Тоҷикистон шурӯъ аз дирӯз, 25-уми июн ба овардани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои Русия ба ватан оғоз кард. Ширкатҳои тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ҳамагӣ 8 парвоз анҷом медиҳанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мепазиранд:
* 25 июн бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
* 26 июн бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
* 30 июн бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
* 1 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
* 6 июл бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
* 7 июл бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
* 13 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
* 14 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.
Дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.
Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19, масъалаи барқарор кардани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Саакашвили приговорили к девяти годам тюрьмы
Новая налоговая ставка на транспорт еще не принята. Опровержение от «Азия-Плюс»
Цены на утилизацию увеличиваются только для автомобилей, которые импортируются в Таджикистан
В Таджикистане озвучили стоимость хаджа в этом году
В Польше задержали женщину за торговлю человеческими органами. В числе жертв – таджикистанцы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста