Сарфи назар аз баста будани ягона постгоҳи назоратии “Қулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин, муомилоти мол бо ин кишвар тариқи кишварҳои сеюм идома дорад.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки чанде аз маҳсулоти Чин тариқи бандарҳои баҳрӣ ба дигар кишварҳо ва сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Ғайр аз ин, таъкид дошт муовини вазир, самти савдои хориҷии Тоҷикистон ба таври кофӣ ҳархела аст: “Ба ҷуз Чин, мо имрӯз бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 40 давлат фаъолона тиҷорат дорем”.
Ҷӯразода таъкид дошт, ки дар ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон Чин саҳми назаррас (14,6%) дорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон пас аз Русия ва Қазоқистон, Чин зинаи сеюмро ишғол мекунад. Соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин зиёда аз 660 млн долларро ташкил дод, ки беш аз 605 млн доллараш ба воридоти маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон рост меояд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғайриозуқаворӣ: масолеҳи сохтмон, сарулибос, техника ва таҷҳизоти гуногун ворид мешавад.
Муовини вазир қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои ба ҳадди ниҳоии камтарин таъсир расонидани вазъи мавҷудаи Чин ба иқтисоди кишвар чораҷӯйӣ мекунанд.
“Вазъ дарвоқеъ ҳам нигаронкунанда аст, - гуфт ӯ. - Лекин ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри роҳ надодан ба таъсири манфии вазъи кишвари ҳамсоя ба иқтисоди мо тадбирҳои зарурӣ меандешад”.
Зимнан зикр шуд, ки дар ин самт сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки айни замон иҷро мешаванд. “Ҳозир дар ин самт ҳеҷ мушкилие нест”, - афзуд ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистан попал в рейтинг по уровню интеллекта. Какое место заняла республика?
Боец Нурулло Алиев выйдет на поединок против нового соперника
От штрафов за свадьбы до вождения в нетрезвом виде. Как в Таджикистане изменятся штрафы в 2025 году?
В Воронежской области расширили перечень запрещенных для мигрантов работ
Из-за разлива мазута в Керченском проливе погибли более 30 дельфинов
В каких международных турнирах будут участвовать таджикские футболисты в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 января 2025 года
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
Войны, преследования, переселения. Как формировалась армянская диаспора Центральной Азии
R.I.P. Кого из выдающихся людей потерял Таджикистан в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста