Дар беш аз 20 нафар маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат таби баланд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров хабар дод.
Умаров овозаҳои ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудани маҳбусонро рад кард: “Дарвоқеъ, беш аз 20 нафар маҳбусон ба қисми тиббии муассиса бо таби баланд бистарӣ шуданд. Зимни муоина маълум шуд, ки сабаби баланд шудани таб дарди гулӯ будааст”.
“Ин маҳбусон рӯзадор буда, ҳангоми ифтор оби хунук нӯшиданд ва пас аз он ба беморӣ гирифтор шудаанд”, - иброз дошт Умаров.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта нашудааст.
“Бар асоси дастурҳои президент дар Вазорати адлия нақша ва тадбирҳои махсус таҳия шуда, аз 31-уми март дар муассисаҳои ислоҳӣ амалӣ мешаванд. Дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ду моҳ инҷониб бо мақсади пешгирӣ ба ҷуз чораҳои санитарӣ, оид ба риояи меъёри тозагӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, - гуфт Умаров.
Зимнан қайд шуд, ки ниқобҳои махсуси тиббӣ натанҳо байни кормандон, балки миёни маҳбусон низ тақсим карда шудааст.
“Касоне, ки ба муассиса ворид мешаванд, бо воситаҳои махсус дастонашонро мешӯянд. Ҳамчунин мо ҳароратсанҷ харида, ба ҳамаи муассисаҳо тақсим кардем”, - илова кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат бо маҳбусон муваққатан манъ шудааст. Алҳол маълум нест, ки ин қарор кай бекор мешавад.
Қаблан намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон дар шароити маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби ҳукумат вобаста ба мубориза бо коронавирус даъват карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.