Шаҳрдории Душанбе дар бораи бекор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт хабар дод.
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, - омадааст дар маълумоти нашркардаи шаҳрдорӣ.
Қаблан Рустами Эмомалӣ қарор имзо карда буд, ки мувофиқи он, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешуданд.
Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол дар назар буд.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Что ждут душанбинцы от 2025 года?
В Китае выявлен метапневмовирус. Он уже пришел в Центральную Азию, а в Таджикистан?
Две книги и три рекомендации. Как стать членом Союза писателей Таджикистана?
Мировой полюс холода нагревается: В Антарктиде все меньше льда и все больше цветов
В Душанбе в этом году начнутся работы по строительству метро
Какие соглашения подпишут Таджикистан и Иран: подробности визита Пезешкиана в Душанбе
Как в Таджикистане получить социальное жилье?
Выпускники медиашколы от «Азии-Плюс» обучились инструментам фактчекинга для создания качественного контента
Игроки сборной Таджикистана попали в список самых дорогих в отборе на Кубок Азии
«Озоди»: Уроженец Таджикистана получил руководящий пост в Минобороны Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста