Бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.
Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар Twitter навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан боздошта шуд”.
Ғайр аз ин, воридшавӣ ба шоҳигарӣ бо раводиди сайёҳӣ аз кишварҳое, ки хуруҷи коронавирус дар онҳо тасдиқ шудааст, мутобиқи муқаррароти мақомоти тандурустии Арабистони Саудӣ низ муваққатан манъ шудааст.
Дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба адои маросими ҳаҷи умра ду ширкат – “Расул” ва “Ормон” машғуланд.
Рӯзи 29-уми феврал аз Душанбе ба макони муқаддаси Ислом фиристодани гурӯҳи навбатии зойирин аз ҷониби ширкати “Расул” пешбинӣ гардида буд.
"50 нафар рӯзи ҷумъа мебоист аз Душанбе ба Ҷидда парвоз карда, аз он ҷо ба Маккаву Мадина мерафтанд, - хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ширкат Саъдулло Қурбонов. - Агар онҳо розӣ шаванд, баъди бекор шудани манъи сафар аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ, мо онҳоро ба ҳаҷ мефиристем. Аммо ба касоне, ки мунтазир шуданӣ нестанд, пулҳояшонро бармегардонем".
Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Расул” қаблан се гурӯҳи иборат аз 100 нафар зойиринро ба ҳаҷи умра фиристодааст.
Ҳаҷи умра зиёрати хурди Макка буда, лекин на дар моҳи муқарраршуда барои ҳаҷ, балки дар ҳар вақти дигар анҷом дода мешавад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 273 нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дильшода Назарова переизбрали главой Федерации легкой атлетики Таджикистана
Душанбе удовлетворен сотрудничеством с РФ, а Москва увеличит число российских учителей в школах РТ. Главное о переговорах Рахмона и Путина
Работа для таджикистанцев в Катаре: зарплаты, условия и куда обращаться
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 декабря 2024 года
В России остановлена продажа аромаингаляторов. Чем они опасны для подростков и есть ли они в Таджикистане?
КЧС Таджикистана получил дроны и спецтехнику для спасательных операций
Военную одежду в Таджикистане будут продавать только по предъявлении служебного документа
При пожаре на агроферме в Татарстане погибли шесть граждан Узбекистана
Грязный воздух в Душанбе: дышите неглубоко и реже
Узбекистан и Казахстан станут партнерами БРИКС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста