Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 18 май ба 1729 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 205 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуда, боз 2 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус - covid.tj хабар медиҳад, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафарро ташкил медиҳад.

Дар бемористону дармонгоҳҳои ҷумҳурӣ айни замон 4016 ҳазор нафар зери муоинаи табибон қарор доранд.

Аз рӯйи шумори фавтидагон аз Covid-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба зинаи аввал баромад.


Дар бораи 15 нафар аввалин сироятёфтагон -  10 нафар дар Суғд ва 5 кас дар Душанбе Вазорати тандурустии кишвар рӯзи 30 апрел хабар дода буд.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои дастгирии табибони Тоҷикистон иқдоми ҷамъоварии маблағ - “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”-ро роҳандозӣ мекунад. Он тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.

Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.