Дар ҷашни Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарори марбутаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Мувофиқи ин қарор, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фаароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешаванд.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, барои хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тамошои осорхонаҳо, иншооти фарҳангию таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва баргузории озмунҳои расмкашиву қироати шеърҳо ташкил карда мешавад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт инчунин шанбегиҳои умумихалқӣ гузаронида шуда, маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтарин кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳр баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.