Парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд то 27-уми март қатъ шудааст. Оё ин муҳлат тамдид хоҳад шуд ё не, алҳол дақиқ маълум нест, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ӯзбекистон аз 16-уми март иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ карда, сарҳадоти худро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон бастааст. Муҳлати дубора боз шудани сарҳад ва барқарор кардани иртиботи заминӣ ва ҳавоӣ алҳол муайян нест.
Ин тасмимҳои ҳукумати Ӯзбекистон ба ошкор шудани 4 ҳолати сирояти коронавирус дар ин кишвар вобастаанд.
Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, дар Ӯзбекистон омадани ду ҳавопайморо бо мутахассисосони соҳибтаҷрибаи мубориза бо коронавирус аз Чин мунтазиранд.
Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Ӯзбекистон то ҳол чаҳор нафари аз коронавирус сироятёфтаро ошкор кардааст: зани аз Фаронса баргашта бо 2 фарзандаш ва ҳамчунин 1 мусофире, ки аз Туркия омадааст.
Дар ин кишвар аз 16-уми март маркази хизматгузорӣ оид ба коронавирус (call-марказ) ба кор оғоз мекунад. Бо масъалаҳои вобаста ба коронавирус аҳолӣ бевосита ба ин марказ муроҷиат карда метавонад.
Ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар аз имрӯз, 16-уми март расман карантин эълон кард. Ин таътил эҳтимол то 3 ҳафта давом мекунад. Дар ин бора 15-уми март сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон чорабиниҳои оммавии наврӯзӣ гузаронида намешаванд, иттилоъ медиҳад хабаргузории UzA. Ҳамчунин баргузории дигар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла, дар масҷидҳо муваққатан манъ карда шуд.
Ба ҷуз ин, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа манъ карда мешавад.
Давоми амали карантин бозорҳо ба корашон идома медиҳанд. Ҳамаи навъи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар 4 соат бо маҳлулҳои махсус поккорӣ ё худ безарар (дезинфексия) гардонида мешаванд.
Бо дастури ҳукумати Ӯзбекистон, истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ 10 баробар зиёд ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар манъ мешавад.
Нисбат ба соҳибкороне, ки дар ин давра беасос нархҳоро баланд мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъӣ меандешад.
Шахсоне, ки ҳангоми карантин маълумоти бардурӯғ ва носанҷидаро паҳн мекунанд, тибқи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Дар Ӯзбекистон ба баргузории консерт, мусобиқа дар варзишгоҳҳо, намоиши кино дар кинотеатрҳо ва дигар чорабиниҳои оммавии сериздиҳом муваққатан иҷоза дода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
ВБ и Швейцария помогут Таджикистану с расширением цифровой экономики
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Всемирный банк даст Таджикистану $350 миллионов на достройку Рогунской ГЭС
В Госдуме призвали ввести визы для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста