Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ оид ба мубориза бо фасод ва таҳқиқи сатҳи ришвахорӣ дар саросари дунё - Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) Шохиси дарки фасодро нашр кард. Вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Шохиси дарки фасодкорӣ 180 кишвари дунёро фаро гирифта, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сатҳи фасод дар бахши давлатии кишварҳо мебошад. Натиҷаҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 (сатҳи баланди фасод) то 100 (сатҳи хеле пасти фасод) баҳогузорӣ мешаванд. Радабандӣ бар асоси арзёбиҳои коршиносон ва ҷомеаи соҳибкорон таҳия шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345677/%D1%88%D0%BA%D0%B0%D0%BB%D0%B0.jpg)
Кишварҳое, ки камтар аз 50 хол гирифтаанд, ҳамчун давлатҳои фасодзада ҳисобида мешаванд. Дар ин ҳолат холҳо назар ба ҷои ишғолнамудаи кишвар дар радабандӣ аҳаммияти бештар доранд.
Дар соли 2024 Тоҷикистон 19 хол гирифт, ки дар муқоиса бо соли гузашта як хол камтар аст. Ин нишон медиҳад, ки кишвар дар миёни 180 давлат дар зинаи 164-ум қарор дорад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345677/%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD.jpg)
Дар байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 40 хол (дар ҷойи 88-ум), Қирғизистон – 25 хол (зинаи 146), Туркманистон – 17 хол (ҷойи 165), Ӯзбекистон – 32 хол (мақоми 121) ва Русия бо 22 хол дар мақоми 154-ум ҷойгир шудаанд.
"Фасод дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамоно идома дорад. Нишондиҳандаи миёнаи минтақавӣ дар Шохиси дарки фасоди соли 2024 яке аз пасттаринҳо боқӣ монда, ба сатҳи 35 аз 100 мерасад. Дар кишварҳои гуногун кори сусти ниҳодҳои демократӣ ва риоя нашудани волоияти қонун бо ноустувории доимӣ ва фишорҳои берунӣ боз ҳам шиддат меёбад. Ин ба густариши ришвахорӣ имкон дода, эътимоди ҷомеаро коста, рушди устувор ва чораҳои мубориза бо тағйирёбии иқлимро халалдор мекунад", – менависанд муаллифони Индекс.
Нишондиҳандаҳои бадтарин дар Судони Ҷанубӣ (8 хол), Сомалӣ (9 хол) ва Венесуэла (10 хол) ба қайд гирифта шудааст.
Зинаи аввалро бо 90 хол Дания ишғол намуда,ба сегонаи аввал Финландия (88 хол) ва Зеландияи Нав (84 хол) шомиланд. Зикр мегардад, ки он ба сурати умум соли дуюм пайдарпай коиш меёбад, лекин "аксари роҳбарон на барои некӯаҳволии умумӣ, балки ба манфиати тиҷорат хидмат карда, бисёр вақт қонунҳо хуб риоя намешаванд”.
Фасод ва тағйирёбии иқлим
Муаллифони Шохис зикр мекунанд, ки фасодкорӣ бо тағйирёбии иқлим робитаи мустақим дорад.
"Миллионҳо одам дар саросари ҷаҳон аз оқибатҳои ҷиддии гармшавии глобалӣ ранҷ мекашанд, зеро маблағе, ки барои коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир пешбинӣ шудаанд, дуздида мешаванд ё ғайримақсаднок истифода мегарданд.
Дар баробари ин, ришвахорӣ дар шакли таъсири ғайриқонунӣ ба қабули қарорҳо сиёсати ҳалли буҳрони иқлимро халалдор намуда, ба муҳити зист зарар мерасонад.
Ҳифзи тадбирҳо оид ба сабуксозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он аз фасод, метавонад ин тадбирҳои наҷотбахшро самараноктар гардонида, ба одамони ниёзманд фоида орад", – навиштаанд муаллифон.
Бисёре аз кишварҳое, ки дар Шохиси дарки фасод холди зиёд доранд, барои пешбурди чораҳои зиддифасодӣ дар соҳаи ҳифзи иқлим дар саросари ҷаҳон имконият ва захираҳои кофӣ доранд.
Бо вуҷуди ин, онҳо аксар вақт ба манфиати ширкатҳое, ки ба истихроҷи сӯзишворӣ машғуланд, амал мекунанд.
Баъзе аз ин кишварҳо инчунин ба марказҳои молиявӣ табдил ёфта, сармояҳои ғайриқонуниеро, ки аз ришвахорӣ, харобсозии муҳити зист ва дигар ҷиноятҳо ба даст омадаанд, ҷалб мекунанд. Ҳарчанд Шохиси дарки фасод ин ҷанбаҳоро ба таври мустақим намесанҷад, маблағҳои фасодолуд аз мушкили ҷиддии фасод маҳсуб ёфта, таъсири он аз ҳудуди ин кишварҳо берун меравад.