Дар маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе дирӯз, 27-уми ноябр, ташхиси ноболиғони дорои бемориҳои қалб аз ҷониби табибони чинӣ сурат гирифт. Гуфта мешавад, “10 бемор аз ҷониби ин марказ дар Чин ройгон табобат мешаванд ва аз соли 2025 ҷарроҳии бемориҳои қалб дар Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.”
Аксари бемориҳое, ки ҷарроҳони чинӣ ташхис карданд ва мехоҳанд дар Чин ҷарроҳӣ кунанд, дар Тоҷикистон имкони табобат надоштаанд.
Роҳбари маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” хонум Ян гуфт, танҳо табобати 10 бемор дар нақша буд, вале наздик ба 30 нафар дар рӯзи ташхис ҳозир шуданд, бинобар ин кӯшиш мекунад, ки қариб ҳамаи онҳо ройгон ҷарроҳӣ шаванд.
“Интихоби бемор то 10-сола гуфта мешуд, аммо имрӯз мебинем, ки дар қатори ноболиғон беморони 20-23-сола низ ҳастанд. Бартарияти интихоб ба бемороне дода мешавад, ки аз ҷиҳати молиявӣ шароити хеле танг дорад ва ё бемориаш дар ҳоли вазнин асту таъхир ба саломатиаш хатар дорад”, - шарҳ дод хонум Ян.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар кишвар зиёда аз якуним ҳазор кӯдаки ноболи- ба бемориҳои қалб гирифтор аст.
Падари яке аз кӯдакон, ки фарзандаш дорои бемории қалб будааст, мегӯяд аз сабаби надоштани маблағи ҷарроҳӣ натавонист тӯли солҳо фарзандашро табобат кунад. Ӯ барои фарзандаш солҳо инҷониб дору мехаридааст, ки онҳо низ гаронарзишанд.
Пан Дунмин, ҷарроҳи бемориҳои қалб ки аз Чин омадааст, гуфт, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мавҷудияти 14 ҳазор бемори қалб дар кишвар ва афзудани 4 ҳазор бемор дар як сол иттилоъ дода, барои гузаронидани ин намуди ҷарроҳӣ онҳоро ба Тоҷикистон даъват кардааст.
“Дар нақша аст, ки соли оянда дар Тоҷикистон 100 - 200 ҷарроҳии қалб гузаронем”, - илова кард ӯ.
Табобат пурра ройгон аст, дар ҳоле ки барои ба Чин бурда ҷарроҳӣ намудани ин намуди беморӣ 7 ҳазор доллар (74 ҳазору 860 сомонӣ) харҷ мешавад.
Волидоне, ки фарзандонашонро барои ташхис овард буданд, гуфтанд, онҳо қаблан дар қайди Вазорати тандурустӣ буданд ва онҳоро аз омадани табибони чинӣ хабардор кардаанд.
Ҳамчунин гуфтанд, мутахассисони аз Чин ҳозиршуда аз беморхонаҳои пойтахт дидан карда, муайян мекунанд, ки дар беморхонаҳои кишвар кадом таҷҳизот намерасад. Бо дарназардошти ин, ба кишвар таҷҳизот ворид мекунанд.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста