Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмии худ тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод.
Дар маълумот қайд мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.
Барои ин муҳоҷиронро зарур аст, ки бо ариза дар шакли дилхоҳ ба наздиктарин мақомоти минтақавии ВКД Русия дар ҷойи зисти воқеии худ муроҷиат кунанд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ бе тарк кардани қаламрави Русия ва бе ҷалб шудан ба ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани муҳлати пешниҳоди ариза, метавонанд барои гирифтани патентҳои нав муроҷиат кунанд.
Қабули аризаҳо дар бораи додани иҷозатнома барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатнома барои кори шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави Русия қарордошта дубора шурӯъ мешавад.
Дар сурати ба охир расидани муҳлати Иҷозатнома барои зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и шаҳрвандони хориҷӣ, муҳлати ҳузури онҳо дароз карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиашон дар Русия иҷоза дода мешавад.
Муҳлати амали раводиди шаҳрвандоне, ки бар асоси он ба Русия омадаанд, сарфи назар аҳ мақсади сафар, тамдид мешавад. Агар амали раводиди ҷорӣ аллакай ба охир расида бошад, муҳлати ҳузури муваққатӣ низ дароз карда мешавад. Он барои шахсоне ҳам дароз карда мешавад, ки ба Русия аз давлатҳое омадаанд, ки бо онҳо созишномаи реҷаи бераводид имзо шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.