Коҳиши кумаки молиявии ИМА аллакай дар Тоҷикистон, аз ҷумла бахши кишоварӣ эҳсос мешавад.
Бе лоиҳаҳо имкониятҳо камтар мешаванд
Баста шудан ё боздошти муваққатии барномаҳои USAID маънои онро дорад, ки бисёр лоиҳаҳо дар самти дастгирии кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна ва инчунин барномаҳои иҷтимоӣ метавонанд қатъ шаванд.
Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон, ки бахши кишоварзӣ нақши ҳалкунанда дорад, ёрии молиявӣ ва техникӣ барои рушд ва тавсеаи бисёр корхонаҳои кишоварзӣ асос гардида буд.
Лоиҳаи ACAT дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон яке аз муваффақтарин ва муҳимтарин лоиҳаҳо барои деҳқонони маҳаллӣ буд.
Дар доираи барнома технологияҳои агрономии муосир ҷорӣ гардида, дар омӯзиш ва таъмини маблағгузорӣ барои корхонаҳои бахши кишорварзӣ кумак расонида шуд, ки на танҳо ба афзоиши ҳосилнокӣ имкон дод, балки ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани корхонаҳои кишоварзӣ низ ёрӣ расонид.
“Давоми панҷ соли татбиқи лоиҳа вилояти Хатлон қадами назаррас ба пеш гузошт. Мо дида истодаем, ки тиҷорати хурду миёна мавқеи худро устувор ва занону ҷавонон барои рушд имкониятҳои бештар дарёфт мекунанд”, – гуфт роҳбари лоиҳаи ACAT Лилия Твердун дар яке аз конфронсҳо дар Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа.
Аз полезиҳо то панир: Уғулой Абдуллоева чӣ гуна тиҷораташро васеъ кард
Фаъолияти Уғулой Абдуллоева, муассиси корхонаи панирпазии-А», яке аз намунаҳои барҷастаи комёбӣ мебошад. Ӯ аз парвариши зироатҳои полезӣ ва пахта оғоз намуда, аммо ба зудӣ фаҳмид, ки тиҷорат бо маҳсулоти ширӣ имконияти хуби ӯст.
Пас аз гирифтани таҷҳизот дар соли 2021, маҳсулоти ӯ на танҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар, балки дар Душанбе низ фурӯхта мешавад
“Лоиҳа ба ман кумак кард, ки на танҳо таҷҳизотро беҳтар кунам, балки бозори худро низ васеъ кунам. Ҳоло панирҳои ман дар супермаркетҳои бузург фурӯхта шуда, ҳис мекунам, ки метавонам ба рушди минбаъда идома диҳам”, – мегӯяд соҳибкор.
Дар ҳамин ҳол, баста шудани барномаҳои USAID барои рушди минбаъдаи чунин лоиҳаҳо хавфу хатар эҷод мекунад.
Бе кумаки хориҷӣ корхонаҳои хурд, ба мисли корхонаҳои панирпазӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ метавонанд бо мушкилот рӯ ба рӯ шаванд.
Набудани маблағгузорӣ ва кӯмаки машваратӣ ба буҳрон дар бахши кишоварзӣ оварда мерасонад, ки дар навбати худ, дастрасии деҳқононро ба технологияҳои муосир ва бозорҳои нави фурӯш душвор мекунад.
Монеаҳои молиявӣ
Бисёре аз фермерони Тоҷикистон бо яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушд, яъне душвориҳои молиявӣ дучор мешаванд.
Меъёри баланди фоизҳо ва шароити мураккаби қарздиҳӣ рушди тиҷоратро душвор сохта, аксари соҳибкорон имкон намеёбанд, ки қарз гиранд. Лекин маҳз дар ҳамин шароит идеяе рӯйи кор омад, ки метавонад қоидаҳои бозорро барои соҳибкорони хурд ва миёнаи минтақа тағйир диҳад.
Барои фермерон ва соҳибкороне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд, бонкҳои Тоҷикистон асосан аз 21 то 36%-и солона қарз пешниҳод мекунанд. Дар Қазоқистон ва Туркманистон барномаҳои давлатӣ бо 1-6% амал мекунанд. Дар Қирғизистон қарзҳо бо 18-23% бо сом ва 9-15% бо асъори хориҷӣ дода мешаванд. Дар Ӯзбекистон фоизҳо баландтар аст: аз 26 то 40% бо сӯм ва аз 10% бо доллар.
"Вақти оғози корам ман ҳатто фикр надоштам, ки кумак мегирам. Ҳамаи қарзҳо ё бо фоизҳои хеле баланд буданд, ё бо шароити аз ҳад душвор, ки ба комёбӣ имкон намедоданд, - мегӯяд деҳқонзан аз Хатлон Шаҳноза Давлатова. - Лекин бо барномаи USAID ACAT ҳама чиз тағйир ёфт. Ба туфайли ин қарзҳо ман тавонистам гармхонаамро васеъ карда, фоидаамро зиёд кунам.
Имрӯз мебинам, ки тиҷорат дар ҳоли рушд аст. На танҳо барои ман, балки барои бисёре аз ҳамкасбонам. Барнома ба мо имкону итминон дод, ки бо дастгирии дуруст метавон бисёр чизҳоро тағйир дод", - гуфт Шаҳноза зимни суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Барномае, ки бо дастгирии USAID ACAT амалӣ гардид, барои соҳибкорони минтақа уфуқҳои тозаро боз кард.
Шарикӣ бо панҷ муассисаи хурди қарзӣ имкон дод, ки маҳсулоти қарзии махсуси соҳаи кишоварзӣ бо шароити дастрас ба вуҷуд оянд.
Дар натиҷа зиёда аз 16 млн сомонӣ ё худ 1,5 млн доллар барои дастгирии 755 корхонаи кишоварзӣ равона гардида, бисёре аз соҳибкорон тавонистанд монеаҳои молиявиро паси сар кунанд.
Яке аз намунаҳои возеҳи комёбӣ Адолат Бердиева мебошад, ки пас аз иштирок дар курси таълимии Исфара як тиҷорати коркарду хушк кардуни мева ва сабзавот роҳандозӣ кард.
Имрӯз корхонаи ӯ ба 20 корманди доимӣ ва дар мавсим боз ба сад нафар одамон ҷойи кор медиҳад.
“Қарзҳо ҳамчун калиди муваффақият”
Барои бархе аз соҳибкорон иштирок дар лоиҳа ба нуқтаи гардиши воқеӣ дар касбашон табдил ёфт.
Халима Абдуллоева роҳи худро дар тиҷорат бо як гов, ки бо маблағҳои қарзӣ харида буд, оғоз кард.
"Лозим омад, ки барои гов қарз гирам, 20%-и ҳиссаи аввалияро ҷамъ кардам. Аммо ин қарор хуб буд, ки ман баъдан пушаймон нашудам. Аз ҳамин ҷо ҳама шуруъ шуд," - ба ёд меорад Ҳалима.
Аввал ӯ шир мефурӯхт, баъд номгӯи маҳсулоти худро зиёд карда, ба коркард оғоз намуд ва тадриҷан хоҷагиашро васеъ кард.
"Барои оғози тиҷорат бовар ба худ муҳим аст. Ман маблағгузорӣ намуда, тиҷоратро васеъ ва қарзро пардохт кардам. Ҳарос надоштам, ки пулро барнамегардонам, зеро ҳама чизро пешакӣ ҳисобу китоб карда будам", - мегӯяд ӯ.
Аз даромадҳои тиҷорат Халима маросими ҳаҷро адо намуда, тӯйи арӯсии писарашро баргузор кард. Илова бар ин, ӯ ба корҳои хайрия низ машғул аст: сохтори заҳбурҳо (дренаж)-ро бунёд кард, ки на танҳо хоҷагии худаш, балки ҳамсояҳоро низ бо об таъмин мекунад.
Боз як мисоли муваффақият фаъолияти Маҳфузулло Раҳимов мебошад, ки дар гармхона лимӯ (лимон) парвариш мекард, вале гармхонааш бом надошт ё худ пӯшида набуд.
Дар соли 2022 ӯ аз бонки «Арванд» қарз гирифт, ки ба ӯ ҷиҳати анҷоми сохтмони гармхона ва харидани таҷҳизоти зарурӣ имкон дод.
Имрӯз ӯ дар як сол 17 тонна лимӯ истеҳсол мекунад, ки 5-тоннаи онро ба Қазоқистон интиқол медиҳад.
"Муҳим нест, ки танҳо қарз гиред, балки пешакӣ бояд нақшаи дуруст дошта бошед. Пулҳо набояд барои фароғат сарф шаванд, онҳо бояд кор кунанд", - мегӯяд Маҳфузулло.
Боз як мисоли дигар – Шамсиддин Эшбеков аст, ки гармхонаҳоро рушд медиҳад ва ба хушк кардани меваҳо машғул аст. Қарзи аввалини ӯ 50 ҳазор сомонӣ ва дуюмаш – 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қадамҳои минбаъдаи ӯ – сохтмони сардхона барои нигоҳдории маҳсулот аст, ки ба зиёд кардани ҳаҷми фурӯш имкон медиҳад.
Ҳамаи ин деҳқонон дар замонҳои муайян барои оғози кор ва рушди тиҷорат аз барномаҳои USAID кумак гирифтанд. Агар барои рушди минбаъдаи тиҷорат дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дастгирии доимӣ таъмин нагардад, пас аз қатъи барномаҳои кумак аз ҷониби ин Агентии ИМА, бисёре аз деҳқонон ва соҳибкорон метавонанд ба мушкилот дучор шаванд...