ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 МАРТ

Соли 1934 — шумораи нахустини рӯзномаи «Коргари Ходжант» (баъдтар «Ленинабадская правда», ҳоло «Согдийская правда») аз чоп баромад.

Соли 1989 – Аввалин озмуни ҷумҳуриявии “Маликаи Наврӯз” баргузор гардид.

Соли 2002 – Раиси Кумитаи ҳифзи сулҳ Валентина Терешкова ба Президенти Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии ба номи "Пётри бзург"-ро супорид.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон бори аввал Фестивали фарҳанг ва сайёҳӣ дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Ҳасан Ирфон, тарҷумон ва нависандаи тоҷик.

Соли 1904 – Зодрӯзи Муҳиддин Аминзода, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Муҳиддин Аминзода

Муҳиддин Аминзода бо шеърҳои ватанпарастона, ҳаҷвияҳои тезу тунд ва тарҷумаҳои устодонааш шинохта мешавад. Ӯ на танҳо шоири боистеъдод, балки тарҷумон, драматург ва мураббии наслҳои ояндаи адабиёти тоҷик буд.

Зиндагии эҷодии Муҳиддин Аминзода асосан бо шаҳри Хуҷанд пайванд дошт. Ӯ солҳои тӯлонӣ роҳбари адабии Театри драмаи мусиқии Хуҷанд буд ва дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ дарс мегуфт.  

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз ҷумла “Шеърҳо”, “Чаман”, “Баҳори Ватан” ва “Баҳори дил” аз намунаҳои беҳтарини назми шӯравии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Дар шеърҳои ҳаҷвии ӯ монанди “Моҷарои валенк” ва “Асп ва генерал” тарсуӣ ва ҷаҳолати фашистон ба таври шадид интиқод мешавад.

Соли 1927 – Мавлуди Абдумалик Баҳорӣ, нависанда, шоир ва драматурги тоҷик.

Абдумалик Баҳорӣ

Абдумалик Баҳорӣ яке аз адибони маъруфи тоҷик буд, ки дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим гузоштааст. Ӯ фаъолияти адабиро бо шеър оғоз намуда, сипас ба наср, драматургия ва тарҷума рӯ овард.

Ӯ аввалин нависандаи тоҷик аст, ки насри фантастикиро бунёд гузошт. Маҷмӯаи “Ҷуръати доктор Мансур” аз аввалин асарҳои фантастикии ӯст, ки масъалаҳои илму техника ва ояндаи инсониятро ба тасвир мекашад.

Қиссаҳои сегонаи ӯ – “Занбӯри айнакдор”, “Аҷоиботи Нодар” ва “Бозгашт” аз асарҳои намоёни фантастикӣ ба шумор мераванд. Песаҳои машҳури ӯ, аз қабили “Фармони Кадушоҳ”, “Корвон равон аст” ва “Сирри пурасрор” бо мазмуни амиқ ва танқиди ҳаҷвии иҷтимоӣ маъруфанд.

Дар қиссаҳои воқеии худ, ба мисли “Қаймоқи гирди коса” ва “Дили гумҷӯ” муаммоҳои иҷтимоӣ, муҳаббат ва арзишҳои инсонро бо забони равон ва равшан ба тасвир кашидааст.

Абдумалик Баҳорӣ барои кӯдакон низ осори зиёде эҷод кардааст. Повестҳо ва ҳикояҳои ӯ, ба монанди “Ошноҳо” ва “Себи тило” бо забони сода ва мавзӯъҳои ҷолиб ба дили хонандагони хурдсол роҳ ёфтаанд.

Соли 1943 – Зодрӯзи Мунира Шаҳидӣ, олими шарқшинос, санъатшиноси тоҷик.

Мунира Шаҳидӣ

Соли 1964 бахши англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогии Киевро хатм карда, дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Муассиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Шаҳидӣ мебошад.

Мунира Шаҳидӣ муаллифи беш аз 80 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монографияи “Ибни Сино ва Данте” мебошад. Соли 2004–2005 ҳамчун эксперти ЮНЕСКО фаъолият карда, узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса ва Институти Шветсия буд.

Соли 1950- Зодрӯзи Муҳриддин Ашӯров, арбоби низомии тоҷик, генерал-лейтенант (1999), Қаҳрамони Русия (2000).

Соли 1961- Зодрӯзи Абдусалом Мирализода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Соли 1962 – Мавлуди Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Шодихони Ҷамшед

Шодихон Ҷамшед соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Баъди чанд соли фаъолият дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ ва Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ таъин шуд ва то соли 2008 дар ин маснад кор кард.

Баъди ин, як сол сардори Раёсати тандурустии ВМКБ буд ва баъд ба корҳои сиёсӣ машғул шуд. Аз соли 2009 то соли 2013  раиси ноҳияи Шуғнон ва аз 2013 то 2018 раиси ВМКБ буд.

Аз соли 2018 то кунун муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1966 – Зодрӯзи Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амният, собиқ Додситони кулли кишвар.

Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон фаъолияти касбии худро соли 1991 ҳамчун муфаттиши Додситони ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, баъдан ба ҳайси муфаттиши калони ҳамин ниҳод кор кард. Аз соли 1993 ӯ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба кор гузашт ва ба тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим машғул буд.

Соли 1995 ба вазифаи додистони ҳарбии гарнизони Душанбе таъйин шуда, баъдан муовини сардори Раёсати тафтишоти Додситони ҳарбии Тоҷикистон гардид. Аз 1998 то 2002 ӯ додситони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе буд.

Соли 2004 ба мақоми муовини Додситони кул  – Додситони ҳарбии Тоҷикистон расид. Сипас, аз соли 2010 то 2012 Додситони вилояти Суғд ва аз 2012 то 2014 сардори Раёсати амнияти ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.

Аз 14 декабри соли 2014 ӯ ба ҳайси муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон кор карда, 23 январи соли 2015 Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва то 4 феврали соли 2025 дар ин вазифа фаъолият кард. Ҳоло котиби Шурои амният мебошад.

Ӯ бо он маъруф аст, ки дар замони раҳбариаш Додситонии кулл яке аз пӯшидатарин ниҳодҳо байни муассисаҳои давлатӣ буд.

Соли 1979 – Зодрӯзи Матлубаи Ёрмирзо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 2021 – Абдушукури Абдусаттор, адабиётшинос, мунаққид ва шоири тоҷик дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 22 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об таҷлил мешавад. Ин иқдом бори аввал дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд (ЮНСЕД) дар соли 1992 дар Рио-де-Жанейро пешниҳод шуда буд.


Имрӯз Рӯзи байналмилалии таксистҳо аст. 22 марти соли 1907 дар кӯчаҳои Лондон аввалин мошинҳо бо ҳисобкунак (таксометр) пайдо шуданд. Калимаи “такси” аз калимаи фаронсавии “taxe” (пардохт) ва калимаи юнонии “metron” (ченаки масофа) гирифта шудааст.


Соли 1874 дар ин рӯз аввалин бозии тенниси калон баргузор шуд. Бозии аввал дар клуби крикет ва бейсболи Стейтен Айленд (ИМА) доир гардид. Сарчашмаи теннис ба умқи таърих мерасад. Аз давраҳои қадим бозии шабеҳи он вуҷуд дошт: римиён ва юнониён бо дастон ё чӯб тӯбро мезаданд.


Соли 1895 дар Париж нахустин намоиши филми синамоӣ – “Баромади коргарон аз заводи Люмер” баргузор шуд. Аммо 28 декабри соли 1895 ҳамчун рӯзи кино эътироф мешавад. Дар он рӯз, дар қаҳвахонаи булвари Капюсинҳои Париж, Люмерҳо барои оммаи васеъ филми “Ворид шудани қатора ба истгоҳи Ла-Сиота”-ро намоиш доданд, ки ин манзара тамошобинонро аз тарс аз ҷой хезонд, зеро чунин менамуд, ки қатора ба сӯи онҳо ҳаракат мекунад.


Соли 1933 дар ин рӯз дар Дахау, наздикии Мюнхен, аввалин лагери консентратсионӣ дар Олмони фашистӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин лагер ҳамчун маҳалли озмоишии шиканҷа ва таҷрибаҳои ғайриинсонӣ истифода мешуд. Дар Дахау 250 ҳазор нафар маҳбус буданд, ки аз онҳо 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 10+15º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард, рӯзона 1+6º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.