Айни замон дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 312 нафар шаҳрвандони аз хориҷа ба Ватан баргашта ва нафароне, ки бо онҳо дар алоқа буданд, таҳти карантин қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода иттилоъ дод.
“Як соҳибкори маҳаллӣ таъмини севақтаи ғизои шахсонеро, ки дар ин беморхона ба карантин гирифта шудаанд, ба уҳда гирифт. Аз ҳисоби ин соҳибкор барои онҳо хӯроки гарм, мевагӣ ва маводи антисептикӣ дода мешавад”, - иброз дошт Раҷабзода.
Ба қавли ӯ, то 15-уми апрел 671 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа ба вилояти Хатлон баргаштанд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 203 кас бо анҷом ёфтани муҳлат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 468 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд.
“Мувофиқи нақша рӯзи 16-уми апрел аз беморхонаи сироятии Кӯлоб ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар 420 нафар шахсоне, ки аз Русия баргаштаву таҳти карантин қарор гирифтанд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд”, - гуфт сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон.
Дар шабакаи YouTube чанд рӯз қабл видеое нашр шудааст, ки дар он яке аз шаҳрвандони таҳти карантин қарордошта аз шароити будубош нақл мекунад.
Таҳиягари он мегӯяд, ки масъулини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҳар рӯз чанд маротиба ҳуҷраҳои хоб, роҳрав ва долонҳоро тоза карда, бо маводи махсус безарар мегардонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
"Эй, джони ман". Как Полад Бюльбюль-оглы и Орифшо Орифов дали концерт в Таджикистане
В какие университеты Китая могут поступить граждане Таджикистана?
Кто, как и чем помогает таджикистанцам в России?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2024 года
«Россия», «Виктория», «Альбион»: Какую клубнику стали выращивать в Таджикистане и почему ее можно есть без опасений?
Саидджафар Усмонзода покинул пост главы Демократической партии Таджикистана
Путин утвердил структуру нового правительства. В нем нет поста вице-премьера
Как коллекционер из Худжанда сумел сохранить наследие предков
ТОП-5 мест в Узбекистане для тех, кто любит экстремальные развлечения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста