Рӯз то рӯз дар интернет шумораи хабарҳои бардурӯғ (фейк) меафзояд. Чӣ тавр онҳоро зуд шинохтан мумкин?
Шабакаи ҷаҳонии интернет имрӯз на танҳо воситаи табодули иттилоот, маълумот, дониш,... байни корбарони он аст. Мутаассифона, шахсоне низ ҳастанд, ки бо мақсадҳои гуногун дар саҳифаву барномаҳои интернетӣ ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва қалбакӣ ё худ ФЕЙК паҳн менамоянд. Имрӯз тасмим гирифтем ба хонандагон дар бораи пайдоиши ин мафҳум ва чӣ тавр шинохтани он маълумот диҳем.
“Фейк” чист?
Фейк аз калимаи англисии “fake” гирифта шуда маънояш – дурӯғин, қалбакӣ ё ҷалъӣ аст. Ин вожа ба забони тоҷикӣ тайи солҳои охир ворид шудааст ва ҳоло тарҷумаи расмии он вуҷуд надорад. Вожаи мазкур асосан байни рӯзноманигорон маъруф аст ва миёни онҳо ба як вожаи муқаррарӣ бадал шудааст.
Фейк - хабару иттилоияҳои дурӯғу беасосро мегӯянд, ки дар фазои интернетӣ аз ҷониби сомонаҳои қалбакӣ ва шахсони алоҳида тавлид мешаванд. Ин шахсон бо мақсадҳои гуногун хабарҳои сохтаву беасоси худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои қалбакӣ паҳн мекунанд. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо хабарҳои сохтаву бардурӯғи худро ҳамчун шарҳу эзоҳ зери хабарҳои воқеӣ ва фаврӣ мегузоранд. Инчунин ин нафарон дар гурӯҳҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ё ягон блогери маъруф низ метавонанд ба назар расанд.
Мақсади “фейк”
Хабарҳои дурӯғин ё ба истилоҳ “Фейк”, ки бо далелҳои вуҷуднадошта сохта шуда, мақсадҳои гуногун доранд. Чунин хабарҳои бардурӯғ бо мақсади фиреб додани хонанда, таъсир расонидан ба афкори ҷомеа, дур кардани диққати хонанда аз рӯйдодҳои муҳими рӯз ва инчунин барои дарёфти трафики зиёд истифода мешавад.
Инчунин дар лаҳзаҳои интихоботи президентӣ ва парлумонӣ хабарҳои фейкии зиёд пайдо мешаванд, ки онҳоро худи мансабдорон ё тарафдорони онҳо бар зидди якдигар ё ба фоидаи номзади муайян месозанд. Мақсади паҳн намудани хабарҳои фейкӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ин паст задани рақиб ва ба даст овардани қисми зиёди овозҳо мебошад.
Мақсади зиёд намудани траффик - ба даст овардани фоида мебошад, ки бо зиёд шудани он торнамои ҷустории “Гугл” ба соҳибсомона ҳаққи таблиғоти дар он сомона ҷойгиршударо пардохт менамояд. Онҳо бо сарлавҳаҳои мутантан ва ваҳмангези худ хонандагонро ба сомонаи худ меоранд.
Яке аз мақсадҳои асосии паҳнкунии маводҳои “фейкӣ” – дур кардани диққати хонанда аз рӯйдодҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад, ки инро низ метавон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ё мушкилиҳои дигари умда мушоҳида кард.
“Фейк”-ро чӣ гуна бояд шинохт?
Фейкҳоро метавон ба осонӣ шинохт, зеро онҳо аз далелҳои дурӯғин иборат мебошанд. Маъмулан чуноне гуфтем, онҳоро бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда, мутантан ва ваҳмангез ба нашр мерасонанд.
Лекин фаромӯш набояд кард, ки баъзе хабарҳои фейкии хуб тарҳрезишуда низ вуҷуд доранд. Онҳо бо сарлавҳаҳои “ҷаззоб” ва ба воқеият монанд сохта мешаванд, ки хонандагонро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд. Дар натиҷа ифшо кардани бардурӯғ будани чунин хабарҳо мушкилтар мегардад.
Муаллифони хабарҳои фейкӣ аксар вақт ба хонанда даромади зиёд, кори осон ва монанди инҳоро пешниҳод мекунанд. Вақте хонанда чунин маводро пахш мекунанд, онҳо ӯро ба як сомонаи тамоман ношинос роҳнамоӣ мекунанд.
Баъзе аз фейкҳо тавассути мессенҷерҳо ва почтаи электронӣ ба мардум расонида мешаванд. Тавассути месенҷерҳо ба хонанда ваъдаи даромади иловагӣ, огоҳ намудан аз амалҳои ин ё он мақомот, паёмакҳои динӣ ва дигарҳоро ирсол менамоянд.
Ин буд маълумоти кӯтоҳ дар бораи хабарҳои “фейк”-ӣ. Дар маводи дигар шуморо бо дигар намудҳои иттилооти хатарнок ошно хоҳем кард.
Далелсанҷӣ дар як дақиқа
Чӣ тавр давоми 1 дақиқа метавон хабари бардурӯғ (фейк)-ро аз хабари воқеӣ ҷудо кард?
Майкл Коулфилд, коршиноси саводнокии рақамии Донишгоҳи Вашингтон роҳи осони тафтиши хабарҳоро пешниҳод кардааст, ки ҳар як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар як дақиқа метавонад маълумоти бардурӯғ (фейк)-ро аз ҳақиқат ҷудо созад.
Барои ин иҷрои ҳамагӣ 4 қадам зарур аст:
- Истед! Агар ҳангоми хондани хабар ё матлаби шабакаҳои иҷтимоӣ шуморо ҳиссиёт фаро мегирад, он ҳайратовару боварнокарданист ва мехоҳед зудтар ин маълумотро ба дигарон фиристед, каме сабр кунед ва биандешед.
- Манбаъро биомӯзед. Бубинед, ки дар паём истинод (такя) ба манбаъҳои боэътимод ҳаст ё не. Манбаъ ё одамони зикршударо омӯзед, ки то куҷо воқеиянд.
- Кӯшиш кунед, тавсифи пурраи хабар ё маводро дар дигар манбаъҳо пайдо кунед. Роҳи осонтарин ин ҷустани хабар дар торнамои ҷустории Google аст. Бо ин роҳ шумо метавонед бубинед, ки ин хабарро чанд манбаъи дигар нашр кардааст, то чӣ андоза боэътимод аст ва оё дар ҳамаи манбаъҳо ҳамон як маълумотро менависанд.
- Далел ва иқтибосҳоро бо матни аслӣ ё матни манбаъи боэътимод муқоиса кунед. Аксар вақт маълумоти гумроҳкунанда аз матни аслӣ гирифта шудааст, вале онро махсус тағйир додаанд.
Ин амалҳо қобилияти шуморо барои ҷудо кардани маълумоти бардурӯғ аз иттилооти дуруст инкишоф медиҳад, ки дар давраи пандемия хеле муҳим аст.
Кадоме аз қадамҳои дар боло зикршударо шумо аллакай иҷро мекунед? Боз бо кадом роҳҳо хабари бардурӯғро метавон зуд маълум кард? Лутфан, дар шарҳи зер (комментария) нависед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста