Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои пурмоҷаро ва муфлисшуда дар Тоҷикистон, ки қаблан ба маблағи беш аз 125 млн сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд, баъди ба тавозуни Бонки миллӣ гузаштан,  ба Оҷонсии иноватсия ва технологияи рақамӣ ба иҷора дода шудааст. 

Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ др=з, 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, Вазорати молия аз Бонки миллӣ барои барқарор кардани вазъи молии “Тоҷиксодиротбонк” бинову иншоот ва амволи ин бонкро ба гарав гузошта, маблағ гирифта буд. Баъди муфлис шудани бонк амволи багаравгузошта, аз ҷумла бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” бар ивази маблағ ба тавозуни Бонки миллӣ гузашт. Акнун ин ниҳод бинои дар тавозуни худ қарордоштаро ба Оҷонсии иноватсия ва технологияҳои рақамӣ иҷора дод.

Раиси кумита нагуфт, ки бар ивази иҷора бонк аз оҷонсӣ чӣ қадар маблағ мегирад.

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" ва меҳмонхонаи "Тоҷикистон"
Коллаж "Азия-Плюс"

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, ки молики он роҳбари бонк Тоҷиддин Пирзода гуфта мешуд, баъди муфлисшавӣ ба ҳисоби давлат гузашт ва аз соли 2022 дар фурӯш буд. Ҳадафи фурӯши амволи бонк баргардонидани маблағҳои бандмондаи муштариён гуфта мешавад. 

Султон Раҳимзода ҳамчунин гуфт, биноҳои меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”, ки беш аз 225 млн сомонӣ ва чойхонаи “Харбуза”, ки 34,9 миллион сомонӣ нарх гузошта шуда буданд, то ҳол нафурӯхтаанд. 

Касе барои хариди ин биноҳо муроҷиат кардааст ё не, маълум нест. Раиси кумита дар ин бора чизе нагуфт.

Чойхонаи "Харбуза"

Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”  аз соли 2022 инҷониб дар фурӯш аст. Нархи фурӯш он замони наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд. 

Ин бино низ, ки моликияти Тоҷиддин Пирзода буд ва пас аз муфлисшавии бонк ба ҳисоби давлат гузаштаанд.

Ин меҳмонхона аз 139 ҳуҷра ва зиёда аз ду гектар замин иборат буда, масоҳати бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ гуфта мешавад.

Вале чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор тирамоҳи соли гузашта ба фурӯш гузошта шуда буд. Он вақт Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян карда буд.

Ин бино соли 2015 аз ҳисоби бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шуда, бо тарҳи аҷибаш миёни мардум маъруф гашта буд. Дар гузашта  чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.