Бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.
Дар ин хусус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши коронавирус (COVID-19) дастур дода буд.
Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён ва Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид.
Дастур дода шудааст, ки корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд, хабар медиҳад Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки то 1-уми апрел дар ҳудуди вилоят 1734 масҷид, 510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар, инчунин 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 муассисаи тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин: О мобилизации никакой речи нет, для победы никакое атомное оружие не нужно
Алишер Аминов рассказал, как правильно развивать футбол в Таджикистане и даже подготовил целую программу
Рустам Ятимов уедет в Россию: что известно о трансфере на данный момент
В ООН назвали новые данные по числу погибших в Украине
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Страшные убийства в Канибадаме и таджикские чиновники, которые нарушают законы
Байден извинился перед Зеленским за то, что США задержали помощь Украине
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 июня 2024 года
Продают ли в Таджикистане продукты с ГМО, как их распознать и насколько они опасны?
Кыргызстан направил ноту России из-за уголовного дела против отказавшегося везти участников СВО таксиста
Электронная коммерция в Таджикистане: какие перспективы?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста