Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) харида, ояндаи наздик он ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, қарордод дар ин хусус байни ширкатҳои “Сифат-Фарма”-и Тоҷикистон ва “Ловенштен”-и Олмон ба имзо расидааст.
Дар Вазорати тандурустӣ қайд карданд, ки бо фарорасии фурсати қулай дастгоҳҳо базудӣ ба Тоҷикистон расонида мешаванд, лекин айни замон роҳи ҳавоӣ баставу анҷоми ин кор душвор аст.
Зикр шуд, ки ба ҷуз дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, боз 95 навъи маводу таҷҳизоти тиббии дастрасшуда ба Тоҷикистон интиқол меёбад.
“Ин маводу таҷҳизот аз ниқобу сӯзандору, либоси муҳофизатӣ барои табибон ва ғайра иборат аст. Вобаста ба воридшавии маблағҳо, хариди маводи доруворӣ идома дорад. Захираи дорувории мо имрӯз кофист, вале дар сурати зарурат боз онҳоро харида метавонем”, - афзуд манбаъ.
Дар Вазорат доир ба маблағи масрафшуда барои харидани дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ маълумот надода, танҳо қайд карданд, ки ин маблағ аз буҷети давлатӣ ҷудо шуд.
Васоити ахбори умум менависанд, ки маблағи умумии ин шартнома 11 миллион сомониро ташкил медиҳад.
ҶДММ “Сифат-Фарма” аз соли 2017 дар бозори доруфурӯшии Тоҷикистон фаъолият мекунад, зикр шудааст дар торнамои ин ширкат.
Гуфта мешавад, самти асосии фаъолияти он фурӯши доруворӣ ва ашёи тиббӣ мебошад. Дорухонаҳои он дар тамоми ҷумҳурӣ мавҷуданд
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Туры в Узбекистан на Навруз: куда поехать и что посмотреть?
Незрячая из Шахритуса год не может оформить имущество на своё имя
В Таджикистане самые низкие цены на услуги частных дошкольных учреждений в ЦА
ШОС и ОДКБ приветствуют подписание договора по границе Таджикистана и Кыргызстана
В Кремле заявили, что Россия не хочет временного прекращения огня
Спецпосланник президента США прибыл в Москву
Как проект Tell me, sister помогает открыто говорить на закрытые темы в таджикском обществе
Совершайте покупки в популярных онлайн-сервисах с Mastercard от «Алифа»
Товарооборот между Таджикистаном и Узбекистаном снижается. В чем причина?
Таджикистан и Кыргызстан договорились создать межправительственный совет и увеличить товарооборот до $500 миллионов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста