Русия равуои ҳама навъи қатораҳоро ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қазоқистон муваққатан манъ кард.
Дар торнамои Российские железные дороги (РЖД, Роҳҳои оҳани Русия) қайд мешавад, ки иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон бинобар маҳдуд шудани убури сарҳади Қазоқистон, ки ҳамаи хатсайрҳои роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия бо он мегузаранд, муваққатан боздошта мешавад.
“Дар қатораҳое, ки тариқи транзит қаламрави Қазоқистонро убур мекунанд, маъмулан шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба хонаҳояшон бармегарданд ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки аз Қазоқистон берун мераванд, сафар карда метавонанд. Равуои қатора байни Русия ва Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, ки дар Қазоқистон хешовандони наздик ё санади иҷозаи зист дар ин кишварро надоранд, ғайриимкон аст”, - омадааст дар хабар.
Дар бораи кай барқарор шудани равуои қатораҳо бо ин хатсайр маълумот дода нашудааст, лекин РЖД ваъда додааст, ки доир ба тағйирот дар ҷадвали ҳаракати қатораҳо вобаста ба маҳдудиятҳо иловатан хабар медиҳад.
Бар асари коронавирус Русия равуои қатораҳоро бо Қирғизистон, Чин, Австрия, Олмон, Италия, Кореяи Шимолӣ, Латвия, Муғулистон, Молдова, Украина, Фаронса, Чехия низ муваққатан қатъ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.