Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) яке аз аввалин ҳизбҳои сиёсии кишвар аст, ки ҳанӯз дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа таъсири муаасир дошт. Чеҳраҳои зиёди шинохта узви ин ҳизб буданд ва теъдоде аз онҳо дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар музокироти сулҳ низ иштирок карданд.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар арафаи интихоботи парлумонии соли равон бо раисони ҳазбҳои сиёсии кишвар дар робита ба барнома ва ҳадафи ширкаташон дар ин маъаракаи сиёсӣ суҳбат кунад.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ин ҳизб барои муддате боздошта шуд, аммо он баъди имзои Созишномаи сулҳ аз нав ба фаъолияти расмӣ пардохт.

ҲДТ ҳарчанд дар солҳои аввали касби истиқлол чун як нерӯи муассири сиёсӣ муаррифӣ мешуд, аммо баъдтар ба мушкили дохилиҳизбӣ печид. Ҳизб ба ҷиноҳҳо тақсим шуд, муассиси ҳизб ба таври ҳамеша ба хориҷ рафт, ду раис ва як узви раёсати он барои муддати дароз равонаи зиндон шуданд.

Яке аз раисони зиндонишудаи ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода аст, ки оғози ҳамин моҳ бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои “бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ва “хиёнат ба давлат” муттаҳам гардид ва ба 27 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ягона вакили ҲДТ дар парлумон буд.

Пеш аз боздошт, Усмонзода дар як шароити мармуз аз роҳбарии ҳизб ҳам барканор карда шуд. Ҳамроҳи ӯ Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси ҳизб ҳам барои 19 сол равонаи зиндон шуд.

Дар чунин шароит, роҳбарии ҳизбро Шаҳбози Аброр, узви Шӯрои сиёсии ҲДТ, ки то ин лаҳза барои ҷомеа чеҳраи на он қадар шинос буд, ба зимма гирифт. Суҳбати мо ҳам бо ӯ аз ҳаводиси ахир дар атрофи ҲДТ оғоз ёфт.

 

“Ҳизб бадном шуд”

- Дар арафаи интихоботи парлумонӣ ду узви раёсати ҲДТ ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Ин ба ҳизб чӣ таъсир гузошт ва ҳоло он дар кадом шароит аст?

- Кирдори роҳбарияти қаблӣ то андозае мардумро ба як ҳолати шокӣ овард. Ҳизб бадном шуд. Одамон аз он худро канор мегиранд. Ин кор моро чанд зина қафо бурд. Ба аъзои ҳизб ҳам таъсири бад расонид.

Акнун қадами аввали мо барқарор кардани номи неки ҳизб аст. Барои ин мо шахсони шинохта ва ҷавонони дар ҷомеа мавқеъдоштаро ба сафи ҳизб ҷалб мекунем. Ҷавононро узви Шӯрои сиёсӣ ҳам кардем. Корҳои таблиғотиро бештар мекунем ва ба ин васила мехоҳем ба ҷомеа расонем, ки ҳадафи ҲДТ созандагӣ аст.

Саидҷаъфар Усмонзода ва Аҳмадшоҳ Комилзода
Коллажи "Азия-Плюс"

- Пеш аз боздошт Усмонзода бо шумо барои роҳбарии ҳизб даъво дошт. Боздошти ӯ барои шумо то куҷо ғайринтизор буд?

- Ҳама печида буд, хабари боздошт якбора пайдо шуд. То кадом андоза гунаҳкор ё бегуноҳии ӯро сохторҳои тафтишотии мақомоти қудратӣ худашон медонанд. Мо аз корҳои ӯ огоҳ ҳам нестем ва ҳар чӣ ки карда бошанд, ҷавоб хоҳанд дод.

Аммо ин масъала ба раиси ҳизб интихоб шудани ман рабт надорад. Хулоса, ҳамааш болои ҳам омад ва мо худамон ҳам то ҳозир пайхас намекунем, ки чӣ гуна чунин ҳолат шуд.

- Аҳмадшоҳ Комилзода дар раванди интихоби шумо дар паҳлӯятон буд ва аз шумо ҳимоят мекард. Чӣ гуна шуд, ки ӯ ҳам дар “парвандаи табаддулот” якҷо бо Усмонзода боздошт ва ҳабс гардид?

- Ман ҳам то ҳозир ҳамин чизро намедонам. Шояд мақомот далеле доранд, ки мо огоҳ нестем. Аммо касе аз Комилзода ва Усмонзода ин боварро надошт. Вале одамро шинохта намешавад. Ман намедонам, ки онҳо дар ин кор олуда буданд, ё набуданд, инро танҳо худи онҳо, мақомот ва Худо медонад. Аммо Комилзода устоди мо буд, эҳтиромаш доштаму дорам.

 

Номи нек ва курсӣ дар парлумон

- Эътироф бояд кард, ки айни ҳол вазъи ҲДТ ҳаваскунанда нест. Дар чунин шароит, бо чӣ умед вориди корзори интихобот мешавед?

- Вақте вориди корзори интихоботӣ шудед, ҳадаф тақвияти мавқеи сиёсии ҳизб аст. Мо ҳам дар доираи имконияте, ки ҳизб баъди ҳаводиси охир дорад, номзадҳои худро пешниҳод кардем.

Аз ҷумла, номзадии худам аз рӯйхати ҳизбӣ аст ва ин ба он маънист, ки такя ба ҳизб ва боварӣ ба он дорам. Мо талош мекунем, мавқеи ҳизбро устувор кунем.

Анҷумани ҲДТ, ки дар он Шаҳбози Аброр раиси ҳизб интихоб шуд

Барномаву оинномаву ҳадафҳои ҳизб дигар нашудаанд, зеро ба манфиати мардум, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Мо мехоҳем ин ҳадафи созандагии худро ба мардум расонем.

- Яъне ҳадафи аслӣ барқарор кардани “номи неки ҳизб” аст, на ба даст овардани курсии бештар дар парлумон?

- Ҳадафи аввал ба даст овардани курсӣ аст. Аммо мо воқеъбин ҳастем ва дарк мекунем, ки аввал бояд номи неки ҳизбро барқарор кунем, пасон курсӣ гирем. Намешавад гӯем, ки ба мо овоз диҳед, чун дар ин ҳолат посух мегирем, ки “собиқ раисатон фалонӣ аст, шояд ҳадафи ту ҳам дигар аст”.

- Чӣ тавр ин корро мекунед?

- Бо мардум вохӯриҳо гузаронида, ҳадафҳоямонро мегӯем. Яъне бо роҳи муаррифӣ кардани барнома ва ҳадафҳои ҳизб дар баробари дигар ҳизбҳо. Мо ягон касро маҷбур карда, овоз ба даст намеорем.

- То ин лаҳза ҲДТ дар парлумон як курсӣ дошт. Бовар доред, ки ҳадди ақал онро ҳифз  мекунед?

- Талош мекунем, ки натанҳо ҳифз кунем, балки бештар намоем.

- Ин имконро доред?

- Мо қаблан як намоянда дар парлумон доштем, дигар ҳеҷ чиз. Ҳоло дафтари корӣ дорем, гурӯҳи корӣ таъсис додаем, ки барои таҳлили зарфиятҳову фароҳам овардани имкониятҳо кор мекунад.

Ҳифзи ягона курсӣ дар парлумон ё зиёд кардани он албатта аз иродаи интихобкунанда вобаста аст. Мо бовар дорем, ки онҳо ба мо раъй хоҳанд дод.

- Барои чӣ интихобкунанда ба ҲДТ раъй диҳад?

- Мо барномаи пешазинтихоботӣ дорем. Дар он ҳама ҳадафҳои мо навишта шудааст ва он танҳо ба некуаҳволии мардум ва рушди ҳама соҳаҳо равона шудааст.

Масалан, мо пешниҳод мекунем, ки маоши омӯзгорон дар мактабҳо бояд баланд бардошта шавад. Талабот аз омӯзгорон ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Ҳар гуна пулситонӣ ва ришваситонӣ дар низоми маориф комилан решакан карда шавад.


Ё пешниҳоди дигари мо ба бозбинии сохтор ва фаъолияти “Тоҷикматлубот” вобаста аст. Шеваи фаъолияти ин сохтор куҳна шудааст ва дар ҷомеа таъсири зиёд надорад. Бояд сохтори он бозбинӣ шавад. Шумораи кормандон ва муассисаҳояш зиёд карда шавад. Инчунин, ин соҳа бояд соҳиби бонки худ бошад ва бо кишварҳои хориҷӣ мустақим хариду фурӯш кунад. Ин ниҳод бояд маҳсулот ворид кунад ва дар бозор нархро поён биёрад. Аммо мутаассифона ин корро намекунад.

Ин танҳо ду пешниҳоди мо буд. Фикр мекунам, баъди шинос шудан бо барномаи пешазинтихоботии мо, интихобкунандагон ба он таваҷҷуҳ мекунанд ва ба мо раъй медиҳанд.

 

“Ҳуҷҷатҳои ҳизб парешонанд”

- Шумо 6 моҳ пеш раиси ҳизб шудед. Дар ин муддат чӣ кор кардед?

- Баъди тағйироти раёсат аз пайи ислоҳу ҷамъоварии баъзе ҳуҷҷатҳои парешони ҳизб шудем, ҷавонони пурталош ва пурэнержиро ба ҳизб ҷалб кардем.

Пасон, муҳлат ки кӯтоҳ буд, омодагӣ ба маъракаи интихоботи пешорӯй оғоз шуд. Аз ҷумла, моҳи декабр анҷуман баргузор карда, номзадҳоямонро пешниҳод кардем.

- Ҳоло ҲДТ чанд узв дорад?

- Раиси пешини ҳизб ба Вазорати адлия пешниҳод карда буд, ки ҲДТ 87 ҳазор узв дорад. Аммо тавре гуфтам, ҳуҷҷатҳои ҳизб парешонанд ва мо теъдоди аниқи узви ҳизбро намедонем. Ҳоло ҳамаро дақиқ мекунем.

- Намедонед, ки чанд узв доред, вале вориди корзори интихобот мешавед?

- Бале, мо ба иродаи интихобкунанда эътимод мекунем. Ҳарчанд теъдоди узви ҳизб дақиқ нест, аммо интихобкунанда ба барномаи мо овоз медиҳад.

 

“Аз касе пул нагирифтаем”

- Баъзе коршиносон ғайр аз ҲХДТ дигар ҳизбҳоро “кисагӣ” меноманд. Чӣ далеле доред, ин иддаоро рад кунад?

- Ҳар кас, ҳар чӣ мегӯяд. Вале мо аз касе маблағе нагирифтаем, пас чӣ гуна киссагӣ буда метавонем? ҲДТ ба нерӯи худ бовар дорад, барномаи худро дорад ва роҳи худро дорад.

Шаҳбози Аброр зимни суҳбат бо "Азия-Плюс"

- Дар маъракаи интихоботӣ аз кадом шеваҳои таблиғ кор мегиред?

- Ба расонаҳо такя мекунем, онҳо ба мо минбар медиҳанд ва мо аз он ба таври зарурӣ истифода мебарем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳастем. Имрӯз агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама номи ҲДТ зикр мешавад.

- Ва ин албатта ба моҷароҳое вобаста аст, ки ахиран ба сари раиси пешини ҳизб омад...

- Ин ҳам як роҳи таблиғ аст. Ба қавле, “таблиғи сиёҳ ҳам таблиғ аст”. ҲДТ нисбати дигар ҳизбҳо фаъолтар аст. Ҳатто дар анҷуман ё Шӯроҳои сиёсӣ, ки ҲДТ мегузаронид, дар муқоиса бо дигар ҳизбҳо, журналистони зиёд меоянд ва дар расонаҳо бисёр хуб пӯшиш мешавад.

- Чунин наменамояд, ки фазои пешазинтихоботӣ дар кишвар бисёр ором аст?

- Не, ҳоло миёни номзадҳо рақобат ҳаст, тахминзаниву таносубгузориҳо ҳам ҳаст, ки кадом номзад арзандатар аст. Инчунин, дар пеш номзадҳо назди интихобкунандагон баромад мекунанд, ки ин ҳам ба раванди интихобот таъсир мерасонад.

“Фазои ором” аз он ҳам ҳаст, ки расонаҳо ба интихобот ва ҳизбҳо камтар таваҷҷуҳ доранд, ҳизбҳо ҳам аз эҳтиёт кор мегиранд ва на ҳамеша ба расонаҳо муроҷиат мекунанд. Ҳизбҳо ҳарос доранд, ки хароҷот зиёд мешавад ё ҳарфи онҳо нодуруст пешниҳод мегардад. Расонаҳо интизоранд, ки ба онҳо муроҷиат кунанд ва баъд дар бораи интихоботу кори ҳизбҳо нависанд.

Ман ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ ва номзад ба курсии порлумон аз фазои пешазинтихоботӣ розӣ ҳастам.

- ҲДТ аз рӯйхати ҳизбӣ 5 нафарро пешниҳод карда буд, вале КМИР 3 номзадро сабт кард. Сабаби сабти ном нашудани ду номзади пешниҳодкардаи шумо чӣ буд?

- Аз рӯйхати ҳизбӣ ман – раиси ҳизб, Зуҳро Мирзоева, муовини аввали раиси ҳизб, ҳуқуқшиноси Колегияи адвокатҳо ва Илёс Саидҷаъфаров, раиси созмони ҳизб дар минтақаи Рашт, омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории минтақаи Рашт ба қайд гирифта шудаем.

Ду номзад, яке Фатҳиддин Солеҳзода бо сабаби раиси ноҳияи Нуробод таъйин шудан аз номзадӣ даст кашид ва дигаре Ҷаббор Юлдошев, ки бо хоҳиши худ аз рӯйхати ҳизбӣ даст кашид ва аз ҳавҳаи якмандатӣ вориди корзори интихобот шуд.

Номзадҳои ҲДТ

- Аз ҳавзаҳои якмандата чанд номзад пешниҳод шудааст ва онҳо кистанд?

- Аз рӯйхати якмандатӣ ҳам 3 номзад пешниҳод шудааст: Алишер Идизода, устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон аз ҳавзаи Сино №4 (Душанбе), Мурасса Наврӯзқулов, роҳбари ширкати “Помир 777” аз ҳавзаи №40 Ванҷ (ВМКБ) ва Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд аз ҳавзаи Бобоҷон Ғафуров №14 (Суғд).

- Саволи охирин ҳам ба “таҷрибаи талх”-и роҳбарони ҲДТ дахл дорад. Аксари роҳбарони ҲДТ бо моҷаро сари мансаб омадаву бисёр талху дарднок аз он канор зада шудаанд. Оё аз такрори ин таҷриба ҳарос надоред?

- Вақте вориди сиёсат мешавӣ, бояд дигар аз чизе тарс надошта бошӣ. Агар ман аз уҳдаи роҳбарии ҳизб набароям ва гурӯҳи наве пайдо шавад, тавонад, ки беҳтар аз ман кор кунад ва аъзои ҳизбро зиёд кунад, нуфузи онро боло барад ва гӯяд, ки шумо натавонистед, равед ва аксарият онҳоро ҷонибдорӣ кунанд, меравам. Ин беҳтар аз оне аст, ки бар хилофи иродаи аксарият, дар курсии ҳизб худро маҳкам бандам. Яъне аз рафтан ягон тарсу ҳаросе надорам. Ин сиёсат аст.

Ин табиати ҲДТ аст, зеро дар он демократҳо ҷамъ омадаанд ва андешаи озод доранду онро иброз менамоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.