Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) оид ба бехатарии муҳоҷират дар Тоҷикистон фаъолияти “Телефони боварӣ”-ро роҳандозӣ намуд. Акнун шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар рафтанианд ё дар дигар кишварҳо қарор доранд, метавонанд тавассути ин телефонҳо аз мутахассисон кумак гиранд.

“Телефони боварӣ” моҳи марти соли 2024 дар заминаи Ташкилоти ҷамъиятии “Зеркало” кушода шуда, аз моҳи сентябри соли 2024 машваратҳо тариқи "WhatsApp" низ дастрас шуданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз СБМ хабар доданд, соли 2024 ба “Телефони боварӣ” 3 329 шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат намуда, ба онҳо дар мавриди муҳоҷирати бехатар маълумот ва машварат пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар ба “Телефони боварӣ” сокинони Душанбе муроҷиат кардаанд -1403. Дар идома аз рӯйи миқдор тариқи зайл аст: вилояти Хатлон - 730, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - 742, вилояти Суғд - 290, ВМКБ - 45 нафар, инчунин 119 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд.


Масоили асосӣ ба дарёфти кор дар хориҷи кишвар ва санҷиши доштани манъи вуруд ба Русия, инчунин масъалаи баргаштан тариқи фурудгоҳҳои Русия дахл доштанд.

 

Чӣ гуна метавон барои машварат муроҷиат кард?

Бо операторон метавонед бо рақами зерин дар тамос шавед: +992 900 800 800. 

Телефон аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз соати 08:00 то 17:00 кор мекунад.

Дар вақти ғайрикорӣ саволҳоро метавонед тариқи WhatsApp (+992 900 800 800) равон кунед.


 

Муҳоҷирон бештар ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ доранд?

Ба “Телефони боварӣ” аксаран бо саволҳои марбут ба дарёфти кор дар хориҷа бо шумули шароити кор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бо кор таъмин шудан дар Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва Олмон муроҷиат мекунанд.

Ҳамчунин муҳоҷирон ба санҷиши манъи вуруд ба дигар кишварҳо, ошкор шудани роҳу воситаҳои қаллобӣ аз ҷониби миёнаравон, имконоти таъмин бо ҷоий кор дар дохили Тоҷикистон ва курсҳои бепули омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Бисёре аз саволҳо ба масоили будубош дар Русия, аз ҷумла гирифтан ва дароз кардани муҳлати патаент, расмиёти имзо шартномаи меҳнатӣ, ҳолатҳои ихроҷи беасос ва душвориҳои баргаштан аз фурудгоҳҳои Русия марбутанд.

Ҳамчунин муҳоҷирон ба масоили дар куҷо гирифтани гувоҳнома (сертификат)-и донистани забони русӣ таърих ва қонунгузории Русия, сабабҳои ба зангҳои онҳо ҷавоб надодани намояндагони Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия, инчунин имконоти дарёфти кумаки молиявӣ барои касоне, ки бо сабаби беморӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд, таваҷҷуҳ доранд.

 

Масоили вобаста ба “рӯйхати сиёҳ"-и Русия

Ҳамчунин муҳоҷирон дар бораи маълумот оид ба “рӯйхати сиёҳ"-и Русия, ки дар он исми  120 000 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, бисёр савол медиҳанд.

Ба рӯйхати мазкур 120 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шомиланд, ки дар қонуншиканиҳо гумонбар дониста мшаванд.

Бештар одамон мепурсанд, ки чӣ гуна онро санҷидан мумкин аст, оё дар ин рӯйхат номи онҳо ҳаст ва барои хориҷ шудан кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд.

Ҳамчунин ба масоили гузаштан аз сарҳад дар ҳолати дар рӯйхат будани ном, инчунин кай навсозӣ шудану хориҷ гардидани маълумот дар рӯйхат таваҷҷуҳ мешавад.

Аксари муҳоҷирон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки номашон бо хатогӣ дар рӯйхат зикр шудааст ва роҳу воситаҳои имконпазири шикоятро ҷустуҷӯ мекунанд.

 

Дар “Телефони боварӣ” кӣ кор мекунад?

Айни замон барои кор дар ”Телефони боварӣ” мутахассисон аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба масоили шуғл дар дохили кишвар ва хориҷа, таълими малакаҳои касбӣ, забонҳои хориҷӣ, инчунин машварат пеш аз сафар ба фаъолияти кории муваққатӣ ва дигар масоили марбут ба муҳоҷират ҷалб шудаанд.

Мушовирон ба муҳоҷирон аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона маълумот медиҳад. Навсозиҳои муҳимтарин, дастурамал ва маслиҳатҳо дар Instagram (@khati.ojili), Facebook, YouTube ва WhatsApp-гурӯҳ, ки дар онҳо метавон ба мутахассисон савол дод, нашр мешаванд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба масоили муҳоҷират барои машварат ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, ҳаллу фасли саривақтии онҳо, қабули аризаву муроҷиат, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия “Телефони боварӣ” боз кард.

“Телефони боварӣ бо реҷаи муқарраршуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъол аст”, - зикр мешавад дар хабари намояндагӣ дар саҳифаи Facebook.

Шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои телефони зикршуда муроҷиат кунанд.  

Ҳавзаи марказии федералӣ, ш.Маскав: +7 (495) 967-98-44 ва дар шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» +7 (999) 912-58-68;

Ҳавзаи федералии Урал, ш.Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

Ҳавзаи федералии Приволже, ш.Уфа: +7 (966) 031-22-22;

Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

Ҳавзаи федаралии Ҷанубӣ, ш.Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш.Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.