Бо ошкор шудани коронавирус COVID-19 хабарҳои зиёди бардурӯғ (фейкӣ)-и дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн шуданд. Миёни корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ низ чанд хабари “фейкӣ” паҳн гардиданд, ки мардумро ба таҳлука андохтанд. Таҳлили чор хабари “фейкӣ”-ро дар маводи мо хонед.
Безараргардонӣ бо чархбол
Миёни корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook ва мессенҷерҳо 18-уми март хабаре паҳн шуд, ки гӯё дар шаҳри Душанбе аз соати 23:00 то соати 05:00 чархболҳо барои безараргардонӣ дору мепошанд. Паҳнкунандагони хабар аз сокинон хоҳиш мекарданд, ки дар ин вақт ба кӯча набароянд ва дару тирезаҳои худро маҳкам кунанд.
Аммо зуд маълум гардид, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо такя ба муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид Давлатзода ин хабарро рад кард.
“Чунин хабару овозаҳо умуман ҳақиқат надоранд. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳеҷ як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост ирсол нашудааст”, - гуфт Давлатзода.
Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ низ дар паёме дар саҳифаи Facebook аз кулли ҳамдиёрон ва хонандагон хоҳиш кард, ки ба ҳар гуна смс-паёмҳо дар бораи коронавирус, захираи хӯрок ва дигар намуди хабарҳо бовар накунанд.
Фактчек платформаи factcheck.tj низ баъди таҳлил хабар дод, ки ин паём фейк буда, аввал дар кишварҳои дигар низ паҳн гаштааст.
Сирпиёз (чеснок) коронавирусро мекушад?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо (Viber, Telegram, Whatsapp, Imo) ба забонҳои гуногун (пур аз хатоҳои имлоӣ) паёмакҳое паҳн шуданд, ки гӯё сирпиёз (чеснок) коронавирусро мекушад ва одами сироятшударо шифо мебахшад.
Намунаи паёмак:
“Аз Хитой фиристоданд. Хабарҳои хуш !!!
Як пиёла оби тозаҷӯшонидаи сирпиёз метавонад одами гирифтор ба вируси коронаи Уханро пурра шифо бахшад. Як духтури кӯҳнаи чинӣ самараи онро собит кардааст. Бисёре аз беморон низ самаранокии онро собит кардаанд. Тарзи омода намудан: Ҳашт (8) дандонаи сирпиёзро реза карда ба он ҳафт (7) пиёла об илова кунед ва ҷӯшонед. Сирпиёз бихӯред ва оби ҷӯшида, вирус дар як шаб шифо меёбад ... Лутфан бо ҳама дӯстонатон фиристед то ба наҷот додани ҳаёти одамон кӯмак кунед”.
Чунин паёмакҳо нафақат дар Тоҷикистон паҳн шуданд, балки дар тамоми ҷаҳон. Масалан, дар Қазоқистон паёми аудиоиро дар бораи фоидаи сирпиёз бар зидди коронавирус аз номи вазири собиқи тандурустии кишвар Ҷаксилик Доскалиев дар месенҷерҳо паҳн карданд.
Дар пайи ин гуна паёмакҳо сокинони кишварҳои гуногун ба харидани сирпиёз шитофтанд, ки дар натиҷа он дар бозорҳо камчин ва нархаш гарон шуд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон нархи 1 кг сирпиёз аз 40 сомонӣ то ба 120 сомонӣ расид.
Паҳн шудани чунин хабару паёмакҳои беасос дар бораи фоидаи сирпиёз муқобили коронавирус ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустиро водор кардааст, ки ин масъаларо шарҳ диҳад:
“Сирпиёз маҳсулоти ба саломатӣ фоидаовар аст, ки хусусиятҳои муайяни зиддимикробӣ дорад. Аммо то ҳол исбот нашудааст, ки сирпиёз ҳамчун воситаи пешгирии сирояти коронавируси нав фоидаовар бошад”, - гуфта мешавад дар сомонаи расмии СҶТ.
“ВКД гуфтугӯи шуморо гӯш мекунад!”
Пас аз пайдо шудани шубҳаҳо оид ба вуҷуд доштани коронавирус дар Тоҷикистон, тавассути месенҷерҳо (Viber, Telegram, Whatsapp, Imo) паёме паҳн шуд, ки мувофиқи он гӯё шаҳрвандони кишварро аз қоидаҳои нави иртиботӣ огоҳ мекарданд. Дар паём гуфта мешавад, ки ҳама зангҳои телефонӣ, паёмакҳои хусусӣ ва амалҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таҳти назорат гирифта мешаванд.
Паёмаки мазкур ба забони тоҷикӣ тавассути гугл-тарҷумон аз кадом забони хориҷие тарҷума шудааст. Матни паёмак дорои хатоҳои дағали имлоӣ ва грамматикӣ мебошад, ки аз дурӯғ будани он гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин ба “Се нуқта” аз ВКД Тоҷикистон гуфтанд: "Шаҳрвандони кишвар хавотир нашаванд, ин асоси воқеӣ надорад".
Матни паёмакро инҷо айнан мебиёрем:
ВКД
Аз пагоҳ сар карда, қоидаҳои нави иртибот пайдо мешаванд
Ҳама зангҳо сабт карда мешаванд.
Ҳама сабтҳои занги телефон сабт мешаванд.
Ҳама паёмҳо ва зангҳо аз Сайтҳо сабт мешаванд
Мониторинги Twitter
Мониторинги Facebook
Мониторинг Ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо
Бигзор онҳое, ки намедонанд.
Ҳама дастгоҳҳо ба системаҳои шӯъбаи хизматрасонии занги овозӣ ва CDMX-и ҳукумат ва ҳукумат пайваст карда шудаанд
Эҳтиёт шавед, ки паёмҳои зиёдатӣ ва иттилоотро хилофи қонунҳо ва ахлоқ фиристед
Аз мубодилаи маълумоти махфӣ бо дӯстон ва хешовандон худдорӣ намоед. Ба фарзандони худ гӯед ва хеле эҳтиёт шавед! Хеле
расонидани ин паём танҳо имрӯз муҳим аст
Зеро аз фардо дар кишвар аллакай шакли дигари мушоҳида вуҷуд дорад.
Аҷиб, аммо ҳақиқат аст.
Имрӯз онро танҳо ба ҳамаи наздикон ва дӯстони худ фиристед.
"Ҳар он чизе ки шумо менависед ё мегӯед, мумкин аст бар зидди шумо истифода шавад, ҳатто ҳар шӯхӣ!"
“Маблағи кортҳоро барои муборизаи коронавирус мегиранд?”
Аз 12 май дар Тоҷикистон тавассути мессенҷерҳо (Facebook Messenger, Viber, Telegram, Whatsapp, Imo) паёмаке паҳн шуд, ки гӯё сабаби кор накардани сиситемаи “Корти милли” гирифтани маблағи кортҳо барои табобати COVID-19 аст.
Маълум шуд, ки ин паёмак асосӣ воқеӣ надорад, ҳарчанд системаи корти миллӣ воқеан бо сабаби мушкили техникӣ аз кор монда буд.
Аз Маркази протсессингии низоми пардохтии «Корти миллӣ» ба “Се нуқта” гуфтанд:
“Ин паём дурӯғи маҳз аст! Низоми пардохт аз сабаби мушкилоти техникӣ дастнорас буд ва хизматрасонӣ аллакай барқарор шуда истодааст”.
Матни пурраи паёмак:
“Срочно
Сабаби асосии боздошти кори системаи "Корти миллӣ"-ро муовини Ҳукумати ҶТ Абдулло Қодирӣ чунин шарҳ медиҳад:
- "Ҳаммаи он маблағҳои дар корт мавҷуд аст ба табобати COVID-19 гирифта мешавад ва баъди беҳтар шудани вазъияти кишвар ба соҳибонашон баргардонида мешавад бо 1,5 баробар. Ин хабар имрӯз то соати 13:00 ба ҳаммаи истифодабарандагони "Корти миллӣ" бо смс-паёмакҳо расонида мешавад».
Дӯстон! Барои ФЕЙК (дурӯғ) будани паёмакро донистан бодиққат хондани он кифоя аст:
1. Паёмак пур аз хатои имлоӣ аст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи давлатие чун “муовини Ҳукумати ҶТ” вуҷуд надорад.
3. Ҳиҷ яке аз муовинони Сарвазири ҶТ ному насаби Абдулло Қодирӣ надорад.
Дӯстон, ба хабару маълумоти носанҷида ва шубҳанок бовар накунед. Агар ба дурустии хабар шубҳа доред, ҳатман ҷӯёи сарчашмаи расмӣ ё аслии иттилоъ шавед. Ё хабару маълумотро барои санҷиш ба мо фиристед!
Чӣ будани фейк ва чӣ гуна шинохтани хабари “фейкӣ”- ро дар маводи мо хонед: “Бидон, чиро мебинӣ! “Фейк” чист ва чӣ хел онро метавон зуд шинохт?”
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 декабря 2024 года
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста