Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои интихоби паймонкор дар беҳбуди вазъи як қитъаи роҳи бозори “Коврон”, ки ба роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ҳамшафат аст, тендер эълон кардааст.
Эълони тендер дар тонамои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нашр гардида, муҳлати ниҳоии пешниҳодот 27-уми марти соли равон зикр шудааст.
Корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи масофааш 1,85 км аз ҳисоби Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шуда, барои татбиқи лоиҳаи беҳбуди вазъи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҷудо гардидаанд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин корҳо 1,5 млн долларро ташкил дода, муҳлати иҷрои корҳо тибқи қарордод 180 рӯз муқаррар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Бонки осиёии рушд барои амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар маблағ ҷудо кард.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” амалӣ мешавад.
Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати “Синтзян Бейсин”-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ ширкати “КОКС”-и Олмон мебошанд.
Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.
Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.
Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.
Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 27 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.
Дар тӯли роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии барқӣ аз панелҳои офтобӣ насб мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.