳо барои муассиса хелел заруранд. Китобҳое, ки дар он ҳастанд, кайҳо боз чандин маротиба хонда шудаанд. Бинобар ин, Мансурҷон Умаров, роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ (СРИҶҶ), ташаббуси моро бо хушнудӣ дастгирӣ кард.

Дар маҷмӯъ, ба муассиса зиёда аз 300 китоб бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, инчунин дафтару албом, қалам ва дигар лавозимоти канселярӣ тақдим шуд.

Онҳо захираи китобхонаи мактаби навбунёди муассиаро ғанӣ мегардонанд. Моҳи сентябри соли гузашта дар ин ҷо мактаби миёнаи №12 ифтитоҳ гардида, акнун ҳамаи маҳкумшудагони наврасро бо таҳсил фаро гирифтааст.

Сурат: Asia-Plus

Мактаб бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла кабинетҳои тахассусӣ, муҷаҳҳаз аст.

Сардори муассиса Фароҳод Саидов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ин муассиса реҷаи қатъӣ риоя мешавад: ҳар рӯз аз соати 14:00 то 16:00 вақти ҳатмии мутолиаи китобҳо муайян шудааст.

Наврасон хабарнигорони “Азия-Плюс”-ро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Онҳо худашон ҳамаи китобҳои овардаро ба китобхона бурда, дуруст рӯи мизҳо гузоштанд. Барои бисёре аз онҳо китоб хондан машғулияти дӯстдошта мебошад.

Аз машғулияти дӯстдошта (хобби) то озмун

Яке аз наврасоне, ки шаш моҳ дар ин ҷо адои ҷазо мекунад, изҳор дошт, ки тақрибан ҳамаи китобҳоро мутолиа кардааст ва доимо дар ҷустуҷӯи асарҳои нав, бахусус осори бадеӣ аст.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи наврас, ӯ орзу дорад, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок кунад. Ин наврас ба забонҳои русӣ ва англисӣ озодона гуфтугӯ карда, китобхонӣ машғулияти дӯстдоштааш аст.

«Ҳар рӯз мисли мактабҳои маъмулӣ мо дарс мехонем ва сипас ба мутолиаи китоб машғул шуда, истироҳат мекунем», – гуфт ӯ.

Ӯ дар ҳаёти муассиса ва озмунҳои гуногун фаъолона иштирок карда, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки сарнавишти худро тағйир диҳад.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи сардори муассиса, ҳоло роҳбарият маҳз дар фикри он аст, ки барои маҳкумшудагон имконияти иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Шоҳномахонӣ” шароит фароҳам орад. Вай итминон дорад, ки ин наврасон метавонанд ҷойҳои шоистаро ишғол кунанд.

... Айни замон зиёда аз 100 навраси аз 14 то 18-сола дар муассиса қарор дошта, ҳар кадоме аз онҳо тақдири худро дорад.

“Бархе аз онҳо дар оилаҳои маърифатнок ба дунё омада, тарбияи хуб доранд, аммо ба роҳи нодуруст рафтаанд. Дигарон, баръакс, аз таваҷҷуҳи кофии оила маҳрум шуда, эҳтимол дар натиҷаи баъзе ҳолатҳо ин ҷо афтодаанд. Аммо ҳамаи онҳо ҳоло дар ин муассисаи ислоҳӣ қарор дошта, барои тағйир додани ҳаёти худ имконият доранд”, – мегӯяд Фарҳод Саидов.
Сурат: Asia-Plus

Вақте ки маҳкумшудагон ба синни балоғат мерасанду аммо муҳлати ҷазояшон ҳанӯз ба поён нарасидааст, онҳоро ба муассисаи ислоҳии калонсолон мегузаронанд. Муҳлати ҳадди аксари ҷазо барои онҳое, ки дар ин муассиса қарор доранд, 7 сол аст. Бархе аз маҳкумшудагон метавонанд шартан пеш аз муҳлат озод шаванд ё ҷазояшон сабуктар шавад.

Дар ин ҷо наврасон имконият доранд, ки ҳар рӯз бо волидони худ мулоқот кунанд ва аксари онҳо ҳар рӯз бо наздикони худ вомехӯранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.