Равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан тариқи қаламрави Ӯзбекистон айни замон бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд.
Дар корхона қайд карданд, ки вобаста ба масъалаи маҳдуд сохтани транзити борҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон то ҳол аз роҳиоҳанчиёни ӯзбек ягон огоҳиномае нагирифтаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, барои гузаштани қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон тариқи қаламрави Ӯзбекистон низ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашудааст.
Мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон ба Маскав тавассути қаламрави Ӯзбекистон дар як ҳафта 4 маротиба сурат мепазирад: 2 маротиба аз Душанбе ва 1-борӣ аз Хуҷанду Кӯлоб.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан аз Русия ва Қазоқистон бору маҳсулоти муҳим (маводи сӯзишворӣ, орду гандум ва ғайра) меорад.
Барои ба роҳи оҳани байнулмилалӣ расидани қатораҳои Тоҷикистон ба ҷуз убур аз қаламрави Ӯзбекистон, дигар самте вуҷуд надорад.
Дар робита ба ошкор шудани ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Ӯзбекистон, ҳукумати ин кишвар аз 16-уми март сарҳадҳояшро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон баст.
Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошканд низ то 27-уми март қатъ шуд.
Рӯзи якшанбе, 15-уми март дар Ӯзбекистон 4 ҳолати ба коронавирус сироят ёфтани шаҳрвандони ин кишвар ошкор гардида, то субҳи душанбе шумори онҳо ба 6 нафар расид. Тибқи иттилои вазорати тандурустии ин кишвар, аз нахустин зани беморе, ки аз Фаронса баргашта буд, писару духтар ва шавҳару наберааш сироят ёфтаанд. Ҳамчунин 1 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки 15-уми март тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Истанбули Туркия баргашт, гирифтори коронавирус будааст.
Тавре ВАО менависанд, рӯйхати шахсоне, ки бо ин беморон алоқа доштанд, тартиб дода шуда, онҳо зери муоинаи тиббӣ қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста