Дастгирӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ, ки аз автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, инчунин воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аст, ба табибони Беморхонаи сироятии Душанбе ва беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастрас шуд.

ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” (Halyk Bank) ба ду муассисаи тиббии ҷумҳурӣ - Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе ва беморхонаи №3-и ба номи М.Рустамови ҷамоати Х.Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумак кард.


“Халиқ Бонк” ба муассисаҳои тиббӣ 2 адад автомашинаҳои ёри таъҷилии тамғаи Damas Labo, истеҳсоли соли 2020 ба маблағи 157 ҳазору 200 сомонӣ, ҳамчнуин 1 ҳазору 652 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 1 ҳазор ниқобҳои тиббии дуқабата, 500 маҳлули антисептикӣ, 100 айнаки муҳофизатӣ, 100 респиратори Super wind FFP-1, 200 маҷмӯи либос ва 10 ҳароратсанҷ тақдим намуд. Ба ин тариқ, маблағи умумии кумак зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил дод.


Маросими супурдани кумак дар ҳузури раиси Раёсати “Халиқ бонк Тоҷикистон” Нурлан Абилкаиров, директорони Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибов ва беморхонаи ноҳияивии №3 Рауф Муллобоев баргузор шуд.

“Халиқ Бонк” муддати беш аз 11 сол инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин давра кишвар хонаи дуюми мо шуд. Ва ҳамчун қисмате аз ин ҷомеа мо мехоҳем, ки ба сифати кумаки ройгон дар мубориза бо вирус саҳми худро гузорем. Ин кумак нишони ғамхорӣ ва миннатпазирӣ ба қаҳрмаонони мо - табибон мебошад, ки дар сафҳои аввал бо COVID-19 дар набарданд. Онҳо моро муҳофизат намуда, мо бояд онҳоро ҳимоя кунем. Ҳамроҳ пирӯз мешавем”, - гуфт Нурлан Абилкаиров.


“Барои кумаки саривақтӣ ва таваҷҷуҳ ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон” арзи сипоси амиқ баён мекунем. Ҳар вақте ки мо ғамхории ҷомеаро дидаву эҳсос мекунем, хеле хушнуд гардида, рӯҳияамон баланд мешавад, ки бидуни шакку шубҳа ба кори ёрӣ мерасонад”, - қайд карданд табибон Хуршед Ҳабибов ва Рауф Муллобоев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.