Барои омодагӣ ба он бароятон маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунем.

Кӣ дар интихобот ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад?

Дар интихобот ҳамаи шаҳрвандони ба синни 18-солагӣ расидаи Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Шаҳрвандоне, ки аз ҷониби суд корношоям дониста шудаанд ё дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, ба иштирок дар интихобот ҳуқуқ надоранд.

Дар куҷо овоз дода метавонам?

Комиссияҳои қитъавӣ аллакай рӯйхати интихобкунандагонро тартиб додаанд. Инчунин ҳафтаи ҷорӣ ба ҳама огоҳинома фиристода шуд, ки дар он қитъаҳои интихоботиатон зикр шудааст. Дар саросари кишвар барои 4,9 млн нафар шаҳрвандони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ 3 ҳазору 412 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст.

Asia-Plus

Ба ман огоҳинома наоварданд, чӣ кор кунам?

Шумо метавонед ба қитъаи наздиктарини интихоботӣ муроҷиат кунед. Маъмулан, қитъаҳои интихоботӣ дар мактабҳо ба қайд гирифта шудаанд. Шуморо ба рӯйхати иловагӣ дохил карда, варақаҳо медиҳанд.

Ба ман чанд дона варақа медиҳанд?

Ба сокинони вилоятҳо 5 варақа медиҳанд: дар варақаи аввал номзадҳо ба ҷамоатҳои деҳот; варақаи дуюм – рӯйхати вакилони маҷлисҳои ноҳиявӣ; дар сеюм – рӯйхати номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят; чорум – номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва панҷум – рӯйхати 7 ҳизби сиёсии дар Тоҷикистон амалкунанда зикр шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба шумо 4 варақа медиҳанд, чунки дар онҳо ҷамоатҳои маҳаллӣ ва деҳот ё маҷлисҳои вакилони халқи вилоят вуҷуд надоранд. Ҳамин тариқ, вобаста ба хусусияти қаламрави маъмурӣ ва мақоми он ба интихобкунадагон 4 ё 5 варақаи овоздиҳӣ дода мешавад.

Asia-Plus

Кадом ҳуҷҷатҳоро бо худ гирифтанам лозим аст?

Зимни овоздиҳӣ пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият зарур аст. Ин метавонад шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ бошад. Пас аз гирифтани варақа шуморо лозим аст, ки дар ҳуҷҷат паҳлӯи номи худ имзо гузоред.

Чанд вакил интихоб кардан мумкин аст?

Раъйдиҳанда танҳо ба ҷонибдории 1 номзад ё ҳизб овоз дода метавонад ва паҳлӯи номи онҳо аломати “ҷамъ” (+) мегузорад. Агар якчанд номзад интихоб шуда бошад, варақаи шумо бекор карда мешавад.

Ба ҷойи ҳамсар ё модарам овоз дода метавонам?

Не. Овоздиҳӣ махфӣ мегузарад ва ҳар як интихобкунанда бояд шахсан ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шавад. Агар касе бо сабаби беморӣ ба қитъаи интихоботӣ омада натавонад, комиссияи қитъавӣ метавонад намояндаи худро бо шахсони боваринок барои овоздиҳӣ ба хонаи ӯ фиристад.

Қитъаҳо кай кушода ва баста мешаванд?

Овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ соати 6:00-и субҳ оғоз гардида, то соати 20:00-и шаб давом мекунад. Пас аз соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расида, комиссияи қитъавӣ ба ҳисобу китоби овозҳои интихобкунандагон шурӯъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.