Омори расмӣ ва ғайрирасмӣ дар бораи коронавирус дар Тоҷикистон ва саволҳои беҷавоб дар маводи мо.

Мо дар бораи коронавирус дар Тоҷикистон маълумоти хеле кам дорем. Вазири тандурустии кишвар Абдуллозода дар сӯҳбати ҳафтаномаи “СССР” гуфт, ки нуқтаи авҷи коронавирус дар кишвар паси сар шуд. Аммо намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бактигул Карриева мӯътақид аст, ки авҷи пандемия ҳанӯз нарасидааст. Ҳамзамон роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейсус изҳор кардааст, ки вазъи коронавирус дар ҷаҳон бадтар шуда истодааст.

Омори расмӣ мегӯяд, ки то 17 июн дар кишвар 5 ҳазору 221 гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуда аз онҳо 3 ҳазору 700 нафарашон шифо ёфта, 51 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Омори сироятшудагон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз бемории коронавирус дар сомонаи расмии covid.tj

Омори нопурра

Омори коронавирусро дар гурӯҳбандии минтақавӣ Вазорати тандурустӣ ба ғайр аз чанд ҳолат дар рӯзҳои аввали ошкоршавии беморӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намекунад. Ин омил ҳам баҳодиҳии вазъ дар кишварро мушкил мекунад ва шубҳаро ба дурустии омори расмӣ бештар мекунад.

Дар давраи пандемия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 нафари шахсони синни 55 сола ва аз он боло фавтидаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков хабар дод.

Масалан, ба гуфтаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, аз аввали пандемия то 9 июн дар вилоят 22 кас аз коронавирус фавтидаанд. Дар рӯзи пахши изҳороти раиси ин вилоят шумораи расмии фавтидагон дар кишвар 48 нафарро ташкил мекард. Яъне қариб нисфи ҳамаи фавтҳо дар Вилояти Бадахшон буд?

Ҳамчунин дар бораи кӣ будани шахсияти 51 нафари фавтида аз бемории коронавирус маълумоте нест. Дар дигар кишварҳо маълумот дар бораи фавтидагон нашр карда мешаванд, ки дар он ҷойи зист, ҷинс, синну сол ва ҳатто баъзан бемориҳои ҳамроҳикунанда ишора карда мешаванд. Дар ин кишварҳо ҳамчунин ВАО метавонанд рӯйхати муфассалро бо номҳо дархост кунанд. Масалан чанде пеш чунин рӯйхат бо номи сад ҳазор фавтидаҳоро дар Амрико New York Times нашр кард.

90 фисади пурсидашудагон дар саҳифаи Facebook-и «Се нуқта» ба маълумоти расмӣ бовар надоранд.

Беморӣ ва фавти духтурон

ВАО-и мустақил дар кишвар борҳо аз гирифторшавии табибон ба коронавирус ва фавти беш аз 50 нафари онҳо аз ин беморӣ хабар доданд, аммо вазорат ин маълумотро рад ва тасдиқ накард. Вазорати тандурустӣ танҳо як бор 27 апрел хабар дод, ки дар Маркази саломатии шаҳрии №1 Душанбе (маъруф ба 1-ум Советский) 136 корманди тиб бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ ҳастанд. Ҳамчунин вазорат чанд ҳолати фавти кормандони тибро дар беморхонаҳое, ки шаҳрвандони аз хориҷ омада таҳти карантин буданд, ба дигар бемориҳо рабт дод.

Дар ҳамин ҳол 9 июн гурӯҳи кории СММ дар Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз сар задани бемории коронавирус зиёда аз 1700 корманди тибби ҷумҳурӣ ба коронавируси COVID-19 гирифтор шудаанд.

"Теъдоди кормандони тиббии сироятёфта то 8 июн 36% шумораи умумии ҳодисаҳои дар кишвар буда, аз ҷумла 619 табиб ва 548 ҳамшираро ташкил медиҳад", - қайд мешавад дар гузориши гурӯҳи кории СММ.

Агар ба омори расмӣ бовар кунем ва бо рақамҳои дар боло овардашуда муқоиса кунем, пас Тоҷикистон аз рӯи миқдори сироятшудагон миёни кормандони тиб дар қатори пешсафон аст, шояд дар ҷойи аввал дар ҷаҳон бошад.

То 20-уми май, яъне 20 рӯз пас аз эълони расмии хуруҷи беморӣ дар Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ дар бораи шифоёфтагон маълумоте надода буд. Сабабҳо ҳанӯз маълум нестанд: ё онҳо дар аввал ҳисоб накарданд, ё барои шифоёбии беморони аввалин зиёда аз 20 рӯз лозим шуд. Аммо чаро баъдан шумори шифоёфтагон якбора афзуд ва шимори сироятшудагон якбора кам номаълум боқӣ мемонад.


Омори ғайрирасмӣ

Аз сабаби шубҳа кардан ба омори расмӣ аз манбаҳои гуногун оморҳои мардумӣ пайдо шуданд. Каме баъдтар аз эълони расмии хуруҷи беморӣ сомонае фаъол шуд, ки ҳар корбар метавонад дар бораи фавти шаҳрвандон аз коронавирус, ки барояш маълум аст, хабар диҳад. Ҳамагӣ баъди чанд рӯз ин сомона дар Тоҷикистон маҳдуд карда шуд, аммо касе шарҳ надод чаро. Вазорати тандурустӣ то ҳол дар мавриди ин рӯйхати мардумӣ изҳори назар накардааст.

Ба ҳолати 17 июн шумораи фавтидагон аз коронавирус дар ин сомона 433 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар рӯйхати маълумоти нопурраи ин сомона ному насаби 29 бемор оварда шудааст.

Аз сабаби он ки ҳар корбар ин ҷо метавонад аз ҳолати фавт хабар диҳад ва муҳаррирони сомона наметавонанд дурустии ҳар як далелро санҷанд, ин омор низ дақиқ нест. Ҳамин тавр дар бораи вазъияти кишвар вобаста ба паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон маълумоти кофию мӯътамаде ва омори дақиқе нест, ки шубҳаҳои хонандагонро аз байн барад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!